Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сами Д.

№149 (4411) 16.12.2021

аз 15 декабри соли 2021, №532, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сами Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН