Ассамблеяи байнипарлумонии СААД дар фароҳам овардани шароити меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти низоми амнияти дастаҷамъӣ саҳми калон дорад. Санадҳои намунавии қонунгузорӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии он, дар баробари баланд бардоштани самаранокии раванди таҳияи қонунҳои намунавӣ, ба таҳияи равишҳои умумӣ оид ба рушди ҳамкориҳои ҳамгироӣ, фаъолсозии самтҳои гуногуни давлатҳои аъзо ва ҳамкориҳои СААД мусоидат мекунанд. Ин нуктаро 2 декабри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод зимни иштирок ба таври фосилавӣ дар ҳамоиш ба муносибати 15 — солагии АБ СААД иброз намуд.
Ӯ гуфт, ки ҳоло дар сандуқи қонунгузории АБ СААД беш аз 70 қонуни намунавӣ ва тавсияҳо оид ба наздик кардани қонунгузории кишварҳои аъзои СААД мавҷуд аст. Барномаи нави фаъолияти АБ СААД оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 боз 30 қонуни намунавӣ ва тавсияҳои дигарро оид ба танзими қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккил дар бар мегирад.
- Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазифаҳои стратегӣ ва афзалиятҳои рушди СААД, инчунин, ба муносибатҳои байналмилалӣ бо санадҳои намунавӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллии кишварҳои аъзои СААД таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва прекурсорҳо, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва мубориза бо коррупсияро пурзӯр намудааст, — афзуд Рустам Шоҳмурод.