Нигаронӣ

Хотирбинӣ ба қонунвайронкунӣ низ боис мегардад

№146 (4408) 07.12.2021

Ҳолати роҳу нақлиёти пойтахт­ро дар солҳои пеш ба хотир орем, манзараҳои ҳузнангез пеши назар пайдо мегарданд. Роҳу кӯчаҳои нообод, шӯру мағал дар истгоҳу таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ таъсисёфта, доду фиғони ронандагону ёрдамчиёни онҳо барои ҷалби мусофирон ба нақлиёташон, тамбашавии нақлиёт табъи касро хира месохт. Ба ин истгоҳҳои ғайриқонунии назди бозори «Саховат», майдони «Сарҳадчиён», маҳаллаи «Зарнисор», маҳаллаи 46-ум, назди хонаи маишии «Садбарг» ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.

Дар барҳамзании ин ҳолатҳо асосан қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» саҳми назаррас гузошт. Мувофиқи он, ҷойгиркунии нақлиёти аз самти шимол ба шаҳр воридшаванда дар ҳудуди ҶДММ «Маром»-и маҳаллаи Нодира, аз самти ҷануб дар назди пули собиқ колхози «Россия» ва ҳудуди ҶДММ «Чимтеппароҳсоз», аз тарафи шарқ дар маҳаллаи «Обшорон», аз қисмати ғарбии пойтахт дар автовокзали марказӣ ва ҳудуди ҶДММ «Маркази савдои Балх» шиддати нақлиётро дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт хеле паст намуд.

Дар «Нақша — чорабиниҳо оид ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар шаҳри Душанбе», ки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, вазирони нақлиёт Азим Иброҳим ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода моҳи октябри соли 2020 тасдиқ кардаанд, масъала гузошта мешавад, ки гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъмини иҷрои қатъии қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 (23 июли соли 2009) «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии воридшаванда» — ро ба роҳ монанд. Мувофиқи қарор, ҷои исти нақлиёти мусофирбари аз ҷануб ба пойтахт воридшаванда (ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ) ва хатсайрҳои дохилии шаҳрии ин самт то назди пули собиқ колхози «Россия» ва ҷойгиршавии онҳо дар таваққуфгоҳи автомобилии ҶСП «Терминал» (воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров, 504) муайян гардидааст.

Вобаста ба ин, ҷамъиятҳои мусофирбарии ноҳияи Рӯдакӣ ҷои исти нақлиётро аз маҳаллаи 46-уми пойтахт ба ист­гоҳи назди пули собиқ колхози «Россия» кӯчониданд. Аммо корхонаи мусофирбарии шаҳри Душанбе ҶДММ «Муҳаммадҷон-Д» талаботи қарори раиси шаҳрро сарфи назар намуда, нақшаи ҳаракати хатсайри №45-ро аввал то шаҳраки Турсунзода (гардиши собиқ колхози «Ленинград»), баъдан то маркази ноҳияи Рӯдакӣ дароз намуд. Нақлиёти он бар замми хатсайри №268-и ҶДММ ЛТД «Анвар»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳаракат менамояд. Бинобар такроршавии хатсайр, аз тарафи ронандагони ҷамъияти шаҳрӣ зиёда аз 30 ронандаи ҶДММ ЛТД «Анвар» бекор монданд. Дарозии хатсайри «Маҳмадшоҳи боло — терминали ноҳияи Рӯдакӣ» (№45) 25 км — ро ташкил дода, нақлиёт бо кӯчаю хиёбонҳои Борбад, А. Ҷомӣ, А. Қаҳҳоров, Машъал ҳаракат карда, аз назди се донишгоҳ, донишкада ва чор бозори калони пойтахт гузашта, ба ноҳияи Рӯдакӣ ворид мешавад.

Ба ибораи дигар, хатсайри нимшаҳрию нимназдишаҳрӣ ба вуҷуд омад, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст.

