Паём ва масоили амнияту осоиштагӣ

№10 (4430) 15.01.2022

Яке аз масъалаҳои басо муҳими Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, масъалаи ҳифзи суботу амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ин масъала аҳамияти бештар касб кардааст.

Сарвари давлат нахуст бо қаноатмандӣ аз саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талош­ҳои созандаи миллати тоҷик вобаста ба ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ёдрас шуда, даҳ соли аввали истиқлолиятро барои мардуми кишвар марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ номиданд, ки дар ҳақиқат, он замон бақои давлату миллат таҳти хатари бузург қарор дошт.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар оғози солҳои навадуми асри гузашта — замоне ки давлати соҳибистиқлоламон аввалин қадамҳоро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.

Бояд гуфт, дар масъалаи таъмини амният саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, бузург аст. Зеро дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул шуданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфт.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардид.

Зимнан, муқаррароти моддаи 8 Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки мақсад ё амали онҳо барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ, вайрон кардани якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор сохтани амнияти давлат, таъсис додани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ, поймол кардани ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ равона мебошанд, манъ мекунад.

Бо мақсади амалӣ сохтани муқаррароти конститутсионии иброзгардида зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ зина ба зина заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба экстремизм ва терроризм мукаммал гардонида шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 14 ноябри соли 1999 ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8-уми декабри соли 2003 таҳти № 69 ба тасвиб расиданд, ки дар онҳо асосҳои ташкилӣ — ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ба таври мушаххас муқаррар намуданд.

Тибқи сиёсати башардӯстона, бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонун қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар моратория эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 17 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» қабул ва нисбат ба яксаду ҳафтод ҳазор нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод шуданд. Аз ҷумла, 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки тибқи он, 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуданд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина моддаҳои дахлдор ва андозаву навъҳои ҷазо барои чунин ҷиноятҳо муайян гардиданд. Аз ҷумла, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 таҳти №35 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои зерин ворид карда шуданд: Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (м. 3071 КҶ ҶТ), ташкили иттиҳоди экстремистӣ (м. 3072 КҶ ҶТ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (м. 3073 КҶ ҶТ).

Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидани мубориза ба экстремизм ва терроризм бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 августи соли 2011 таҳти №750 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3074 (Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта) ворид гардид.

Зарурати иҷтимоии ворид намудани моддаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ташкилотҳои экстремистӣ — террористӣ аз аввали солҳои 90 — уми асри гузашта бо роҳи таълимоти хонагии динӣ тафаккури ҷавононро ифротӣ гардонида истодаанд.

Бо сабаби солҳои охир зиёд гардидани иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 таҳти №1088 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4011 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ворид гардид, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ашхоси гунаҳгор ба мақомоти дахлдор шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар эзоҳи моддаи мазкур муайян гардидааст, ки «шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».

Дар асоси муқаррароти мазкур беш аз 150 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, айни замон ҳаёти орому осоишта доранд. Мавҷудияти ин муқаррароти қонунгузорӣ дар асоси принсипи инсондустӣ роҳандозӣ гардида, саҳми муҳими сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро дар тарбия намудани инсони комил собит месозад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 таҳти № 411 «Дар бораи ҳуқуқ ба иттилоот», ки мақсад аз он фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд барои озодона ҷустуҷӯ ва гирифтани иттилоот мебошад, инчунин, таъмини шаффофияти иттилоотии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти аҳолинишин ва худидоракунии деҳот, маҳдуд кардани дастрасии иттилооти зеринро ба:

а) сирри давлатӣ ё хизматӣ дошта бошад;

б) дар бораи ҳаёти шахсии шахси дигар бе розигии ӯ (маълумоти шахсӣ), агар дар қонунҳои амалкунанда тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

в) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ;

г) дар бораи баррасии судии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ва маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар ҳолатҳое ки ифшои ин маълумотро қонун манъ кардааст ё метавонад ҳуқуқи шахсро ба баррасии холисонаи судии парвандаи ӯ вайрон кунад, ба ҳаёт ё саломатии ӯ таҳдид намояд, пешбинӣ шудааст.

