Ҳабдаҳуми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои маҷлиси миллӣ!
Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар иҷлосия 28 аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.
Дар кори иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклифҳо ҳаст? Таклиф шуд, ки он корро оғоз намояд. Пешниҳодро ба овоз мемонам.
Ташаккур, таклиф қабул шуд.
Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.
Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, барои музокираҳо то 3 ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.
Таклифҳои дигар ҳаст? Нест. Пешниҳодро ба овоз мемонам.
Таклиф қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба узви Маҷлиси миллӣ Карима Ҳакимова дода мешавад. Марҳамат.
Карима ҲАКИМОВА: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Пешниҳод менамоям, ки ба ҳайати Котиботи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ интихоб карда шаванд:
Шоҳиён Зарифхӯҷа — раиси Котибот
Хоҷазода Фарзона — узви Котибот
Дӯстзода Ҳасан — узви Котибот.
РАИС: - Оид ба ҳайати Котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро оид ба ҳайати Котиботи иҷлосия ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
Аз ҳайати Котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Моро лозим аст рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи он бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.
Оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур. Қарор қабул шуд.
Ба рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаҳои зерин ворид шуданд:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»
33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»
35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
36. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
37. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»
38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ»
39. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
40. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
41. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»
42. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ»
43. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
44. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»
45. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»
46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С.»
47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қувватзода Ф. Ҷ.»
48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.»
49. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Темурзода Ш. С.»
50. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Э. С.»
51. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хушмаҳмадзода А.»
52. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хушмаҳмадзода А.»
53. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Ю. С.»
54. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
55. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзов Ё. Д.»
56. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё. Д.».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи якум — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ва баъзе аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2021 қабул кардааст. Он бо мақсади такмили салоҳият ва фаъолияти Суди конститутсионӣ қабул гардида, бо ин восита ба моддаҳои 1 ва 7 иловаҳо ворид карда шуда, тибқи онҳо, мақоми мазкур адолати судии конститутсиониро амалӣ карда, раис ва муовинаш ҳамчунин, судяҳои он ба ҳисоб мераванд.
Талаботе, ки моддаи 8 нисбати раис, муовини раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ муқаррар намудааст, бо иловаҳо дар намуди қисмҳои 4 ва 5 такмил дода шуда, тибқи онҳо шахсони мазкур бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, дониш ва таҷрибаро барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошташуда истифода бурда, ваколатҳоро бо маҳорати касбӣ амалӣ намуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва берун аз он бояд аз содир намудани амалҳое, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона буданро зери шубҳа мегузоранд, худдорӣ намоянд.
Дар таҳрири нав ифода ёфтани қисми 2 моддаи 34 ва моддаи 40 салоҳияти Суди конститутсионӣ ва доираи субъектҳое, ки ба Суди конститутсионӣ муроҷиат менамоянд, возеҳ гардонида, тибқи тағйиру иловаҳо, ба моддаҳои 42 ва 45 минбаъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд, дар муддати на шаш моҳ, балки дар муддати як сол аз рӯзи нисбати онҳо татбиқ шудани қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд ва гузаронидани ин муҳлат асос барои рад кардан аз оғози мурофиаи судӣ мебошад.
Бинобар ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ шомил набудани баррасии лоиҳаи қонунҳо, аз қисми 3 моддаи 44 калимаҳои «Маҷлиси миллӣ» хориҷ карда шуда, тибқи илова, ба моддаи 46 иттилоот дар бораи вақт ва маҳалли баргузории мурофиаи судӣ дар сомонаи расмии Суди конститутсионӣ на дертар аз 10 рӯз то баргузории мурофиаи судӣ ҷойгир карда мешавад.
Бо тағйиру иловаҳои дар моддаи 49 дарҷгардида, ки тартиби баррасии парвандаро муқаррар ва ҳамчунин, ваколатҳои раисикунандаро пешбинӣ кардааст, тарафҳо ва намояндагони онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ҳангоми суханронии хотимавӣ ба ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳое, ки ба баррасии парванда алоқаманд нестанд ва аз тарафи Суди конститутсионӣ таҳқиқ нашудаанд, истинод биёранд.
Ба ҳамин монанд, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 50, 55, 59, 60 ва 64 ҳолати аз талаби пешниҳодкардааш даст кашидани муроҷиаткунанда ва мазмуни қарору дигар санадҳои судӣ, аз ҷумла қарори иловагии суд, манъи қабули такрории санадҳои ба қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ва пешбурди протоколи мурофиаи судиро дар бар гирифтаанд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 бо мақсади мусоидат ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, Р. Муқимӣ, Ф. Додхудо ва вакилони Маҷлиси намояндагон М. Мирзозода ва Р. Бобоҷониён пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонуни конститутсионии амалкунанда ба талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тавассути он дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 34, қисми 9 моддаи 60, сархати дуюми моддаи 40, қисми 2 моддаи 44 ибораҳои мувофиқан «эътибори қонунӣ пайдонакардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «эътибори қонунӣ пайдонакардаи Тоҷикистон» ба ибораи «ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон» иваз карда шуда, бо қисми 3-юми ба моддаи 52 иловашуда Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштан ва аз нав оғоз кардани мурофиаи судӣ таъинот қабул менамояд.
Инчунин, ба моддаи 58 сархати ҳафтум илова шуда, тибқи мазмун он, дар қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти масъалаи баррасишаванда, ҳамчунин, номи шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани онҳо санҷида шудааст, дарҷ мегардад.
Ба моддаи 78 қисми 3 илова гардидааст, ки тибқи он, шаҳодатномаи судяи Суди конститутсионӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешавад.
Қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ва бо мақсади мусоидат ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, М. Мирзозода, М. Набизода ва вакилони Маҷлиси намояндагон М. Мирзозода ва Б. Зиёӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсад аз мутобиқгардонии қонуни конститутсионии амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, бартараф сохтани мухолифат ва норасоиву камбудиҳои ҷойдошта буда, дар робита ба ин моддаи 171 илова гардида, дар он асосҳо ва тартиби боздоштани ваколати судя мушаххас муайян карда шудааст. Дар сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 18 калимаи «маросимҳо» ба «маросим» иваз карда шуда, бо тағйир намудани калимаҳои ҷудогона дар қисми 2 моддаи 19 асосҳои ба истеъфо рафтани судя такмил дода шудаанд.
Ба сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 37 илова ворид гардида, тибқи он, ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият дода шудааст, ки низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва дастурамали мансабии кормандони Суди Олиро тасдиқ намояд.
Инчунин, тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 53 раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикеистон ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, дастурамали мансабии кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз — судя, сардорони шуъбаҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, барои тасдиқ ба Пленуми Суди Олии иқтисодӣ раисон ва ҳайати коллегияҳоро пешниҳод менамояд.
Бо ворид намудани илова ба сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 113 ба зиммаи Коллегияи тахассусии судяҳо, дар баробари масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои ҷумҳурӣ, баррасии масъалаҳои муваққатан боздоштани ваколатҳои судя вогузор шудааст.
Қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амал ва таҳдидҳои террористӣ иборат буда, он аз 12 боб ва 46 модда таркиб ёфтааст.
Бобҳои 1 ва 2, ки фарогири моддаҳои 1-8 мебошанд, меъёрҳо вобаста ба муқаррароти умумӣ ва асосҳои ташкилии муқовимат бо терроризм, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, салоҳияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, амалҳое, ки ба мақсади пешгирии терроризм манъ ё анҷом дода мешаванд, инчунин, хусусиятҳои муайян ва пешбурди рӯйхати шахсони бо терроризм алоқамандро пешбинӣ намудаанд.
Моддаҳои 9 — 20, ки дар бобҳои 3 — 5 оварда шудааст, дар умум, 5 мақсади муқовимати иттилоотию таблиғотӣ бо терроризм, уҳдадории мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар самти мазкурро бо масъулияти охирин ва манъи истифодаи шабакаҳои алоқаи барқӣ барои амалигардонии фаъолияти террористӣ пешбинӣ намуда, номгӯи объектҳои таҳдиди террористӣ ва уҳдадориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ дар ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ, инчунин, роҳбарон ва моликони объектҳои таҳдиди террористиро муқаррар карда, 13 субъекти бевосита бо терроризм муқовиматкунанда ва дар муқовимат бо терроризм иштироккунандаро бо мушаххас сохтани ваколати ҳар яки онҳо ва дар алоҳидагӣ иштироки ҳокимияти судиро мушаххас муайян намудаанд.
Дар бобҳои 6 — 7 (моддаҳои 21-29) меъёрҳое пешбинӣ шудаанд, ки шартҳо, қабули қарор, оғоз, раванд ва анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ, аз ҷумла роҳбарии амалиёт, таъсис ва ваколатҳои ситод, қувваю воситаҳои барои амалиёт ҷалбшаванда, татбиқи чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатӣ, хусусиятҳои кори воситаҳои ахбори омма, пешбурди гуфтушунид бо террористон, дафни ҷасади террористон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, андешидани чораҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм, ғайрифаъолгардонии маблағу воситаҳои пулӣ ва молу мулки дигарро бо мусодираи онҳо ифода намудаанд.
Боби 8 бо фарогирии моддаҳои 30 — 36 танзими ҳуқуқии муносибатҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии чор категорияи шахсони воқеиро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», пардохти ҷуброни зарари дар натиҷаи амали террористӣ расонидашуда ва барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеии аз амали террористӣ зарардида, инчунин, давраҳои иштироки бевоситаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони мақомоти дахлдори давлатӣ дар амалиёти зиддитеррористӣ ҷиҳати баҳисобгирии имтиёзноки собиқаи хизматӣ (собиқаи меҳнатӣ), барои таъини нафақаро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намуда, дар боби 9 хусусиятҳои ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои иштирок дар амал ва фаъолияти террористӣ ва ташкилотҳоро барои фаъолияти террористӣ, аз ҷумла барои маблағгузории фаъолияти террористӣ, муайян намудааст.
Муносибатҳое, ки дар бобҳои 10-12 пешбинӣ шудаанд, марбут ба мақсад ва 13 шакли ҳамкории байналмилалӣ, супурдани шахсони воқеӣ, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро содир намудаанд ё дар содир намудани онҳо гумонбар шудаанд, назорати амалигардонии фаъолият оид ба муқовимат ба терроризм, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори дигари давлатӣ дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешаванд, танзим ва дар доираи муқаррароти хотимавӣ тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999-ро муайян кардаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таҳкими муқовимат ба терроризм, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат, суботи устувори кишвар мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз мукаммал намудани ҷавобгарӣ барои таълими ғайриқонунии динӣ иборат буда, дар ин робита, ба кодекси амалкунанда моддаи 3341 илова гардидааст, ки тибқи он, ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷиноят ба ҳисоб меравад.
