Бисту сеюми декабри соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023» баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазоратҳои молия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дилрабо Мансурӣ пешгирии зӯровариро яке аз масъалаҳои муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон ва дигар аъзои оила номида, изҳор дошт, ки занон бештар дучори он мешаванд.
Бино ба гуфти ӯ, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар баҳри ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдакон ва оила қонуну фармон ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёре аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳама гуна шакли табъиз нисбат ба занонро эътироф намуд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Модар таъкид карданд: «Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» имкон фароҳам овард, ки ҳалли тадриҷии як силсила мушкилиҳои дар ин самт мавҷуда таъмин гардида, манфиатҳои ҳуқуқии оилаҳо ҳимоя шаванд».
Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» пешниҳод гардида, соли 2013 қабулу ҷонибдорӣ ва баъд аз имзо шуданаш аз ҷониби Пешвои миллат мавриди амал қарор гирифт.
Он муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб гардида, муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, иҷрои банди 22 шарҳи хотимавии Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф кардани табъиз нисбат ба занонро танзим ва татбиқ менамояд, — изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.
Вай афзуд, ки бо мақсади татбиқи воқеии қонуни зикршуда соли 2014 «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул гардид.
Дилрабо Мансурӣ аз монеаҳои татбиқи қонун ва барнома, ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, зӯроварӣ нисбат ба занон, кӯдакон ва пиронсолон дар оила ёдовар шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар ин раванд, яке аз ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бурдани мақому манзалати занон, таъмини ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ буд, ки онро бе пешгирии зӯроварӣ дар оила тасаввур кардан ғайриимкон буд.
- Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмину кафолати ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳия ва қабул гардиданд. Дар заминаи қонунҳои зикршуда ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ шуданд, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат намуда истодааст, — зикр кард номбурда.
Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус, омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз 3 майи соли 2014 таҳти №294 тасдиқ гардид.
- Новобаста ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳанӯз ҳам дар фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, инчунин, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда равона шудааст, камбудиҳо ҷой доранд, — таъкид кард Сумангул Тағойзода.
Бино ба қавли раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода низ дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бештар аз 70 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои занону бонувон ва боло бурдани мақому манзалати онҳо мусоидат менамоянд.
Вай афзуд, ки дар ҷаҳони муосир зӯроварӣ дар оила, зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мувофиқи маълумоти СММ, ҳар рӯз аз се як зан дар дунё ба зӯроварӣ дучор мешавад.
- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо дар назди раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 110 маркази иттилоотӣ-машваратӣ ташкил шудааст, ки ба шаҳрвандон ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқию равонӣ мерасонанд. Ба онҳо соли 2018-ум 286 шаҳрванд, 2019-ум — 866 ва соли 2020-ум 1682 нафар муроҷиат намудаанд, — изҳор дошт номбурда.
Яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баррасии парвандаҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ ба ҳисоб меравад. Дар додгоҳҳо оид ба зӯроварӣ дар оила соли 2014 -ум 23 парванда, 2015 — 15, 2016 — 70, 2017 — 88, 2018 — 165, 2019 — 179 ва соли 2020 — ум 295 парванда баррасӣ шуд.
- Кумита мониторинги рафти иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»-ро доир намуд. Натиҷаи он нишон дод, ки иҷрои бандҳои нақшаи барнома дар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қисман иҷро гардиданд. Натиҷаҳои мониторинг зимни суҳбатҳои гирди миз, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи дурусти барнома тавсияҳо қабул гардиданд.
Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз 6 банд ва 39 зербанд иборат буда, муҳлати иҷрои 6 зербанд ба охир расида, то ба ҳол 70 дарсади барнома иҷро гардидааст.
Натиҷаи мониторинг муайян намуд, ки яке аз мушкилоти мавҷуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ нагардидани чорабиниҳои барнома мебошад.
Танҳо дар маркази вилоятҳои Суғд, Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияи Дарвоз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давра ба давра барои татбиқи он маблағ ҷудо шудааст, — гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода доир ба назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки тайи шаш соли охир 721 ҷиноят марбут ба зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла 212 куштор, 21 ҳолати куштани кӯдакони навзод аз тарафи модарон, 254 ҳодисаи ба худкушӣ ва суиқасд ба он расонидан, 55 ҳолати таҷовуз ба номус ва 170 ҷинояти дорои хусусияти шаҳвонӣ ва бадахлоқона, ки аз тарафи аъзои оила содир шудаанд, ба қайд гирифта шудааст.
- Таҳлили сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо собит сохт, ки аксари онҳо ба хушунати оилавӣ алоқаманд мебошанд,- зикр кард номбурда.
Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода аз гузаронидани чорабинии аудиторӣ доир ба вазъи иҷро ва амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Бино ба гуфти ӯ, омӯзиш ва таҳлили «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» нишон дод, ки тибқи банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №294 нақшаи чорабиниҳои оид ба амалишавии барнома дар доираи маблағҳои ҳарсола пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои ғайрибуҷетии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки аз ҳисоби ниҳодҳои дар боло зикршуда танҳо дар баргузории чорабиниҳо, аз ҷумла, ташкили форуму намоишгоҳҳои байнамилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, конфронсҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, семинарҳои омӯзишӣ ва чопи матолиби тарғиботӣ кумаки техникӣ расонида шудааст.
- Ҳамин тариқ, нақшаи чорабиниҳои аз рӯйи бандҳо ва зербандҳои баанҷомрасида, татбиқи барнома 15,4 фоиз таъмин шудааст.
Зикр шуд, ки нокифоягии маблағ барои ташкили чорабиниҳо ва татбиқи бандҳо, сабаби амалӣ нагардидани баъзе аз бандҳои барнома гардидааст.
Дар нақшаи хароҷоти молиявии барнома сарчашмаҳои молиявии ғайрибуҷетӣ мушаххас нишон дода нашуда, ҷалби шарикони рушд дарҷ нагардидааст.
Илова бар ин, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, вазорату идораҳои дахлдор ва ниҳодҳои дахлдор вобаста ба таблиғ ва муаррифии барнома таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир нагардида, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила тавассути таҳия ва нашри матолиби иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст, — гуфт номбурда.
Дар муҳокимаи парламентӣ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода низ суханронӣ намуда, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, Хайриддин Усмонзода, Ғайрат Азиззода, Гавҳар Шарофзода, Раъно Бобоҷониён, Зайниддин Сафаров ва Сурайё Уроқова ба масъулин савол дода, барои беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт таклифу пешниҳод баён доштанд.
Дар охир, бо дарназардошти пешниҳодҳо, қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