Рӯзҳои 14 ва 15 майи соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва таъмини амнияти минтақавӣ: масъала ва дурнамо» баргузор гардид.
Конфронс бо суханони шодбошии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар оғоз шуда, дар ифтитоҳи расмии кори конфронс нахуст табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни конфронс расонида шуд, ки онро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода қироат намуд.
Дар конфронс олимон ва коршиносони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) — Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз кишварҳои нозири СҲШ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони муколамаи СҲШ — Ҷумҳурии Беларус, Туркия, Шри-Ланка ширкат ва суханронӣ карданд.
Маърӯзаҳои онҳо ба мавзӯъҳои «СҲШ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ баъди соли 2014», «СҲШ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ», «Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди баровардани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ ва масъалаи амният дар Осиёи Марказӣ», «Рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар соҳаи нақлиёт ва иртиботот», «СҲШ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ» ва «Масъалаи тавсеаи СҲШ ва дурнамои ҳамгироӣ ва кооператсияи минтақавӣ» бахшида шуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни маърӯзаи хеш дар мавзӯи «Афғонистон баъди соли 2014: тамос ва таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ» изҳор дошт, ки давлатҳои аъзои СҲШ бояд барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ҳамкориҳоро вусъат бахшида, дар ин самт талошҳои бештар намоянд.
-Ҳарчанд мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин мубориза алайҳи паҳн гардидани маводи нашъадор аз самтҳои асосии ҳамкории аъзои Созмон ба шумор меравад, вале дар пайи хориҷ шудани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ (НАТО) аз кишвари ҳамсоя вазъ дар минтақа боз ҳам печида мегардад. Аз ин рӯ, мебояд барои таҳкими амнияти давлатҳои аъзои СҲШ мавқеъгириҳоро рӯшан ва мушаххас кард. Умед аст, ки фаъолияти амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ барои мубориза ба муқобили ҳар гуна қувваҳои силоҳбадаст ва мустаҳкам намудани амнияти сарҳадҳо бо Афғонистон нақши муҳим мебозад,-зикр кард Х. Холиқназар.
Ҳамзамон номбурда дар самти мубориза бар зидди маводи мухаддир, коррупсия, таъмини амният дар марзҳо, хариду фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мулоҳизаҳояшро иброз намуд.
Масъалаи мубориза бар зидди терроризм низ аз мавзӯъҳои марказии ин ҳамойиши байналмилалӣ буд.
Мутахассисони аз давлатҳои аъзои СҲШ зикр намуданд, ки яке аз омилҳои асосии ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон саркӯб намудани гурӯҳҳои ҷангҷӯй дар ин кишвар мебошад, зеро сафи гурӯҳҳои ифротӣ рӯз аз рӯз дар наздикиҳои сарҳад афзуда истодааст, ки хатари онҳо ба суботи минтақа бетаъсир нахоҳад монд. Қувват гирифтани ҳаракатҳои гуногуни террористӣ дар ҳолест, ки соли ҷорӣ сарбозони НАТО Афғонистонро тарк менамоянд.
Инчунин дар бахши иқтисод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикии дуҷонибаву бисёрҷониба дар доираи СҲШ мавриди баррасии меҳмонон ва мизбонони конфронс қарор гирифт.
Дар охир иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки чунин ҳамоишҳои илмиву байналмилалӣ барои тавсеа ёфтани робитаҳо ва ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи СҲШ мусоидат хоҳад кард.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар раванди раисии Тоҷикистон дар СҲШ соли ҷорӣ баргузории як қатор ҳамоиш ва чорабиниҳо ба назар гирифта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли раисии худро дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зери шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ ва ҳамшукуфоӣ» пеш мебарад.
Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»