Чанде пеш аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев барои беҳдошти шароити таълиму тадрис дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19, воқеъ дар деҳаи Лангари Калони деҳоти «Боғгаӣ»-и ноҳияи Муъминобод лавозимоти таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ, тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки маъмурияти муассисаи таълимии зикршуда зимни вохӯриҳои пешазинтихоботии вакилон ва баъдан дар мактубашон ба унвони вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев дархост карда буданд, ки муассисаи онҳоро бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин намоянд.
МТМУ № 19 — и деҳаи Лангари Калони деҳоти «Боғгаӣ»- и ноҳияи Муъминобод ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи рақами 38, ки Мироҷ Абдуллоев аз он вакил интихоб шудааст, шомил мебошад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон