Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Гузориши мукаммал

№153 (4415) 24.12.2021

DSC_8528Бисту якуми декабри соли 2021 Ҷаласаи шашуми  якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки ба он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  раисӣ кард.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тариқи системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 29 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 59 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки тартиби кори Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо низ ҳаст. Агар нисбат ба он пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед. Агар не, онро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки Котиботи ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

Раиси котибот:

Бозоралӣ Одиназода — узви Маҷлиси миллӣ

Аъзои котибот:

Ҳусния Раҷабзода – узви Маҷлиси миллӣ

Файзулло Қосимӣ – вакили Маҷлиси намояндагон.

Оид ба ҳайати пешниҳодгардида чӣ гуна андешаҳо доред? Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоям, ки ба ҷойҳои муқарраршуда гузашта, ба кор шурӯъ намояд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти моддаи 10 банди 2 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани овоздиҳии кушода бе истифодаи системаи электронии ҳисобкунии овозҳо лозим аст, ки аз ҳисоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳоро дар Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муайян намоем.

Пешниҳод аст, ки он иборат аз ду нафар дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Бурҳониддин Ҷабборӣ – узви Маҷлиси миллӣ

Ҳуснигул Одиназода – вакили Маҷлиси намояндагон.

Оид ба ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо ягон таклиф ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо дар Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дас­тури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бояд тартиби инъи­коси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­оҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод Раҳимӣ:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунанд:

1. Гузориш аз оғоз ва пӯшидашавии Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба таври фишурда ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.

2. Маводи ҷаласаи якҷоя:

- дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра нашр карда шавад;

- тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред?

Тибқи таклифи пешниҳодгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба он бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба шумо пешниҳод гардидааст:

1. Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.»

2. Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»

3. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.

Вобаста ба он таклифу пешниҳоди иловагӣ доред? Нест.

Таклиф шуд, ки ба овоз монда шавад. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тибқи рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муайян гардидааст. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки ахбору маърӯзаҳо оид ба ду масъалаи аввали рӯзнома ба таври мухтасар пешниҳод карда шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъала шурӯъ менамоем. Аз рӯи «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф Ализода фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.» — ро қироат менамояд:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 217».

РАИСИКУНАНДА: — Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Масъалаи навбатӣ «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» мебошад. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

Марҳамат.

Фарҳод Раҳимӣ: — Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Лоиҳаи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси банди 12 «Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ оид ба тақвияти фаъолнокии иттилоотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2021, №5-1/12» бинобар зарурати бартараф намудани норасоиву камбудӣ ва мутобиқгардонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», инчунин, бо таваҷҷуҳ ба ҷараёни рушди иттилоотӣ, қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ба иттилоот, аз ҷумла иттилооти ҳуқуқӣ, дар таҳрири нав таҳия карда шуд.

Лоиҳаи оиннома аз 9 боб ва 48 банд иборат буда, бо тартиби муқарраргардида дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­оҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баррасӣ карда шуда, ба он хулоса дода шудааст.

Бо дарназардошти муқаррароти қисми дуюми моддаи 691 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Нисбат ба масъала таклифу пешниҳод доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре медонед, дар Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Маросими ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» бо иштироки ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони масъули мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор мегардад.

(Идомаи кори ҷаласа дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон — иштирокчиёни Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум сипоси самимӣ ва изҳори садоқат баён менамоям.

Паёми Сарвари давлат дар замони вазъи мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳон ироа гардид. Дар ин санади барномавӣ ва роҳнамосоз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва барномаи рушду инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2022 ва солҳои минбаъда муайян карда шуд.

Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи кишвар муроҷиат ва нишондодҳои оқилонаи Роҳбари давлатро самимона дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, онҳоро сармашқи кору фаъолият қарор медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон нақши муассири Маҷлиси Олиро дар эъмору таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарварамон зикр карда, вазифаҳои навбатии моро дар марҳалаи нави рушду инкишофи давлату давлатдорӣ, аз ҷумла таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баён доштанд.

Баҳри амалисозии нуктаҳои Паёми Президенти кишвар мо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд аз ҳарвақта дида бештар ва пурмаҳсултар кор кунем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо ҳамин баррасии масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба итмом расид.

Ҳоло сухан ба раиси котибот, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода дода мешавад. Марҳамат.

Бозоралӣ ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, ҳозирини гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонам, ки унвонии Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ягон пешниҳод, арз ё барқия ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, баррасӣ карда шуданд. Ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои иштироки фаъолона дар кори он ташаккур мегӯям.

Бо ҳамин Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