Тибқи санксияи модда, содир намудани ҷинояти мазкур боиси таъин намудани ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он мегардад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии таълими ғайриқонунии динӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Бо қонун тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷинояти дар моддаи 3341 Кодекси ҷиноятӣ (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) муайян гардида, бо ин васила, ба қисми моддаи 161-и кодекси амалкунанда илова ворид карда шуда, тибқи он, тафтиши пешакии парванда оид ба ҷинояти дар моддаи 3341 пешбинигардидааз ҷониби муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои татбиқи дурусти меъёрҳои кодекс мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021» пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Қонун бо мақсади такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда оид ба хусусиятҳои иштироки ноболиғон дар мурофиаи ҷиноятӣ пешниҳод гардида, бо ин васила, ба қисмҳои 2 ва 3 моддаҳои 46 ва 92 кодекс иловаҳо ворид карда шуда, минбаъд ноболиғи ба ҳайси гумонбаршуда дастгиргардида, бояд на дертар аз 12 соат пурсида шавад ва бо гузаштани на зиёда аз 48 соат аз ҳабс озод шавад ё нисбаташ чораи дигари пешгирӣ татбиқ гардад.
Бо илова шудани қисми 5 ба моддаи 316 кодекси амалкунанада минбаъд пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то 7 — сола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ, бештар аз як соат, аз 7 то 14 — сола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат, аз 14 то 16 — сола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ, бештар аз се соат ва аз 16 то 18 — сола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмӯъ, бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи суд, судя дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисми моддаи мазкур зиёд бошад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон дар мурофиаи ҷиноятӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз такмили моддаи 277 кодекс, ки ҷавобгариро барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо муқаррар намудааст, иборат буда, дар ин робита, дар таҳрири нав ифода гаштааст, ки тибқи он, мавриди шиканҷа, латукӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати ҳайвоноту паранда, аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб, нагардидааст, ҳамчунин, тарғиби муносибати бераҳмона ба онҳо, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст, ки нисбат ба санксияи амалкунанда баланд мебошад.
Дар қисми 2 модда бошад, кирдорҳои зикргардидаро бо мақсади ғаразнок ва дигар нияти нопоку паст, зоҳир намудани ҳиссиёти авбошиву бераҳмии махсус, садизм, намоиши оммавӣ ба истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати ҳайвонот ё парандаҳо гардидаанд ва ё дар ҳузури шахсони хурдсол содир шуда бошанд, алоқаманд намуда, ҷаримаро ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян кардааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии муносибати бераҳмона ба ҳайвоноту парандаҳо, нигоҳдории фонди генетикӣ ва ҳимояи онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз мутобиқ намудани кодекси амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрӣ ва такмили он дар самти ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тартиботи идоракунӣ иборат буда, бо ин васила, дар санксияи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 85 (барои маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ) калимаҳои «понздаҳ то бист» ва «чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «сӣ то чил» ва «ҳафтод то ҳаштод» иваз ва ба ному диспозитсияи қисми 1 моддаи 128 ва моддаи 131 пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «, ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда шудаанд.
Ба ҳамин монанд санксияи қисмҳои 1- 4 моддаи 4741 такмил дода шуда, моддаи 4742 дар таҳрири нав ифода гардид, тибқи он, барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад, боиси ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Қисми 2 барои ғайриқонунӣ гирифтани таълими динӣ ҷаримаро аз панҷоҳ то навад ва қисми 3 барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҷаримаро нисбати шахсони воқеӣ аз ҳаштод то яксаду сӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар намудааст.
Бо такмили санксияи моддаи 4743 ва рақамгузории модда, қисми 2 илова гардида, он барои дар давоми сол баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин, дар манзили истиқоматии шаҳрвандон, ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар намудааст.
Тибқи тағйир, дар санксияи қисми 1 моддаи 4744 (робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои динӣ), калимаҳои «панҷоҳ то сад» ба калимаҳои «яксаду чил то яксаду панҷоҳ» иваз гардида, санксияи моддаҳои 570 (иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук), 571 (даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати додан ё дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани молу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводу иттилооти барои баррасии парванда зарур) ва 574 (даст кашидан ё саркашӣ кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилот аз иҷрои қарор ё супориш оид ба гузаронидани экспертиза ё аз иҷрои талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон) сабук карда шуда, мувофиқан калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шудаанд. Ба ҳамин монанд, бо тағйир ба моддаи 588 (риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияи гумрукӣ) ва моддаи 598 (риоя накардани муҳлати супоридани андоз ва пардохтҳое, ки вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шаванд) санксияи онҳо сабук карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекс ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, инчунин, риоя накардани қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин иборат буда, дар робита ба ин, дар санксияи қисми 1 моддаи 340 калимаи «ҳаштяки» ба калимаи «нисфи» ва дар санксияи қисми 2 моддаи мазкур калимаҳои «нисф то як» ба калимаҳои «як то ду» иваз ва бо илова шудани қисми 2 ба моддаи 451 кодекс, минбаъд барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд, боиси ҷарима ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таҳкими маданияти шаҳрнишинӣ ва муносибати боэътимод ба муҳити зист мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз тавсеаи моддаи 90 кодекс, ки ҷавобгариро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон муайян намудааст, иборат буда, дар робита ба ин, номи модда дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи такмили диспозитсия ва санксияи он, минбаъд истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати ноболиғон боиси татбиқи ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.
Мутобиқи эзоҳи ба моддаи мазкур иловашуда, зери мафҳуми истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ латукӯб ё ҳаракати дигари зӯроварӣ, ки хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дурудароз намерасонад, фаҳмида мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии зӯроварӣ нисбати ноболиғон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст. Он бо мақсади муайян намудани тобеияти идоравии баррасии баъзе аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод гардида, дар робита ба як қатор моддаҳо тағйирот ворид карда шудаанд.
Тибқи тағйирот ба моддаи 93-и кодекси амалкунанда, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаҳои 474 (риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ), 4741 (риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин, дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ) ва 4742 (риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинигардида, бо ворид намудани тағйирот, ҳамчунин, ба моддаи 118 кодекси амалкунанда, аз салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба салоҳияти суд мансуб дониста шудааст.
Бо дарназардошти таъсис ёфтани мақоми нав – Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 106 дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, мақомоти мазкур дар доираи ваколат баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки қаблан аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ, Хадамоти давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ амалӣ менамуданд, ба зимма дорад.
Бо мақсади таъмини мутобиқати дохилии кодекс ва бо дарназардошти моддаи 106, аз кодекс моддаҳои 108, 109 ва 110 хориҷ карда шудаанд,
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои дар доираи ваколат ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд дуруст татбиқ намудани меъёрҳои кодекс мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз такмили меъёри алоҳидаи кодекси амалкунанда доир ба масъалаи исботкунӣ дар мурофиаи гражданӣ иборат буда, бо ин васила, ба моддаи 64, ки асосҳои озод кардан аз исботро пешбинӣ намудааст, қисми 4 илова шудааст, ки тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардидаанд, исботкуниро талаб намекунанд, ба шарте асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида рад нагардида ё он бекор нашуда бошад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили баҳодиҳии далелҳо ва баррасии парвандаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз такмили меъёри алоҳидаи кодекси амалкунанда доир ба масъалаи исботкунӣ дар мурофиаи судии иқтисодӣ иборат буда, бо ин васила, ба моддаи 68, ки асосҳои озод будан аз исботкуниро пешбинӣ намудааст, қисми 5 илова гардидааст, ки тибқи он, минбаъд ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардидаанд, исботкуниро талаб намекунанд, ба шарте асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида рад нагардида ё он бекор нашуда бошад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили баҳодиҳии далелҳо ва баррасии парвандаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Тибқи қонун, ба моддаи 2-и қонуни амалкунанда сархати ҳафтодум илова карда шуда, мутобиқи он, минбаъд 24 октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба ҳамчун ид муайян карда шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои афзудани мавқеъ ва нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои кормандон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ М. Гулзода, Д. Одилзода ва вакили Маҷлиси намояндагон С. Маҷидзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Тибқи қонун, дар 14 моддаи қонуни амалкунанда, яъне моддаҳои 7, 9, 24, 31, 34, 57, 62, 66, 69, 82, 84, 87, 89 ва 91 калимаҳои «Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул кардааст.
Мақсади қонун бинобар тағйироти сохторӣ, яъне таъсиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, аз такмили низоми иҷозатдиҳӣ иборат буда, дар робита ба ин, қисми 7 моддаи 10, сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 2) — и қисми 1-и моддаи 29-и қонуни амалкунанда хориҷ ва банди 3 илова гардида, бо ин васила, минбаъд аз ҷониби мақоми зикргардида ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти муайян дода мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бартараф кардани расмиёти иловагӣ дар самти ҳуҷҷатҳои электронӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои электронии иҷозатдиҳӣ ва наовардани сарбории иловагӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда, мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ва беъзе аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун мутобиқгардонии фаъолияти соҳа ба талаботи қонунгузории нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардоштани монеаҳо дар танзими фаъолияти соҳа мебошад.
Қонун аз 4 боб ва 17 модда иборат буда, он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи парандапарвариро муайян менамояд.
Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун мутобиқ намудани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи он ба моддаи 5 кодекси амалкунанда бандҳои нав илова карда шудааст, ки салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин мушаххас мегардонанд.
Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад. Аз ин рӯ, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун озод намудани мақомоти мудофиа ва амният аз ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ва хоҷагии ҷангал мебошад.
Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун мутобиқгардонии меъёрҳои кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ» буда, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ин мақсад, дар моддаи 10 сархати нав илова шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ метавонад барномаҳои илмию техникиро дар самти таъмини бехатарии сейсмикӣ таҳия намояд.
Илова бар ин, дар моддаи 11 қисми 3 илова ворид карда шудааст, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мушаххас менамояд.
Биноан, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ қабул намудааст.
Дар доираи қонун ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонун бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба ин васила, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе аз муносибатҳое, ки пешбинӣ нашудаанд, равона гардида, дар доираи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, ҳифзи асосҳои иқтисодию экологӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани минтақаҳои кӯҳӣ қабул гардидааст. Бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва баъзе аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷиҳати иҷрои банди 82 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 қабул намудааст.
Қонун аз 5 боб ва 33 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.
Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосии дар қонуни мазкур истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Боби дуюм «Асосҳои идоракунӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон» ном дошта, фарогири моддаҳои 6 — 15 мебошад, ки он муносибатҳоро дар самти салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин, тартиби таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон, ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, маркази ҷавонон, шӯрои олимони ҷавони муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, маҳфили гирандагони стипендияҳо барои ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор ва маҳфили волонтёрони ҷавонро ба танзим медарорад.
