Рушди хизматрасонии тиббӣ

№51 (3197) 20.05.2014

Солҳои охир, тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи рушди хизматрасонии тиббӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои табобатӣ, мусоидат ба амалигардонии Стратегияи беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналхалқии рушд оид ба «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ барои солҳои 2014-2019», ки 5 декабри соли 2013 тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1368 тасдиқ гардидааст, иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот ба шумор рафта, он дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мегардад.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардида, дар маҷмӯъ ба ин мақсад давоми панҷ сол 23 млн. доллари ИМА равона хоҳад шуд. Мақсади ин лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини дастрасии он ба аҳолии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави маблағгузорӣ, бо назардошти натиҷаҳои табобат, баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандони тиб ва рушди моддӣ-техникии муассисаҳои табобатии минтақаҳои аз марказҳои ноҳияҳо дуртар ҷойгиршуда мебошад. Чунин лоиҳаҳо қаблан дар Британияи Кабиру Туркия амалӣ гардонида шуда, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки барномаи мазкур бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ татбиқ мегардад.

Аз ҳисоби лоиҳаи мазкур дар 12 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Ғончии вилояти Суғд гузаронидани корҳои сохтмонию таъмирӣ ва барои онҳо харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ нақшабандӣ гардидааст. Дар раванди амалигардонии ин лоиҳа, бозомӯзии касбии бештар аз 400 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят дар назар аст, ки он бевосита ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Боиси хурсандӣ аст, ки ноҳияи Спитамен низ яке аз ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати амалигардонии ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ барои солҳои 2014-2019», ки бо гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ворид гардидааст.

Чанде қабл бо иштироки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мутасаддиёни ваколатдор машварат оид ба ифтитоҳи расмии раванди амалигардонии «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ» дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки сол аз сол афзоиш ёфтани маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла баҳри рушди соҳаи тандурустӣ,  далели самти иҷтимоӣ  доштани  сиёсати  Давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии   Тоҷикистон мебошад ва ба ин бахшҳо иловатан ҷалб гардидани маблағҳои грантии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузориҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баҳри ҳар чӣ тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ доир ба куллан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат имконият фароҳам меоварад.

Дар машваратҳои дастурдиҳии ба ин муносибат баргузоргардида,  масъули Гурӯҳи ҳамоҳангсози назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва татбиқи «Лоиҳаи рушди хизматрасониҳои тиббӣ» И. Бандаев, мушовирони Гурӯҳи ҳамоҳангсози мазкур Н. Шарипова ва Р.Маҳмудов суханронӣ карда, бобати ҳуҷҷатҳои заминавӣ, мақсад, вазифаҳо, қисматҳои лоиҳа, чорабиниҳои асосии татбиқи он, нишондиҳандаҳои сифат ва миқдор, воситаҳо ва раванди асосии «Маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият», тартиби мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо (шартномаҳо, собитсозии маълумотҳо, истифодаи маблағҳо ва идоракунии маълумотҳо) дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур дар зерсохторҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муфассал маълумот доданд.

Таъкид  намудан бамаврид аст, ки аз тарафи намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи мазкур бисёр таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шудаанд ва ин тадбирҳо ҷиҳати самаранок истифодабарии лоиҳа дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда мусоидат хоҳад намуд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, аз ҳисоби лоиҳаи мазкур барои маблағгузории тадбирҳои аввалиндараҷа вобаста ба мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникии  17 муассисаи тиббии ноҳияи Спитамен 31860 доллари ИМА (зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ) ҷудо карда мешавад, ки истифодаи босамари ин маблағҳо ба беҳтар шудани шароити кори муассисаҳои табобатӣ мусоидат менамояд.

 

Карамулло ОДИЛОВ,

сардори Раёсати молияи ноҳияи Спитамен,  Корманди  шоистаи Тоҷикистон