Барои гузаронидани Кинофестивали байналмилалӣ ҳамаҷониба омода бояд шуд

№9 (4429) 11.01.2022

7c89891420666e0b7b436f1e6d721152Аз оғози соли 2021 дар матбуот хабаре интишор гардид, ки дар Тоҷикистон Кинофестивали байналмилалии Душанбе гузаронида мешавад. Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин кор омодагии хуб дид, аммо аз нав авҷ гирифтани бемории COVID — 19 садди роҳи ниятҳои нек шуд. Кинофестивалро ба дигар вақт монданд.

Тибқи маълумоти бадастомада, алҳол дар шаҳри Душанбе кинотеатри «Ватан» таъмир шудаасту халос. Кинотеатри «Орлёнок» чанд сол боз таъмир гардида истодааст. Кинотеатрҳои «Ситора», «8 март», «Ҷавонон», «Зарафшон», «Помир», «Фестивал», «Ба номи Горкий», «Клуби бинокорон», «Тоҷикистон», «Тошканд», «Клуби роҳиоҳанчиён», «Посёлкаи якуми советҳо», «Ситораи сурх», «Хроника», «Ғалаба», кинотеатри панорамавии ба номи Ҷомӣ ва ғайраро аз байн бардош­танд. Ваъда дода буданд, ки ба ҷояшон биноҳои нав сохта медиҳанд, аммо то ҳол ягон кинотеатри нав барқарор нашудааст.

Дар «Кохи Наврӯз» толори кинонамоишдиҳӣ ҳаст, вале он на ба ҳама дастрас аст. Ҳамчунин, дар Маркази савдои «Ашан» толори начандон калон бо номи «Кайҳон» ҳаст, ки он бештар ба тарғиби филм­ҳои хориҷӣ банд аст.

Кинотеатри ба номи Зебунисо (намедонем, ки он Хонаи кинои ба номи Б. Кимиёгаров бошад ё кинотеатр?) низ ҳоли зор дорад. Се тарафи бинояшро хонаҳои истиқоматӣ иҳота кардаанд ва имкони васеъ кардану ҷойи дурусти фароғат ва беҳдошт барои тамошобинон мавҷуд нест.

То оғози соли 1932 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) 20 кинотеатри тобистона ва зимис­тона амал мекарданд. Ҳатто ҳар як вазорат, раёсат ва идораву муассисаи давлатӣ, заводу фабрикаҳо кинотеатр дош­танд ва иштирок дар намоишҳои баъд аз кор ҳатмӣ буд. Масалан, «Ситораи сурх»-и ГПУ барои 100 ҷойи нишаст, тобистона, «Роҳиоҳанчӣ» 250 ҷой, тобистона, клуби бинокорон барои 600 ҷой, тобистона ва зимистона барои 500 ҷой, заводи керамикӣ барои 200 ҷой, заводи коркарди чӯбу тахта барои 100 ҷой, «Промтрест» барои 100 ҷойи нишаст, заводи пахта барои 120 ҷой, фабрикаи шоҳибофӣ барои 80 ҷой, милитсияи шаҳрӣ барои 350 ҷой, клуби мутахассисон барои 250 ҷой, хонаи Армияи Сурх (баъдҳо Хонаи офисерон, воқеъ дар Боғи Рӯдакӣ) барои 500 ҷойи нишаст, «Варзобстрой» — 100 ҷой, «Комвуз» барои 150 ҷой, Мактаби роҳиоҳанчиён барои 90 ҷойи нишаст, ЦИД барои 100 ҷой, «Армияи сурх»-и ГПУ 100 ҷой, НКФ барои 100 ҷой ва «Снабсбит» барои 80 ҷойи нишаст ва ғайраҳо.

Соли 1933 дар шаҳри Сталинобод аз рӯйи нақшаи меъмор Петр Ваулин, кинотеатри замонавӣ дорои 400 — 500 ҷойи нишаст сохта шуд. Он ду толори кинонамоишдиҳӣ, қаҳвахона, майдони рақс ва хонаи кӯдакон дошт. Ба он номи нависандаи пролетарӣ Максим Горкийро гузоштанд. Баъди чанд сол кинотеатри ба номи М. Горкийро ба маҳаллаи Яккачинор (алҳол бинои Театри таҷрибавии «Аҳорун» ба номи М. Қосимов) кӯчонданду он биноро ба ихтиёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон гузоштанд. Аз соли 2005 дар он бинои таърихӣ кормандони МД «Телевизиони Сафина» ­фаъолият доранд.

Ногуфта намонад, ки соли гузашта бахшида ба 90 — солагии МД «Тоҷикфилм» толори хурди кинонамоишдиҳии куҳна ва фарсудаи он аз таъмири асосӣ баромад. Ин кинотеатри замонавӣ ва дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир 80-100 ҷойи нишаст дорад. Бо қарори ҳайати мушовараи МД «Тоҷикфилм» кинотеатри нав ба номи Артисти халқии Тоҷикистон Тоҳир Собиров гузошта шуд. Алҳол чорабиниҳои расмӣ, фарҳангӣ, ҷашнӣ ва конфронсу семинарҳо дар он гузаронида мешаванд.

Аз ин рӯ, агар мо Кинофестивали байналмилалии Душанберо гузарониданӣ бошем, аз ҳамин рӯзҳо кумитаи ташкилӣ, маркази матбуоти кинофестивалро ташкил карда, омодагӣ дидан лозим меояд. Ақаллан дар шаҳри Душанбе якчанд кинотеари нав сохта ё таъмиру тармим карда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудан лозим аст. Масалан, дар марказҳои савдои «Душанбе — Плаза», биноҳои баландошёна ва биноҳои маъмурии дорои толорҳои калон муваққатан ҳам бошад, кинотеатрҳои навро ташкил бояд кард. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии Рашт, шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳисор бояд толорҳои дар ихтиёрдоштаро аз таъмири асосӣ бароранду ба намоиши филм­ҳои бадеӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба кинофестивал мутобиқ гардонанд. Зеро меҳмонон ва иштирокчиёни кинофестивалро ба вохӯриву мулоқот бо тамошобинон ва сайру саёҳат бурдан лозим меояд.

Тайёр кардани барномаи кинофестивал, маълумот дар бораи иштирокчиёни он, аъзои ҳакамон, китобча — маълумотнома, феҳрис­ти филмҳои дар кинофестивал иштирокдошта ва ниҳоят, тайёр ва чоп кардани китоби «Таърихи кинематографияи тоҷик» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои кумитаи тадорукоти кинофестивал ба шумор мераванд. Дар иҷрои ин корҳо ҳатман тоҷирон ва вазорату идораҳои давлатиро чун сарпараст ҷалб кардан зарур аст.

Дар масъалаи қабули меҳмонҳо ва ҷойгир кардани онҳо дар меҳмонхона мушкилӣ пеш нахоҳад омад. Ҳоло беҳтарин меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Серена — Душанбе», «Хайят — Реҷенси», «Шератон» ва ғайраҳо дорем, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд.

Ниҳоят, таъсиси шоҳҷоиза, ҷоиза ва дип­лому туҳфаҳои хотиравӣ бояд арзиши шоиста дошта бошанд. Зеро маблағи шоҳҷоиза, ҷоиза ва дипломи Кинофестивали XIII байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» аз кинофестивалҳои машҳуртарини ҷаҳон камтар набуд. Масалан, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева «Барои саҳм дар рушди кинематографияи ҷаҳонӣ» бо ҷоиза, диплом ва 20 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардонида шуд. Ё таҳиягари ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ барои филми кӯтоҳи «Сарбор» бо ҷоиза, диплом ва 7 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ин гуна қадрдониҳо ҳама он ҷумҳуриҳоеро, ки оянда нияти гузаронидани ин ё он кинофес­тивал ё дигар чорабинии фарҳангиро доранд, вазифадор мекунад, ки туҳфа ва ҷоизаҳои шоистаро омода намоянд. Зеро ин обрӯи Давлату Ҳукумат аст.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»