Бобҳои 3 — 4 бо мақсади мукаммалгардонии низоми қонунгузории кишвар равона гардида, фарогири раванд дар самти «Асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон» буда, он танзимкунандаи муносибатҳо дар самти ҳуқуқҳои ҷавонон, аз ҷумла, амалисозии ҳуқуқи ҷавонон ба таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон, ҳифзи саломатӣ, солимгардонӣ, истироҳат, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон, ҳуқуқҳои ҷавонон ба гирифтани таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорию эҷодкорӣ, ба дастгирии иҷтимоӣ, шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб, ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари иқтисодӣ, омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон, маблағгузорӣ, фонди дастгирии ҷавонони Тоҷикистон, эҳсонкорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, инчунин, иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон мебошад.
Боби 5 аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун, дар бораи аз эътибор соқит донистани қонунгузории амалкунанда дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бо мақсади ташкили заминаи устувори ҳуқуқӣ барои рушду инкишофи варзиш, танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бо дарназардошти талаботи замони муосир, ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 қабул намудааст.
Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, аз 10 боб ва 68 модда иборат мебошад
Боби 1 аз 4 модда иборат буда, дар моддаи 1 мафҳумҳои асосӣ возеҳу равшан шарҳ дода шуда, моддаҳои 2, 3 ва 4 муқаррароти алоҳидаро доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои қонунгузорӣ ва кафолатҳои давлатии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро пешбинӣ намудаанд.
Боби 2 (моддаҳои 5-20) субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, кумитаҳои миллии олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ пешбинӣ намудааст.
Боби 3 аз моддаҳои 21-35 иборат буда, масъалаҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, нақшаи ягонаи тақвимӣ ва таъмини рақобати бовиҷдонона ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳо, ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои варзишгарон, унвон ва дараҷаҳои варзишӣ, унвонҳои фахрии варзишӣ, феҳристи ягонаи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, варзиши миллиро дар бар мегирад.
Таъмини рушди варзиши кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани шароити зарурӣ ва имкониятҳои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти иловагии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштироки мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ташкилот ва маҳалли зист ва ҷойҳои фароғатии шаҳрвандон, инчунин, варзиши маъюбон, раванди машқиву варзишии маъюбон ва иштироки маъюбон дар чорабиниҳои варзишӣ мавзӯи бобҳои 4 ва 5 (моддаҳои 36-48) — ро ташкил намудаанд.
Дар моддаҳои 49, 50 ва 51 боби 6 таври мушаххас дастовардҳои олӣ ва тарбияи варзишгарони дараҷаи олӣ, дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби варзишгари касбӣ, мураббии касбӣ ё дигар мутахассисе, ки дар соҳаи варзиши касбӣ фаъолият менамояд, ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, боби 7 (моддаҳои 52- 54) субъектони варзиши касбӣ, хусусияти танзими фаъолият дар соҳаи варзиши касбӣ, маҳрум кардани варзишгари касбӣ аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, ҷавобгарӣ барои расонидани зарар дар соҳаи варзиши касбиро муайян намудааст.
Моддаҳои 55 — 63, ки дар боби 8 оварда шудаанд, муносибатҳоро вобаста ба пешгирии маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш ва мубориза бо он, пешгирии таъсири зиддиҳуқуқӣ ба натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва мубориза бо он, таъминоти тиббӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иншоотҳои варзишӣ, эҳсонкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, сарпарастӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танзим мекунанд.
Дар боби 9 тартиби амалӣ шудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешбинӣ шуда, боби 10 таҳти унвони «Муқаррароти интиқолӣ ва хотимавӣ» масъалаҳои муқаррароти интиқолӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи тайёрии варзишӣ»- ро пешбинӣ намуда, тартиби мавриди амал қарор додани онро муайян намудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҷонибдорӣ кардани онро хоҳиш менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 «Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва ба ин васила, ба роҳ мондани фаъолияти ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, танзими фаъолияти муштараки агентӣ бо сохторҳое, ки дар тобеият муассисаҳои таълимӣ доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Бо ин мақсад ба моддаи 1 сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм — мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;».
Ҳамчунин, дар моддаҳои 12, 16 ва 23, ки равандро дар самти тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ, таҳсилоти умумӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро ба танзим медорарад, тағйирот ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд, ба монанди калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» ва калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шудаанд.
Инчунин, ҷумлаи дуюми қисми 1 ва қисми 3 моддаи 28 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки минбаъд, тибқи он, назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар шакли санҷиши нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ амалӣ карда мешавад.
Илова бар ин, бо мақсади мукаммал намудани қонуни амалкунанда моддаи 281 илова гардида, дар он ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм пурра муайян гардидааст.
Ба моддаи 32 қонуни амалкунанда, ки дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муайян гардидааст, сархатҳои нав оид ба тасдиқи қоидаҳои аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тасдиқи тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ, эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ илова гардидааст.
Инчунин, бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моддаҳои 33 ва 36 як қатор меъёрҳо хориҷ гардиданд.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба барррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсади қонун аз мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ иборат буда, дар ин замина, аз матни моддаи 2 ва қисми 1 моддаи 16 калимаи «(Сарқонун)», дар моддаи 9, ки салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабиро пешбинӣ менамояд, сархати шашуми қисми 2 ва аз сархати ҳафтуми ҳамин модда аломат ва калимаҳои «, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаи таълимии томактабии дахлдор» хориҷ карда шуда, қисми 3 илова карда шудааст, ки дар он доираи ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм муайян шудааст.
Ҳамчунин, дар қисми 2 моддаи 10 калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф» мувофиқан ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шудааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 16 ва 17 қонуни амалкунанда, ки салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин, назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбиро пешбинӣ менамоянд, тағйироту илова ворид гардидааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда, муайянкунанда дошта, такрорёбии ваколатҳоро аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ ҳангоми гузаронидани назорати фаъолияти илмӣ бартараф менамояд.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда аз мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳоро аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 5, 12, 32, 33 тағйироту илова ворид гардидааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, калима, ибораҳои алоҳида ва қисми нав иваз, хориҷ ва илова карда шудаанд.
