Анҷумани забони олмонӣ

№52 (3198) 22.05.2014

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Анҷумани 9-уми омӯзгорони забони олмонӣ баргузор гардид, ки дар он сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Холгер Греен ширкат намуд. Қабл аз оғози ҳамоиш, сафирро ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳузур пазируфта, пиромуни равобиту густариши ҳамкориҳо  суҳбат орост. Ӯ аз ҷумла  изҳор дошт, ки бо дастгирии Сафорати Олмон ҳамасола баргузории Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар донишгоҳ хоҳишмандони омӯзиши ин забон зиёд мебошад.

Сипас, қисми ифтитоҳии Анҷуман бо ҳузури беш аз 150 нафар муаллими забони олмонӣ аз макотиби олӣ ва таҳсилоти  миёнаи мамлакат ба кори худ шурӯъ намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамоиш, ҳамчунин директори идораи ҳамкориҳои Швейтсария Петер Микула, роҳбари бахши забон дар Институти ба номи Гёте (Тошканд) Фредерике Мёшел, роҳбари Маркази иттилоотии хадамоти DAAD Артур Рапп, профессори Донишгоҳи Дуйсбург-Эссен Рупрехт Баур, намояндаи Вазорати Федералии Австрия доир ба маориф ва зан Клеменс Тонзерн ва як қатор меҳмонони дигар аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар оғози анҷуман зикр кард, ки робитаи адабию фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои Олмон, Австрия ва Швейтсария дорои таърихи тӯлонӣ мебошад. Дар даврони истиқлолият ин равобит боз ҳам тақвият ёфт. Абдуҷаббор Раҳмонов, ҳамзамон нақши анҷуманро дар таҳкими дӯстии миёни омӯзгорони забони олмонӣ судманд арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки маҳз дар натиҷаи баргузории ин гуна чорабиниҳо маводи зиёди манфиатбор барои толибилмон ба вуҷуд меояд.

Сафири Олмон дар Тоҷикистон Х.Греен бо фараҳмандӣ изҳор дошт, ки аз забондонӣ ва нутқи буррою фаҳмои донишҷӯён ва омӯзгорон зиёд хушнуд шудааст ва барои минбаъд боз ҳам ривоҷу густариш ёфтани ин забон саъй хоҳад намуд. Ба таъкиди ӯ, забони олмонӣ низ, дар радифи забони англисӣ, яке аз забонҳои муоширати миёни одамони дунё буда, донистани он барои миллати тоҷик, барои рушди соҳаҳои гуногун басо судманд мебошад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»