Рашт. Хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад

№10 (4430) 15.01.2022

08e816738ffdf61fa0819e121c378f59Таъмиру навсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҳайё гардидани онҳо доимо мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо иқдомҳои судманд андешида мешавад.

Дар доираи чунин тадбирҳо дар ноҳияи Рашт ду шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳия таъмиру навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, ки арзиши онҳо 10 миллион сомонӣ аст, таъмин шуданд.

Тавре Насриддин Солеҳов, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт иттилоъ дод,  таъмиру навсозии шуъбаи эҳёгарӣ ва касалиҳои сироятии беморхона, ки солҳои 80-уми қарни гузашта бунёд шудаанд, идомаи мантиқии бунёдкорӣ маҳсуб мешавад. Илова  бар ин,  барои дар фасли зимистон таъмин намудан бо гармӣ иншооти алоҳида бунёд шудааст.

Баъд аз анҷоми таъмиру навсозӣ утоқҳои кори табибон ва ҳуҷраҳои табобатӣ бо таҷҳизот, мизу курсӣ, рахти хоб ва дигар воситаҳои зарурӣ пурра таъмин шуданд.

- Барои фаъолияти бонизоми шуъбаи эҳёгарӣ ва касалиҳои сироятӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҷмӯи эндоскопӣ, ренгеноскопия, 9 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи ултрасадо, дастгоҳи барқии муоинаи дил, 16 оксигенератор ва мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд. Чунин ғамхориҳои Пешвои миллат аз кормандони соҳаи тандурустии ноҳия тақозо менамояд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ саъю талош варзанд, — гуфт дар фарҷом Н. Солеҳов.

Д. ТАЛАБЗОДА,

«Садои мардум»