Қонун ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» оғоз менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ ба моддаҳои 15 ва 16 қонуни амалкунанда, ки салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин, назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбиро пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид гардидааст, ки хусусияти мутобиқкунанда дошта, калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилоти калонсолон» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шудаанд.
Қонун ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Содиқӣ, Г. Шарофзода, Ф. Наҷмиддиниён ва Ғ. Шарофзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 қабул намудааст.
Ба 15 моддаи қонуни мазкур, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, калима ва ибораҳои алоҳида илова ва иваз карда шудаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади такмил додани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба моддаи 8, ки ваколатҳои вазорату идораҳо, ки дар сохтор муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимиро танзим менамояд ва ба қисми 1 моддаи 14, ки меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимиро пешбинӣ менамояд, сархатҳои нав илова гардиданд.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябри соли 2021 қабул кардааст.
Бо ин мақсад дар қонун як қатор меъёрҳои нав пешбинӣ гардидаанд, ки хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда, муайянкунанда дошта, такрорёбии ваколатҳоро аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ ҳангоми гузаронидани назорати фаъолияти илмӣ бартараф менамоянд.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонун як қатор меъёрҳои нав ворид карда шуданд, ки хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда ва муайянкунанда дошта, матни онро мукаммал менамоянд.
Мувофиқи тағйироти воридгардида, аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, моддаи 10, ки тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташударо муайян менамояд, дар таҳрири нав ифода ёфта, дар моддаи 12 бо иваз шудани рақамҳо ва калимаҳои «70», «60» ва «собиқаи меҳнатии бефосилаи», «собиқаи бефосилаи корӣ» ва «собиқаи бефосилаи кории» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «75», «65», «собиқаи меҳнатии» ва «собиқаи меҳнатӣ» ҳаҷми кумакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ баланд бардошта шудааст.
Сархати якуми қисми дуюми моддаи 23 дар таҳрири нав ифода ёфта, дар қисми сеюми моддаи 231 калимаҳои «қонунҳои амалкунанда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2021 қабул намудааст
Мақсади қонун аз такмили қонуни амалкунанда ва таъмини мутобиқати дохилии меъёрҳои он иборат буда, дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳо ва рақами «сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми қисми 4», ки ба моддаи 17 дахл доранд, ба калима ва рақами «қисми 3» иваз карда шуданд.
Ҳамчунин, ба моддаи 48 ба қисми 2 тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар се моҳ ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд. Тибқи тағйирот, ба қисми 8 моддаи зикршуда калимаи «фавтида» ба калимаҳои «бе дарак ғоиб эътироф намудани» иваз гардида, сархати чорум бо мазмуни «барқарор гардидани саломатии шахси маъюбиятдошта, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шудааст», илова гардидааст.
Инчунин, ба моддаи 54 қисмҳои 3 ва 4 илова карда шудааст, ки он андозаи қисми андӯхти ҳармоҳаи нафақаи суғуртавӣ бо дарназардошти қисми 4 моддаи 22 қонуни мазкур ва тибқи талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» оғоз мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, такмили низоми таъминоти нафақаҳои касбӣ ба он як қатор тағйироту илова ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда ва муайянкунанда дошта, матни қонунро мукаммал менамоянд.
Тағйироти мавриди назар ба сархатҳои ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 1, сархати якум ва дуюми моддаи 3, қисми 5 моддаи 8, сархати сеюми қисми 1 моддаи 20, қисми 2 моддаи 26 дахл дошта, калимаҳои «синни ниҳоии» ба калимаҳои «синни муқарраргардидаи» иваз карда шуда, аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонуни», аз қисми 4 моддаи 7 калимаҳои «моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта,» ва қисми 2 моддаи 14 хориҷ карда шуда, инчунин, қисми 3 моддаи 14 қисми 2 ҳисобида шуда, калимаҳо ва рақами «аз 30 марти соли» ва «эъломияи» мувофиқан ба калимаҳо ва рақами «аз санаи 15-уми моҳи» ва «ҳисобот оид ба пардохти» иваз карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда доранд.
Қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 6 ва қисми 2 моддаи 7 дар таҳрири нав ифода гардидаанд, ки тибқи он, минбаъд суғуртакунанда бояд бо муассисаи суғурта шартнома бандад ва талаботи шартҳои шартнома байни корфармо ва корманд муайян мегардад. Ҳамчунин, суғуртакунандагоне, ки шароити махсуси корӣ доранд, бо дарназардошти имконияти молиявӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаи коллективӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ба кормандони собиқ иловапулӣ ба ҳаҷми нафақаи суғуртавии муқарраршуда таъин ва пардохт намоянд.
Дар қисми 4 моддаи 8 оқибатҳои аз ҷониби суғуртакунанда пардохт нагардидани маблағи камомадро муайян карда, қисми 1 моддаи 12 ва моддаи 13 андозаи саҳмҳо ва давраи ҳисоббаробаркунии суғуртавиро пешбинӣ ва моддаҳои 14 ва 22 вазифаҳо ва пардохти муассисаҳои суғуртавӣ муайян менамояд.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Гулзода, К. Ҳакимова ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Одиназода, С. Холмаҳмадзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» таҳия ва қабул гардидааст.
Тағйироти пешниҳодгардида ба моддаҳои 2, 3, 4, 10 ва 17 хусусияти мутобиқкунанда дошта, хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» ва иваз намудани калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», калимаи «таъминоти» мувофиқан ба калимаи «таъмини», калимаи «ёрии» мувофиқан ба калимаи «кумаки», инчунин, дар таҳрири нав ифода гардидани сархатҳои чоруми қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10, сархати панҷуми моддаи 17-ро пешбинӣ менамояд.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Мансурӣ, С. Тағойзода ва Г. Ашурзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсади ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Бо ин мақсад ном, муқаддима ва моддаҳои 1, 2, 4, 5, 6, 10 ва 46 дар таҳрири нав ифода гардида, тағйироти мавриди назар ба як қатор моддаҳои қонун хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва баъзе аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2021 қабул намудааст.
Ҳадафи кодекс, бинобар гузариш ба иқтисодиёт ва ҷомеаи рақамӣ дар робита бо омилҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз танзими муносибатҳои андозӣ ба хотири таъмини рушди иқтисодӣ — иҷтимоии кишвар ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ иборат буда, он аз 2 қисм, яъне қисми умумӣ бо фарогирии 6 фасл, 24 боб ва қисми махсус бо фарогирии 9 фасл, 33 боб ва дар умум 15 фаслу 57 боб ва 399 модда иборат аст.
Дар қисми умумӣ, ки 23 боб, 179 моддаро дар бар гирифтааст, меъёрҳои роҷеъ ба муқаррароти умумӣ, субъектҳои муносибатҳои андозӣ, низоми андозбандӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда муайян гардида, бо шарҳи 56 маҳфуми асосӣ ва дигар маҳфумҳои дар кодекс истифодашаванда, 7 принсип, низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои муносибатҳои андозӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, расмиёти маъмурикунонии андоз, назорати пардохти андозҳо, мониторинги андозӣ, баҳисобгирии андозсупорандагон, истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ва дар ин замина тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, ҳалли баҳсҳои марбут ба андоз пешбинӣ шудааст.
Қисми махсус, ки 34 боб ва 220 моддаро дар бар гирифтааст, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, қоидаҳои танзими дороиҳо, қоидаҳои умумии андозбандии байналмилалӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз, андоз барои истифодабарандагони захираҳои табиӣ, андози иҷтимоӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул, андози замин ва андоз аз воситаи нақлиётро бо муайян намудани объектҳои андозбандӣ, манбаи андоз, озодкуниҳои андозӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андоз муайян намуда, муносибатҳои марбут ба низоми андозбандии фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок, андозбандии шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд, инчунин, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, барои субъектҳои бизнеси бозӣ, фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин, андозбандии фаъолияти инноватсионию технологӣ ва муқаррароти интиқолиро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додааст.
Кодекси мазкур нисбат ба кодекси амалкунанда чунин навовариҳои асосиро муайян намудааст:
- таъсиси Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо;
- саҳеҳ гардидани санҷишу ҳисоботи андозӣ, низоми электронии андозбандӣ ва савдои электронӣ;
- аз 7 то 10 адад кам шудани намудҳои андоз:
- ба андозаи 12 фоиз муайян шудани даромади шахсони воқеӣ;
- аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 13 фоиз пешбинӣ гардидани андоз аз арзиши иловашуда;
- то 31 декабри соли 2023 озод будани фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андоз аз замин ва ғайра;
- имтиёзҳои андозӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ дар кишвар, аз ҷумла, дар мавриди воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ, воридоти техникаҳои кишоварзӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомобилҳои нав, ки аз санаи бароришаш як сол нагузашта ва масофаи 10 ҳазор километрро тай накарда бошанд;
- то 31 декабри соли 2025 барои фаъолият оид ба истеҳсоли мол муайян шудани андоз аз даромад ба андозаи 13 фоиз.
Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур таъмини низоми паҳн накардани силоҳи ядроӣ, таҳкими низоми байналмилалии амнияти истифодаи энергияи атомӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз 7 боб ва 35 модда иборат мебошад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин, мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ буда, мутобиқи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон 16 июни соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон буда, мутобиқи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйироту иловаи дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур якҷо бо як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2021 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади рушди минбаъдаи кластерҳои саноатӣ, дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ташкил ва рушди паркҳои саноатӣ дар кишвар қабул гардида, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2021 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур такмили сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва тартиби таъсиси он буда, тибқи он, дар сархати сеюми моддаи 5 қонуни амалкунанда иловаи зарурӣ ворид гардидааст, ки он меъёри қоидаҳои умумии шахси ба ҳайси раиси маҳалла интихобшударо мушаххас менамояд.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Э. С.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ЮСУФ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбати судяи Суди Олии иқтисодӣ Ширинзода Эраҷ Сифот мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Тафтиш муайян намудааст, ки Ширинзода Э. С. бо истифодаи мақоми хизматӣ як қатор ҷиноят содир намудааст. Чунончӣ, ӯ зимни баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Одинаев Ф. А. ҷиҳати қонеъ кардани даъвои ӯ, ки ба салоҳияташ тааллуқ дошт, моҳи майи соли 2020 дар ду ҳолат аз номбурда 15000 сомонӣ гирифта, 12 июни соли 2020 даъворо ба манфиати охирин қонеъ ва ҳалномаи судӣ қабул намудааст.
