Шояд дар нигоҳи аввал ин сухан чандон ҷиддӣ нанамояд. Вале агар амиқтар фикр кунем, чунин аст. Ҷанг дар ҳеҷ давру замон, ба ҷуз аз қувваҳои сиёҳи манфиатдор, ба ягон ҷониб фоида наовардааст. Маълум, ки дар задухӯрду муноқишаҳо асосан, мардон ширкат меварзанду ҳалок ва маъюб мегарданд. Ақидае ҳам ҳаст, ки размидан асосан кори мардон аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар таърих иштироки занону духтарон, ҳатто наврасону ҷавонон, дар набардҳо бисёр ба мушоҳида расидааст ва онҳо қаҳрамонии бемисл нишон додаанд. Бахусус, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи истилогарони фашист теъдоди зиёди занони шӯравӣ ба мубориза бархостанд.
Бо вуҷуди он ки артиши кишварҳои ҷаҳонро асосан мардон ташкил медиҳанд, ҷангиёни ҳузарби мусаллаҳ ва огоҳ аз илму ҳаракатҳои низомӣ, пеш аз ҳама, бо модару кӯдакон дар ҷанганд. Пӯшида ҳам нест, ки талафот аз ҳисоби ин қишри ҷомеа бар асари ҷанг бар асари бомбаборонкуниҳои даҳшатнок, беморию гуруснагӣ ва дигар иллатҳо аз талафот дар майдони ҷанг фарқ намекунад. Мутаассифона, аксар ҳолат дар ҷанг қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ риоя намегарданд. Яъне, «оташ, ки фитод, хушку тар месӯзад». Аз тарафи дигар, ҳамон ҷавонону мардоне, ки ба ҳимояи Ватан сафарбар мегарданд, саробони оилаҳоянд. Писар, падар, ҳамсар, бародари касе ҳастанд, ки дар натиҷа, ҳама гаронии рӯзгордорӣ ба сари онҳо бор мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки дар дунё модарону занон алайҳи ҷангу ҷангҷӯён эътироз менамоянд.
Тибқи қоида, қатлу куштор аз ҳар ду тараф дар майдони ҳарбу зарб ба амри муқаррарӣ табдил шуда, асосан, барои он ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар нагардидааст. Вале, вақте ки низомиёни мусаллаҳ ба ҷони мардуми осоишта, бо шумули занону кӯдакон, пиронсолон қасд мекунанд, аз ҷиноятҳои сахти башарӣ баҳогузорӣ мегардад ва дар судҳои байналмилалӣ мавриди баррасию муҷозоти сангин қарор дода мешавад.
Бадбахтона, солҳои навадуми асри гузашта чунин рӯзи сиёҳ ба сари миллати тоҷик таҳмил гардид, ки ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд ва ба иқтисодиёти кишвар хисороти ҷиддӣ ворид намуд. Аз ҷумла, модарони зиёд аз ҷигарбандҳояшон маҳрум монданд, занон бе шавҳар ва кӯдакон ятиму хорузор гаштанд. Бисёриҳо аз гуруснагию бемориҳо ба ҳалокат расиданд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон, бо мадади Худованди карим дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, туфайли ҷонфидоиҳои бемисли ӯ баҳри барқарории сулҳ дар кишвар, ба рӯзҳои саодат расид ва шукргузор аз онем, ки тайи 30 сол мешавад дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Замони соҳибистиқлолии мамлакат дигаргунию ободкориҳое, ки дар кишвар ба амал омад, сокинони ҷумҳуриро бояд ҳидоятгар ба он бошад, ки ба қадри оромию ваҳдати миллӣ расанд ва нагузоранд дигарбора осмони софу беғубори сарзаминро абрҳои сиёҳи даҳшат пӯшонанд.
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Ин мисраъҳои самимонаи устоди зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мардумро ба ваҳдату ҳамзистии осоишта, решакан намудани зулму ҷанг аз рӯзгори инсоният даъват намуда, гӯё маҳз барои рӯзҳои сиёҳи имрӯзи кишвари ҳамсоя — Афғонистон гуфта шуда бошад.
Ҳамчун зан, модар, омӯзгор, пеш аз ҳама, ба хотири саодати ояндаи фарзандону шогирдон ба ҷангу ҷангҷӯён нафрат баён дошта, ба амалӣ гардидани нияту ормонҳои холисонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат боварии комил дорам.
Озода НАМОЗОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №67, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе