Имрӯз Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ғамхории зиёд зоҳир мекунад ва мо инро хуб эҳсос мекунем. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд: «Мо дар оянда ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».
Дар ин бора ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш дода шудааст. Барои амалӣ шудани ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла дар Муассисаи давлатии тандурустии «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ», воқеъ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, корҳои шоёне анҷом дода мешавад.
Дар он ҷо, пеш аз ҳама, муҳити муассисаи тандурустӣ, муомилаи бисёр самимонаи кормандони он хеле писандамон омад ва ҳангоми будубош хастагию бемадориро ҳис накардем. Сарвари муассиса Муҳсинҷон Ҷабборов, мудири шуъба Мирзоид Комилов, духтурон Муминахон Қаҳорова, А. Аминов, А. Бойматова ва дигар кормандони марказ бо мизоҷон хушмуомилаанд ва холисона хизмат мерасонанд. Муҳити маркази тандурустӣ низ фараҳбахш аст. Вақте ки вориди он мегардед, гулҳои рангоранг, роҳравҳои тозаю озода табъи касро болида мегардонад. Дар ин ҷо бо собиқадарони зиёде вохӯрда суҳбат намудем, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон омадаанд. Мо низ чандин сол боз маҳз ҳамин муассисаро, ки ҳам барои табобат ва ҳам истироҳат мувофиқ аст, интихоб кардаем. Месазад, ки фаъолияти чунин муассисаҳо ва роҳбарону кормандонашро васф кард, то намунаи ибрати дигарон бошад.
Бо эҳтиром собиқадорон
Муҳаммадулло Беков аз ноҳияи Файзобод,
Анвар Узоқов аз ноҳияи Панҷ,
Ҳабибулло Содиқов ва Давлаталӣ Беков
аз шаҳри Ваҳдат