Муҳокимаи парламентӣ

Хароҷоти маблағҳои буҷетӣ шаффоф ва самаранок бошад

№51 (3197) 20.05.2014

IMG_5805

Понздаҳуми майи соли 2014 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъала — «Дар бораи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар ноҳияи Ҳисор дар семоҳаи аввали соли 2014» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, мутахассисони Палатаи ҳисоб, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Муҳокимаи парламентӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов ҷараён гирифт.

Убайдулло Давлатов вобаста ба масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зарурати назорати қатъӣ нисбати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои давлатӣ, аз ҷумла даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ, зикр гардидааст.

Яке аз усулҳои таъсирбахши баамалбарории чунин назорат баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъала тавассути муҳокимаҳои парламентӣ ба ҳисоб меравад, ки мувофиқи моддаи 60 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи назорати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ» гузаронида мешавад.

Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ соли дуюм аст, ки ба нақшаи муҳокимаҳои парламентӣ масъалаи баррасии иҷрои буҷети маҳаллиро ворид намуда, имрӯз  иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Ҳисорро дар семоҳаи аввали соли 2014 натиҷагирӣ менамояд.

Мақсади асосии ҷаласаи имрӯза дар баробари зикр намудани чораҳои андешида ва  корҳои ба анҷомрасонидаи  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, инчунин муҳокимаи ошкорои камбудию норасоиҳо, омилҳое, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо ба ҳисоб меравад.

Буҷети ноҳияи Ҳисор барои соли 2014 аз рӯйи даромад ва хароҷот ба маблағи 90,0 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, нисбат ба нақшаи соли 2013 ба андозаи 17096,5 ҳазор сомонӣ ё 23,4 фоиз зиёд мебошад, 74,5 фоизи буҷети ноҳия ё маблағи 66847,6 ҳазор сомонӣ барои фонди музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ равона шудааст.

Сарчашмаи асосии таъмини қисми даромади буҷет андоз аз арзиши иловашуда мебошад, ки тахминан аз се як ҳиссаи даромад, яъне 32,1 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи тақсимоти буҷет ба семоҳаҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қисми даромад ба маблағи 19573,4 ҳазор сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 19511,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ 16,1 млн. сомонӣ ё 82 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 3450,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2626,0 ҳазор сомонӣ ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлили даромади буҷети ноҳияи Ҳисор аз рӯйи сарчашмаҳои воридотӣ нишон дод, ки дар ин давра воридоти андоз аз даромад 118 фоиз, андоз аз фоида 111 фоиз, андоз аз моликияти ғайриманқул 173 фоиз, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт 102 фоиз, андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ 144 фоиз, боҷи давлатӣ 107 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Аммо воридоти панҷ намуди андоз, аз ҷумла аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, низомҳои махсуси андозбандӣ, аксизҳои дохилӣ ва дигар даромадҳои ғайриандозӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 4893,4 ҳазор сомонӣ таъмин нашудааст.

Мувофиқан иҷрои қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ҳамагӣ 16 млн. сомонӣ ё 82 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,4 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти  барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоиии шаҳру ноҳияҳо зикр гардидааст. Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Ҳисор чунин барномаро ҳанӯз соли 2012 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 №336 Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016 тасдиқ шудааст. Ин Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосии афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳия барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.

Барнома аз 150 лоиҳа иборат буда, аз он 50-тоаш ба маблағи 480,9 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 54 лоиҳа ба маблағи 378,5 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа ба маблағи 209,4 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 8 лоиҳа ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ доранд. Дар баробари ин, нисбат ба 116 лоиҳа сарчашмаҳои маблағгузориаш муайян карда шуда, дар маҷмӯъ бо маблағи 1078,2 млн. сомонӣ, барои 31 лоиҳа бошад, гузаронидани фандрайзинг (дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ) лозим аст.

- Дар асоси нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии  кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили рафти иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонида шуд, — гуфт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод.

Чунончӣ, лоиҳаи қисми даромади буҷети ноҳияи Ҳисор барои соли 2014 аз тарафи Раёсати молияи ноҳия аз рӯйи контингенти умумии даромадҳо ба маблағи  65107,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аз ҷониби Вазорати молия бошад, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯйи  контингенти умумии даромадҳо ба маблағи 93710, 0 ҳазор сомонӣ тасдиқ шудааст, ки нисбати лоиҳаи пешниҳоднамудаи Раёсати молияи ноҳия 28603,0 ҳазор сомонӣ ё 43,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, қисми даромади буҷети ноҳия барои соли 2014  нисбат ба манбаъҳои  мавҷуда ба қадри 14929,5 ҳазор сомонӣ зиёд нақшабандӣ шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Ҳисор дар семоҳаи аввали соли 2014 ба маблағи 19511,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 16079,0 ҳазор сомонӣ ё 82 фоизи нақшаро ташкил додааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба қадри 2626,0 ҳазор сомонӣ  ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз рӯйи  гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ бошад, ҳиссаи асосиро хароҷотҳо барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои иҷтимоӣ 88,5 фоизи хароҷотҳои умумиро ташкил додааст.

Қарздории ташкилоту муассисаҳо аз рӯйи пардохти андозҳо дар назди буҷет ба ҳолати 1 январи соли 2014 маблағи 9064,7 ҳазор сомонӣ  ва ба ҳолати 1 апрели соли 2014 маблағи 9356,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат  ба аввали сол ба қадри 292,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки яке аз сабабҳои асосии  афзоиши бақияпулиҳои андоз дар ин давра ин ҳисоб намудани ҷарима ва фоизҳо барои сари вақт пардохт накардани андозҳо мебошад.

Раиси  ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов иҷрои буҷети маҳаллиро дар семоҳаи аввали соли 2014 таври муфассал шарҳ дод. Тавре мавсуф иброз медорад, сабабҳои иҷро нагаштани қисми даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ асосан дар он аст, ки нисбати соли 2012 молу маҳсулот тариқи дидбонгоҳи гумруки Ҳисор ба миқдори 3630 қатора ворид нагардид. Сабаби  дигар он аст, ки ҳангоми банақшагирии қисми даромади буҷети ноҳия барои соли 2014 фаъолияти Комбинати металлургии  тоҷикию хитойӣ ба нақша гирифта шудааст, вале комбинати мазкур фаъолияти истеҳсолии худро мувофиқи нақшаи нави тарҳрезӣ танҳо дар нимсолаи дуюми соли 2015 ба роҳ мемонад. Ҳамзамон сабаби  дигар аз тарафи соҳибкорон кам ворид кардани молу маҳсулот  дар давраи зимистон мебошад.

Қобилияти харидории мардум дар мавсими зимистон кам мегардад, бинобар ин қисми зиёди соҳибкорон аз ворид намудани маҳсулот худдорӣ мекунанд.

Сабаби дигар дар мавсими зимистон кор накардани 12 корхонаи хишт ва қисман аз фаъолият мондани корхонаҳои хурду миёна аз сабаби набудани барқи доимӣ мебошад.

Ҳамаи ин дар ниҳояти кор барои иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия таъсири манфӣ расонид. Қисми хароҷоти ноҳия низ аз ҳамин сабаб  пурра нагардид.

Раиси ноҳия Усмон Сабзов дар идомаи суханрониаш гуфт, ки дар ин давра 90,4 фоизи қисми хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ  равона шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор зиёд гардидани даромади буҷети ноҳияро ба инобат гирифта, бо мақсади иҷрои он ҷиҳати дарёфт намудани манбаъҳо ва кам кардани бақияпулиҳои андоз  чораҳо меандешанд.

Аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»