Чандест, ки дар масири беморхонаи Қарияи боло ва бозори «Фаровон — Қӯрғонтеппа» дар шаҳри Бохтар ду ҷамъият барои мусофирбарӣ баҳс доранд. Ба иттилои масъулини ниҳодҳои дахлдор, фаъолияти ҶДММ «Мусофирбар» ғайриқонунӣ аст. Аммо роҳбари он Валӣ Маҳмадшоев чунин намеҳисобад.
Бино ба маълумоти муовини сардори Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтар» Зокир Каримов, сокиноне, ки ба самти беморхона корафтода мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набудани нақлиёти ҷамъиятӣ ва баланд будани арзиши роҳкирои таксиҳо изҳори нигаронӣ карданд. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ба ин мавзеъ омада, ба масъулон супориш дод, ки ҳар чӣ зудтар дар ин масир, тибқи тендер, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз қабили микроавтобусҳо, ташкил карда шавад. Тендер эълон карда шуд ва дар он ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» ғолиб омад.
- Баъди дар тендер ғолиб омадани роҳбари ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» Тоҷиддин Сафаров дар ин масир рафтуомади микроавтобусҳоро ба роҳ монд. Мутаассифона, роҳбари ҶДММ «Мусофирбар» Валӣ Маҳмадшоев, ки 23 адад мошини сабукрав дорад, пайваста ба фаъолияти ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» монеа эҷод мекунад. Роҳбари ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» Тоҷиддин Сафаров нисбат ба қазия ба Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар мактуб ирсол карда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ кумак расонанд. Аммо на Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар ва на Прокуратураи шаҳри Бохтар натавонистанд чора биандешанд, — гуфт Зокир Каримов.
Сардори Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтар» Раҳмон Қурбонов зимни суҳбати телефонӣ гуфтаҳои муовинашро тасдиқ ва илова кард, ки аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар фаъолияти ҶДММ «Мусофирбар» манъ карда шудааст.
- Аз ҷониби раёсат ҳама кори лозима, аз қабили гузаронидани тендер ба анҷом расонида шуд. Бояд ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» фаъолиятро давом диҳад. Назорати фаъолияти он бар зиммаи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Хатлон вогузор шудааст. Бояд ниҳоди зикршуда ба ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» шароити мусоиди кор таъмин намояд, — иброз дошт Раҳмон Қурбонов.
Сардори шуъбаи шаҳри Бохтар дар Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар Нуруллозода Баҳром иттилоъ дод, ки якҷо бо кормандони Прокуратураи шаҳри Бохтар фаъолияти ҶДММ «Мусофирбар» аз санҷиш гузаронида шуда, натиҷаи санҷиш барои бекор кардани фаъолияти он ба суд ирсол карда шуд. «Аммо суд чӣ қарор баровардааст, намедонам», — гуфт ӯ.
Перомуни масъала мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат, тибқи амри раиси шаҳр, соли 2021 фаъолияти ҶДММ «Мусофирбар» бекор шудааст. Сабаб дар он буд, ки ҷамъият нақлиёти микроавтобус надошт. Сокинон аз гаронии роҳкирои таксиҳои он зиёд шикоят карданд. Тибқи талаботи наве, ки шаҳрдори Бохтар қарори дахлдорро ба роҳбари ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» Тоҷиддин Сафаров додааст, дар ин масир танҳо бояд микроавтобусҳо фаъолият намоянд. ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс» ҳамин талаботро иҷро карда, рафтуомади микроавтобусҳоро роҳандозӣ кард.
- Дар ҳақиқат, аз фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ «Мусофирбар» ба мо низ хабар расид. Тибқи иттилои расида, гӯё то ҳол аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «Мусофирбар» роҳхат дода шуда истодааст. Тибқи талаботе, ки дар тендер муайян гардид, бояд роҳхатро ҳамон ҷамъияте, ки дар тендер ғолиб омадааст, таъмин намояд. Оид ба ин масъала ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ мактуб ирсол кардем, ки дар кадом асос ба ҷамъияте, ки фаъолияташ қатъ шудааст, роҳхат дода мешавад? Аммо то ҳол ҷавоб нагирифтем, — зикр кард Юсуфзода Афзал.
Тоҷиддин Сафаров, роҳбари ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс», зимни суҳбат гуфт, ки аз ғайриқонунӣ фаъолият кардани ҶДММ «Мусофирбар» ниҳодҳои дахлдор бохабаранд.
Роҳбари ҶДММ «Мусофирбар» Валӣ Маҳмадшоев масъулини Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро фиреб дода гуфтааст, ки иҷозати фаъолияти таксиҳои фармоишӣ дорад. Бо роҳи фиреб Валӣ Маҳмадшоев бо Хадамоти давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикии ҷумҳурӣ шартнома баста, аз он ҷо ду ҳазор роҳхат гирифтааст. Бояд онҳо дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтар» ба қайд гирифта шуда, баъдан ба ҷамъиятҳо дода шаванд. Аммо роҳбари ҶДММ «Мусофирбар» бе қайди роҳхатҳо дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтар» худсарона ба ронандаҳо бемуҳр роҳхат дода истодааст, ки дар самти роҳи беморхонаи Қарияи боло ва бозори «Фаровон — Қӯрғонтеппа» ғайриқонунӣ фаъолият доранд. ҶДММ «Мусофирбар» дар мувозинат ягон нақлиёт надорад. Ба болои ин, худсарона дар канори роҳи мошингарди назди Раёсати маорифи вилоят ва кӯчаи Бобоҷон Ғафуров истгоҳи воситаҳои нақлиёт ташкил кардааст. Роҳкирое, ки дар ин масир роҳандозӣ кардем, як сомонӣ муайян шудааст. Аммо таксиҳои ҶДММ «Мусофирбар» ғайриқонунӣ аз мусофирон чор сомонӣ мегиранд. Бояд ниҳодҳои дахлдор фавран доир ба ин масъала чораандешӣ намоянд, — гуфт Тоҷиддин Сафаров.
Вале роҳбари ҶДММ «Мусофирбар» Валӣ Маҳмадшоев зимни суҳбати телефонӣ ҳама гуфтаи дар боло зикргардидаро беасос хонда, иддао кард, ки фаъолияти ғайриқонунӣ надоранд.
- Офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Агар фаъолияти ҷамъият ғайриқонунӣ бошад, ниҳодҳои дахлдор хулосаи даркориро мебароранд, — иброз намуд Валӣ Маҳмадшоев.
Воқеан, чаро ниҳодҳои масъул ин баҳсро ҳал карда наметавонанд? Ё шояд зери коса нимкоса ҳаст?
Масъулини ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ба ин баҳс хотима бахшида, ҳақро ба ҳақдор расонанд. Зеро ҳар сонияи таъхиршуда зарар ба мусофирон, яъне сокинони шаҳр, аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»