Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№11 (4431) 18.01.2022

«Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,  андозаи нафақа ва стипендия»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳила ба марҳила зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро зарур шумориданд.

Дар робита ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 13 январи соли 2022 таҳти №312 ба тасвиб расид, ки тибқи он, аз 1 январи соли 2022 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Аз 1 июли соли 2022 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин, ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 барои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад.

Мутобиқи фармон, аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия ва нафақаҳои суғуртавию иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рӯи андозаҳои зикргардида дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ин тадбир баҳри некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат равона гардидааст.

www.president.tj