Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мартин Дахинден

№50 (3196) 16.05.2014

10271564_645956678807855_8561708846858875410_n

Чордаҳуми майи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

«Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем»,- изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи швейтсарии намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки Умумиҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор ва Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баҳои баланд дод.

Ҳамчунин ба фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд дода шуд. Тавре зикр гардид, аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳамзамон Швейтсария «яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон» номида шуд. Чунонки зикр гардид, соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 2,4 баробар зиёд аст.

Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши бештари ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.

www.president.tj