Афсӯс, ки кормандони масъули идораҳои назоратии соҳаи нақлиёт ба ҷои пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин бобат хотирбиниро пеша кардаанд. Онҳо қонуну қоидаю талаботи Кодекси нақлиёти автомобилӣ, Оинномаи нақлиёти автомобилӣ ва Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилиро эътибор надода, нақшаи хатсайрро мувофиқа намудаанд. Собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Р. Акрамзода бошад, аз доираи ваколат баромада, хатсайри амалкунандаи № 45-и шаҳри Душанберо ҳамчун хатсайри навтаъсис маънидод карда, бо қарори рақами 1541 аз 24 апрели соли 2020 ба ҷамъияти дар боло зикргардидаи шаҳри Душанбе вобаста намуд. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо мактуби №1 (51) 369 аз 19 марти соли 2021 ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт хаттӣ супориш дод, ки ҷиҳати татбиқи фармоиши МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» №115/2 (аз 27 октябри соли 2020) «Дар бораи қатъ намудани хатсайри наздишаҳрии №40 ва ба ҳолати аввала баргардонидани хатсайри наздишаҳрии №45, ноҳияи Рӯдакӣ» (бекор кардани хатсайрҳои зикргардида) чораҳои зарурӣ андешад. Хадамот супориши вазири нақлиётро ба таври бояду шояд иҷро накарду масъала ҳал нашуда монд.

Дар ин миён, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мавқеашро оид ба ҳалли қонунии амали хатсайри «Деҳаи Маҳмадшоҳи боло — Терминали Рӯдакӣ» (№45) якбора дигар сохта, ба қавле, «пӯстинашро чаппа пӯшид». Чунки дар ибтидои баҳси миёни ҶДММ «Муҳаммадҷон-Д» ва МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз як тараф ва ҷониби дигар ҶДММ ЛТД «Анвар»-и ноҳияи Рӯдакию ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №37 аз 2 апрели соли 2020, ба МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти №112 аз 28 октябри соли 2020 хулоса пешниҳод карда, ба қонунҳои амалкунанда мувофиқат накардани хатсайрҳои №40 «Маҳаллаи Пахтакор — Терминали ноҳияи Рӯдакӣ», №45 «Деҳаи Маҳмадшоҳи боло — Терминали ноҳияи Рӯдакӣ»-ро собит сохт. Илова бар ин, ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа дар бобати бекор кардани хатсайри №40 ва ба ҳолати аввала баргардонидани хатсайри наздишаҳрии №45 фармоиш ба тасвиб расонид, ки дар боло аз он ёдовар шудем.

Алҳол мехоҳанд, ки бо баҳонаи эълони озмуни тақсимоти хатсайрҳои «Ноҳияи Рӯдакӣ — деҳаи Маҳмадшоҳи боло», «Деҳаи Маҳмадшоҳи боло — ноҳияи Рӯдакӣ» қонунвайронкуниҳои дар ин бобат содиршударо рӯйпӯш намоянд. Гузаронидани озмун дар хатсайри нимшаҳрию нимназдишаҳрӣ ба ягон қолаби қонунгузорӣ намеғунҷад. Чунки тақсимоти хатсайрҳои шаҳрӣ ваколати МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»-у тақсимоти хатсайрҳои наздишаҳрӣ ваколати мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёт мебошад. Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи қарори №374 раиси шаҳри Душанбе, нақлиёти ин хатсайрҳо ҳуқуқи ба шаҳр ворид шуданро надоранд. Дар Оинномаи нақлиёти автомобилӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №696 аз 30 декабри соли 2009 тасдиқ шудааст, ба хатсайрҳои наздишаҳрӣ иҷозат дода мешавад, ки то сарҳади ноҳияи наздиктарин фаъолият намоянд. Мувофиқи «Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатсайрҳо набояд зиёда аз 50 фисади хатсайрҳои дигарро такрор намоянд.

С. ГУЛОВ,

директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»