Чунин талабот вобаста ба пешгирӣ намудани тафаккур ва дигар намуди амалҳои экстремистӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 майи соли 2007 таҳти № 258 (м.14), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009 таҳти № 489 (б.б. 5-8. м. 4), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998 таҳти № 680 низ вуҷуд дорад, ки фаъолияти дилхоҳ ҳизбу ҳаракат, иттиҳодияҳои динӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки мақсадҳо ё амалиёти онҳо барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ — мазҳабӣ, хусумати миллӣ, нажодӣ ва маҳалгароӣ равона мебошанд, манъ карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои қаблиашон низ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз «торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам» изҳори нигаронӣ намудаанд.

Ба маънои васеъ мафҳуми «амният» фароҳам овардани шароити зарурӣ ба шаҳрвандон барои зиндагии арзанда ва рушду нумӯи озодонаи онҳоро дар бар мегирад. Зери мафҳуми «амнияти миллӣ» бошад, ҳолати ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ фаҳмида мешавад.

Таҳдидҳои дохилӣ ба амнияти миллии кишварро на танҳо равандҳои бевосита ба идоракунии давлатӣ таъсиргузор (муборизаи сиёсӣ, тағйири ҳукумат ва ғайра), балки омилҳои заифкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ (проблемаҳои маънавӣ — фарҳангӣ, иҷтимоӣ — иқтисодӣ, низоъҳои этникӣ, афзоиши ҷинояткорӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ғ.) низ ба миён меоранд, ки барои бартараф сохтани ин омилҳо андешидани чораҳои зерин тақозои замон буда, дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳамчун самтҳои афзалиятнок эътироф гардидаанд:

- баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии шахс;

- рафъи заминаҳои иҷтимоию иқтисодии ифротгароӣ ва радикализатсия, ки ба терроризм оварда мерасонад;

- пешгирии ифротгароӣ ва ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар муҳити динӣ;

- пешгирии экстремизм ва радикализатсия дар байни ноболиғон ва ҷавонон;

- муқовимат ба истифодаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ;

- кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ;

- пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ ва радикалӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ;

- пешгирии экстремизм ва радикализатсия дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ;

- такмил додани чораҳои таъқиб ва ҷавобгарӣ барои экстремистон ва террористон.

Ба далели он ки ҳар як равияи мазҳабӣ дорои вижагиҳои космополитӣ аст, мусалмонон (хусусан, баъзе аз тоҷикон) рӯз то рӯз ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ваҳдату фарҳанги миллиро аз даст дода, бархе аз онҳо ба ташкилоти экстремистӣ — террористии «Давлати исломӣ», «Толибон» ва амсоли онҳо пайвастаанд, ки худро гӯё мусалмон медонанд, на тоҷик. Маданият, фарҳанг ва аз ҳама болотар, идеологияи миллиро рад мекунанд. Ин раванд бевосита ба амнияти миллии кишвар таҳдид намуда, оқибатҳои хатарнок дорад.

Аз муҳтавои Паёми Президенти кишвар бармеояд, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъолияти ҷиноятии созмонҳои ифротӣ — террористӣ буда, онҳо дар доираи тарҳҳои фаромиллии исломгароии хориҷӣ фаъолият доранд. Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ буда, ҳеҷ яке аз динҳоро ҳамчун идеологияи давлатӣ ва миллӣ эътироф намекунад. Аз ин лиҳоз, идеологҳои чунин ташкилотҳо ба ақидаҳои такфирӣ даст зада, то ҳол дар байни мардум тухми нифоқ ва бадбиниро барангехта истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани шиддати экстремизм ва терроризм ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангӣ — динӣ, таърихӣ — сиёсӣ, ирфонӣ — адабӣ, иттилоотӣ ва ташкилӣ — ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм чораҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ, дар мубориза ба вабои аср лозим аст, ки тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, дигар қишрҳои ҷомеа ва аҳолӣ муттаҳид шаванд. Дар ҳама вазъияти сиёсӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ҳимоятгари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бошанд.

Файзалӣ ШАРИФЗОДА,

сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент,

генерал — майори милитсия