Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари таркиш дар кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардидааст, моро хеле ғамгин ва андӯҳгин кард.
Бо ибрози тасаллияти амиқ ва таъзияи бародарона хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».