Суҳбатҳои телефонӣ

№149 (4411) 16.12.2021

15 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Пешвои миллат Президенти кишвари дӯст ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати ҷашни таърихӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ гарму ҷӯшон табрик намуданд.

Дар ин зимн Роҳбари давлат дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Ҷумҳурии Қазоқистон тайи солҳои гузаштаи истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан таъкид карданд.

Ҳамчунин, тавсеаи бемайлону босуботи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қазоқис­тон, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ мунтазам рушд меёбанд, қайд гардид.

Дар баробари ин, ҷонибҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнидавлатӣ зимни сафари Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, таъкид карданд.

Инчунин, дар атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ низ табодули афкор сурат гирифт.

******* 

15 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ намуданд.

Дар ҷараёни он Сарвари давлат бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ — иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки «Дастовардҳои Қазоқис­тон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи Шумо, Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд».

Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар робита ба баъзе аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

www.president.tj