Мегӯянд, ки беҳтарин даво барои бемор сухани хуши табиб аст. Инро ман чанде пеш мушоҳида кардам. Илова ба пирию нотавонӣ баъзан аз дарди чура нороҳат мешудам. Борҳо наздиконам пешниҳод карданд, ки ҷарроҳӣ кунам, вале розӣ намешудам.
Айни ҳол дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам ва чанде пеш ба ноҳияи Тоҷикобод барои аёдати бародарону хешу ақрабо рафтам. Онҳо нороҳатиамро дида, маро розӣ кунониданд, ки ба беморхонаи марказии ноҳия равам. Вақте ки вориди беморхона шудам, пеш аз ҳама, муҳити тозаю озода ва муомилаи кормандони дармонгоҳ диққатро ҷалб кард.
Ҷарроҳӣ шудам ва бо мадади Худо ва ёрии табибони ҳозиқ шифо ёфтам. Сардухтури беморхона Насимҷон Шарифов, духтурон Маҳмадсафо Маҳмадшоев, Гулмурод Бедимоғов, Ҳомидҷон Мирзораҳматов ва ҳамшираҳои шафқат ҳамеша ба банда ва дигар беморон ғамхорӣ зоҳир намуда, рӯзе чанд бор аҳволамонро пурсон мешуданд. Банда арзи сипоси худ ва беморони ҳамҳуҷраамро ба табибони зикршуда аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» расониданиам.
Маҳмадҷон АБДУЛЛОЕВ,
шаҳри Душанбе