Таваҷҷуҳ ба инсон, таъмини амният ва сулҳу оромии ҷомеа, ҳифзи саломатии инсон, тарбияи кӯдакон дар кӯдакистонҳо, таҳсил дар мактаб, таҳсил дар омӯзишгоҳҳою донишгоҳҳо ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон, таъмин бо ҷои кор, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди қитъаҳои замин барон бунёди манзили зист, дарёфти маблағ ва имкониятҳо барои манзилсозӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии муосир, ёрӣ расонидан ба эҳтиёҷмандон, таъмини нафақаи пиронсолон ва бисёр масъалаҳои дигар фарогири муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буданд.
Тавре аён аст, меҳвари асосии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба инсон мебошад. Инчунин, таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳама сарҷамъ бошему аз рӯи барномаҳою нақшаҳои таҳияшуда амал намоем.
Дар баробари рушди дигар соҳаҳо пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян ва солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Воқеан, рушди босуръати саноати миллӣ боис ба таъсиси ҷойҳои нави кор, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум рақобатпазир гардидани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Ҳамчунин, рушди саноат ба рушди соҳаҳои дигар, аз ҷумла боркашонии нақлиётӣ, тиҷорат, пешрафти илми соҳавӣ (ихтироъкорию кашфиётҳо), соҳибкасбу боҳунаршавии теъдоди зиёди одамон мусоидат менамояд. Мусаллам аст, ки истеҳсоли неъматҳои моддӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт ва дар натиҷа, беҳтарнамоии сифати зиндагии мардум мебошад.
Зимнан, рушди саноати миллӣ ба ду самт равона мегардад:
а) истеҳсоли маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда (воридотивазкунанда);
б) истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда.
Саноати мамлакат асосан дар самтҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои ранга ва қиматбаҳо, коркарди сангҳои қиматбаҳо, саноати сабук (коркарди пахта, пилла, пӯсту пашм), саноати кимиё, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ (коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли дигар маҳсулоти хӯрока) рушд ёфта истодааст:
Барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди саноат масъулинро зарур аст, ки ҳангоми таъсиси корхонаҳои нав оқилонаю асоснок чораандешӣ намоянд. Зеро кори номуназзами корхонаҳо аз як тараф, ба менеҷменти нодурусти идоравии онҳо вобаста бошад, аз ҷониби дигар, дар бисёр маврид шаҳодати истифодаи нодурусти сармояи соҳибкори истеҳсолӣ аст. Вобаста ба ин, масъулинро зарур аст, ки ба сармояи хусусии соҳибкор низ чун боигарии давлат муносибат дошта бошанд. Яъне, ба соҳибкоре, ки ихтиёран хоҳиши бунёди корхонаҳои истеҳсолиро дорад, ҳамаҷониба тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод намуда, минбаъд ба мушкилиҳои истеҳсолии пайдошуда пуртоқатона ва беғаразона кумак намудан зарур аст. Танҳо бо чунин муносибат фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва дар умум рушди соҳаро таъмин намудан мумкин мебошад.
Яке аз омилҳои фаъолияти босуботи корхонаҳо рақобатпазиру бозоргир будани маҳсулот мебошад. Харидор бо нарх ва сифати маҳсулот аҳамият медиҳад. Истеҳсолкунандаро низ зарур аст ба ин ду ҷиҳат, яъне, нарх ва сифати маҳсулот аҳамияти хоса зоҳир намояд. Ҳар ду масъала ба ҳам алоқаманд мебошанд. Ҷиҳати пастнамоии арзиши аслии маҳсулот, ки дар натиҷа нархи онро муайян менамояд, мебояд аз ашёи маҳаллии дар масофаи нисбатан наздик мавҷудбуда истифода намуда, барои коркарди он аз технологияи инноватсионии камхарҷи муосир ва мутахассисони варзида истифода намуд. Саноатчиёнро мебояд, ки барои таъминоти бозори дохилӣ ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотии серхаридоре, ки аз ашёи маҳаллӣ истеҳсол намуданашон имконпазир аст, машғул шаванд. Дар марҳилаи дигар ҳимояи истеҳсолкунандаи ватанӣ ба воситаи истифодаи фишангҳои иқтисодӣ, аз қабили ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ ба маҳсулоти ҳаммонанди воридотӣ ва ё қисман маҳдуднамоии содироти ашёи коркарднашуда низ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо ворид намудани молу маҳсулоти хориҷӣ иқтисодиёти дигар мамлакатҳоро дастгирӣ карда истодаем.
Барои расидан ба таносуби мусбати савдои хориҷӣ мебояд иқтидори содиротии мамлакатро зиёд намоем. Дар ин самт низ саҳми корхонаҳои саноатӣ марҳила ба марҳила зиёд гардида истодааст. Масалан, кишвар аз давлати воридкунандаи семент ба давлати содиркунандаи он мубаддал гардид. Боз бисёр истеҳсоли маҳсулоти дигар, гӯшти мурғ, тухм, гӯшти гов, хишт, мебел, афшураю шарбатҳо, обҳои ташнагишикан, ҳасибҳо ва ғайра низ зиёд шуда истодаанду воридоташон хеле кам гардидааст. Ҳамчунин, давра ба давра кам гардидани теъдоди номгӯи молу маҳсулоти воридшаванда ва зиёдшавии номгӯи молу маҳсулоти содиротшаванда ҳамчун нишондиҳандаи рушди саноати миллӣ баҳогузорӣ карда шавад.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба сари аҳолӣ дар ҷаҳони муосир, яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди саноати мамлакатҳо раддабандӣ карда мешавад. Дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳистон бо дарназардошти набудани инфрасохтори зарурӣ, дурии роҳҳо, муҳлати дарози фасли сармо ва дигар мушкилиҳо соҳибкорон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ майл надоранд. Барои рушди саноати маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдаст имтиёз зиёд дода, ба қавле, барои соҳибкорон «биҳишти иқтисодӣ» ташкил намудан ба манфиати рушди соҳа мебошад.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ бо пешниҳоди имтиёзҳо, таъсиси паркҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ ба рушди соҳаи саноат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Пешвои миллат дастур доданд, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» дар мамлакат зиёда аз 870 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд ба 95 миллиард сомонӣ расонида шавад. Ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида шуда, содироти маҳсулоти саноатӣ ду маротиба зиёд гардад.
Итминони комил дорем, ки иҷрои амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, кишварро ба давлати саноатӣ — аграрии пешрафта мубаддал мегардонад.
Хайрулло АМОНУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия