Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№150 - 151 (4412-4413) 20.12.2021

DSC_1293Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 20 декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021», «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021», «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Ҷавҳарӣ М. О.», «Дар бораи пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумаки башардӯстонаи байналмилалӣ» ва «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд. Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид шарҳу тавзеҳ доданд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» низ дар алоҳидагӣ қарор қабул карданд.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок кард.

«Садои мардум»