Инчунин, ӯ моҳҳои август ва октябри соли 2020 бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо баҳонаи дар судҳои марҳилаҳои кассатсионию назоратӣ ба манфиати Одинаев Ф.А. ҳал намудани баррасии шикоятҳои намояндаи хоҷагии деҳқонии «Ясмина»-и шаҳри Турсунзода ва бетағйир мондани ҳалномаи қабулнамуда дар ду ҳолат 5500 сомонӣ, моҳи апрели соли 2021 бошад, барои гӯё аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо насаби «Аминзода» эҷод накардани муаммо оид ба санадҳои судии қабулнамудаи марҳилаҳои якум ва кассатсионию назоратӣ вобаста ба даъвои номбурда аз Одинаев Ф. А. боз 2500 сомонии дигар гирифта, онро тасарруф кардааст.
Ширинзода Э. С. кирдорҳои ҷиноятиро давом дода, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз Одинаев Ф. А. боз 12000 сомонӣ талаб намуда, 11 октябри соли 2021 аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, овардани боқимонда 8000 сомониро талаб кардааст.
14 октябри соли 2021 баъди аз Одинаев Ф. А. гирифтани 8000 сомонии боқимонда, Ширинзода Э. С. дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағ аз ӯ ёфта гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, ӯ 35000 сомонии шаҳрванд Одинаев Ф. А.-ро тасарруф намуда, ба вай ба миқдори калон зарар расонидааст.
14 октябри соли 2021 вобаста ба ҳолатҳои зикршуда аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ширинзода Э. С. бо моддаҳои 314 қисми 2 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 247 қисми 3 банди «а» (қаллобӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҷиноятҳои содирнамудаи Ширинзода Э. С. бо нишондодҳои худиқрории ӯ, ҷабрдида Одинаев Ф. А., рӯбарӯкунии байни номбурдагон, сабтҳои дахлдор, санадҳои судии қабулгардида ва дигар далелҳои бо парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда исботи пурра ёфтаанд.
Тибқи талаботи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодӣ бе ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест. Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот розигӣ дода шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қувватзода Ф. Ҷ.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва баъзе аз масъалаҳои баъдӣ ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қувватзода Ф. Ҷ.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қувватзода Ф. Ҷ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бозхонд намудани Темурзода Ш. С.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Темурзода Ш. С.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Темурзода Ш. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Э. С.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Э. С.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Э. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хушмаҳмадзода А.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хушмаҳмадзода А.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазимфаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хушмаҳмадзода А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хушмаҳмадзода А.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хушмаҳмадзода А.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хушмаҳмадзода А». ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Ю. С.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Ю. С.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Ю. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, пас аз интихоб шуданаш дар Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Бинобар ин, барои савганд ёд кардан ҳоло сухан ба судяи навинтихоби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа дода мешавад. Марҳамат.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа қасам ёд кард.
РАИС: - Ба шумо ва ҳамчунин, ба судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати таъмини адолати судӣ, татбиқи дуруст, холисона ва одилонаи муқаррароте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, бурдбориҳо таманно менамоям. Саломат бошед!
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс дода мешавад. Марҳамат.
ИДРИСЗОДА Илёс: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022-юм 4,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2019 тасдиқ шудааст, ягон тағйирот ворид карда нашуда, басти вазифаҳо аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзов Ё. Д.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё. Д.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи талаботи банди 103 — юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Ҳоло сухан ба раиси Котибот Шоҳиён Зарифхӯҷа дода мешавад. Марҳамат.
Шоҳиён ЗАРИФХӮҶА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Унвонии Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон муроҷиат, нома ё барқия ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед. Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла таъсири манфии пандемияи коронавирус ва мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ дар минтақа, соли 2021 барои кишвари мо ҳамчун соли нек ва босамар ҷамъбаст гардида истодааст.
Соли ҷорӣ мардуми ватандӯсту заҳматкаши тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз дучанд меҳнат карда, ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.
Соли 2021 дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат як қатор чорабиниҳои муҳиму манфиатбахш доир гардид. Боиси хушнудист, ки дирӯз боз як иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, зимни иҷлосияи 16-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО раиси Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ ҷаноби Пунчи Ниламе Мегасват ба рӯйхати умумиҷаҳонии мероси фарҳангии башарият шомил шудани санъати сурудхонии «Фалак» — ро расман эълон намуд.
Ин дастоварди бузурги миллати тоҷикро ба шумо, ҳозирини гиромӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон, муборакбод мегӯям.
Дар соли 2021 ҷумҳурии мо раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба уҳда дошт. Дар чаҳорчӯбаи ин созмонҳои бонуфуз мо муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаро дар арсаи ҷаҳонӣ идома додем.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Дар баробари ин, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ тавассути таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо ва қабули қарорҳо дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузошт.
Бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ тақвият бахшида, соли 2021 дар Маҷлиси миллӣ муҳокимаҳои парламентӣ баргузор шуда, дар онҳо раванди татбиқи самараноки қонунҳо, барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Пас аз чанд рӯз дар Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» баромад менамоянд. Мусаллам аст, ки Сарвари давлат бо дарназардошти раванди имрӯзаи тағйирёбандаи ҷаҳон, дар назди мову шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ вазифаҳои навбатиро вобаста ба таҳкимбахшии пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ҳифзу ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, амнияти миллӣ ва пешгирии таҳдиду хатарҳои нави фаромиллӣ мегузоранд. Дар ин зимн, итминони комил дорам, мову шумо соли 2022 низ баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақша ва вазифаҳои муайянгардида неруи хешро равона менамоем.
Муҳим аст, ки ҳар як узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ нишон дода, рисолатро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ садоқатмандона ва софдилона иҷро намояд, инчунин, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар ҳама самт саҳми назаррас гузорад. Дар ин ҷода ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, комёбиҳо таманно карда, саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