Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Нобовар ва гурӯҳи «Шамс»

№52 (3198) 22.05.2014

1

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгирии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба беҳтарин овозхонҳо Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило- 2013» тақдим гардид. Овозхон Нобовар Чаноров ҳам барандаи Ҷоизаи байналмилалии  «Ҷило- 2013» дар бахши «Беҳтарин сарояндаи сол» шуд. Талабу дархости мухлисони сершуморашро ба инобат гирифта, 23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Кохи Ҷомӣ консерти Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс» баргузор мегардад.

Бо овозхони писандидаи ҷавонон Нобовар Чаноров ҳамсуҳбат шуда, ба чанд суоламон ҷавоб гирифтем.

-Нобовар, истеъдоде, ки шумо доред, манзури ман аксари  асбобҳоро навохтану суруд хондан, аз куҷо маншаъ гирифтааст?

-Агар гӯям, ки ман дар муҳити санъаткорон ба воя расидаам, хато намешавад. Падарам Балхиёр бештари асбобҳои халқиро озодона менавохт ва суруд низ мехонд.  Бар замми ин, амакам-Ҳофизи халқии Тоҷикистон Муродбек Рамазонов солҳои зиёд дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаров кор карда, чун сароянда дар байни мардум маҳбубияти зиёд дошт.

Ҳамаи ин ба ман бетаъсир намонд. Падарам дарки мусиқӣ ва сурудхониямро пай бурда, маро аз синфи 4 ба мактаби мусиқии маркази ноҳияи Рӯшон бурд. Дар мактаби мусиқӣ ман аз устодонам Олимшо Раҳматов, Ҷумъа Дӯсталиев, Қобиламо Ғарибшоева ва Камол Давлатназаров навохтани аккордеон, фортепиано ва овозхонӣ дар хори умумиро омӯхтам.

Бояд зикр кард, ки то омадан ба мактаби мусиқӣ ман дар зодгоҳам дар кружоки мусиқии ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи рақами 6-уми деҳаи Деррӯшони ноҳияи Рӯшон зери роҳбарии  муаллимонам Зиёратмо Ғуломсейнова ва Шакармамад Шакармамадов менавохтам ва суруд мехондам. Аввалин сурудҳоям дар саҳни мактаб ин «Фасли навбаҳор» ва «Моро ҳаёти озод аз файзи инқилоб аст» буданд.

-Бо кадом суруд ба саҳнаи касбӣ роҳ ёфтед?

-Соли 1982 дар ноҳияи Рӯшон озмуни ноҳиявии «Ғунчаҳои санъат» доир шуд. Ман дар ин озмун бо суруди «Кабӯтари сулҳ» (шеър ва оҳанги Боша Элчибеков) баромад намуда, аз ҷониби аъзои ҳакамон сазовори 10 хол гардидам.

Аз ин рӯ, ин суруд бароям  хеле азиз аст ва ман ният дорам, ки дар консерти пешорӯ онро бо такмили нав ба мухлисонам ҳадя кунам. Ин суруд бо мисраъҳои зайл оғоз меёбад.

Аз мавзолейи Ленин,

Аз рӯйи минбари Сулҳ.

Парвоз менамояд,

Ҳар сӯ кабӯтари Сулҳ.

Гоҳ мепарад ба Юнон,

Гоҳе ба сӯйи Эрон.

Пайғом мебарад он,

Ҳар сӯ кабӯтари Сулҳ.

Дар маҷмӯъ, то соли 1986 дар мактаби мусиқии маркази ноҳия нозукиҳои касби навозандагӣ ва сурудхониро омӯхтам. Дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия ва мактаб ҳам дар хори умумӣ суруд мехондаму ҳам дар ҳайати дастаҳои  навозандагон машшоқӣ мекардам.

Дар синфи ҳафтум мехондаму чун сарояндаи наврас аллакай дар ноҳия  маҳбубият доштам. Сурудҳои «Модар», «Ҷони ширин», «Гулсара», «Помир та номри  қабул», «Панду насиҳат» ва ғайраҳо маҳсули он айём ба ҳисоб мераванд. Баъдтар ба ашъори  ноби Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Муҳибӣ ва дигарон рӯ овардам.

Дар авҷи камолот соли 1988 ба факултети  педагогӣ- мусиқии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, аз устодони санъати тоҷик -Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Муҳаммадқулов, устоди сози ғиҷак Шайхалӣ Файзенов нозукиҳои касбро аз худ кардам. Мутаассифона, ҷанги дохилӣ имкон надод, ки  донишкадаро хатм кунам. Соли 1992 дар курси чорум мехондаму кашмакашиҳои сиёсӣ оғоз ёфт ва танҳо баъди чанд сол таҳсилро дар факултети актёри драма ва кино зери роҳнамоии профессор Аскар Абдураҳмонов, дотсент Соро Музофиршоева ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева хатм кардам.

-Вазъи ноороми сиёсии он айём ба шумо овозхони ҷавону аллакай шинохта чӣ гуна таъсир расонд?

- Дар зодгоҳам  чанд муддат зистам. Сипас, маро ба театри вилоятӣ даъват карданд. Дар театр ҳам суруд мехондаму ҳам дар  намоишномаҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Барзуи шуғнонӣ» ва ғайраҳо нақш офаридаам. Солҳои 1993- 1995 дар Театри мазҳакаи  мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаров кор кардам. Ҳамроҳи Давлат Назриев, ҳоло  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дар таҳхонаи театр зиста, кору эҷод мекардем. Ҳатто гурӯҳи «Дӯстон»- ро ташкил карда, дар қаламрави вилоят, ки он айём вазъаш хеле вазнин буд, консертҳо додем.

-Ба саҳнаи нисбатан ҷиддиву бузург кай роҳ ёфтед?

-Авҷи сурудхонии ман ба айёме рост омад, ки дар кишвари азизамон алангаи ҷанг баланд шуд. Тавре зикр кардам, то соли 1995 дар шаҳри Хоруғ будам. Устодону дӯстонам Далер Назаров, Муборакшо Мирзошоев, Артур ва Муборакқадам Машрабовҳо, Доробшо Хушвахтов, Зафар Азизуллоев ва Парвиз Назаров дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон буданд ва маро наздашон даъват карданд. Солҳои 1995- 1997 ҳамроҳашон фаъолият доштам. Баъди чанд муддат дар Шабакаи якуми Телевизиони Қазоқистон бо роҳбарии Далер Назаров баромад кардем. Аввалин албоми  сурудҳоям, аз қабили «Нигоро», «Ғарибӣ», «Дунёи фонӣ», «Шикори дил» сабт шуда, ба дасти мухлисонам расид. Мо он вақт дар шаҳри Алмаато будему ин сурудҳо дар байни ҷавонони шаҳри Душанбе маълуму машҳур гардиданд.

-Шаҳри умеду  орзуҳо- Душанбеи азиз шуморо кай ба  оғӯши хеш хонд?

-Мо ҳама вақт пазмони Ватан будем. Танҳо соли 1997 ба мо муяссар  гардид, ки ба шаҳри Душанбе омада, бо дастгирии Ширкати «Тоҷикэйр» моҳи майи соли 1997 дар Кохи Борбад консерт диҳем. Ман он вақт сурудҳои «Бе ту…», «Лайлӣ», «Зоҳиди хилватнишин», «Ғарибӣ»- ро иҷро кардам.

Дар консерт вазири онвақтаи фарҳанги Тоҷикистон Бобохон Алиевич Маҳмадов дар ҳаққи Далер Назаров ва  гурӯҳи мо суханҳои нек ва форам гуфтанд, ки ин ба мо рӯҳу илҳоми нав бахшид. Баъди консерти нахустинамон ният кардам, ки ба Помир баргашта, корро дар театри вилоятӣ давом диҳам. Аммо сабабе боис шуду дар пойтахт- шаҳри Душанбе мондам.

-Он чӣ сабаб буд?

-Устоди арҷманд  Гурминҷ Завқибеков чун  шунид, ки ман бозпас ба Бадахшон рафтаниам, пешниҳод кард, ки  дар шаҳри Душанбе монаму гурӯҳи наверо ташкил кунем. Ҳамин тавр соли 1997 гурӯҳи «Шамс» бо ҳидояти устод Гурминҷ  арзи ҳастӣ кард.

Инак, ҳабдаҳ сол мешавад, ки дар ин гурӯҳи овозадор фаъолият дорам ва бо ҳайати он ба Амрико, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, шаҳрҳои Аврупо, Афғонистон, Федератсияи Россия ва ғайра сафари ҳунарӣ доштам.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи «Шамс» ягона гурӯҳест, ки мусиқӣ ва сурудҳоро бе фонограмма, қавле зинда иҷро мекунад ва беш аз ҳама аз сурудҳои халқӣ баҳравар аст. Дар комёбиҳои ман, пеш аз ҳама,  хизматҳои устодам Далер Назаров хеле бузург аст. Далер ҳам устодам, ҳам бародарам. Ман аз ӯ бисёр чизҳоро дар ҷодаи санъат ва зиндагӣ омӯхтам.

Алҳол дар гурӯҳи «Шамс»  ҳамроҳ бо ман Иқбол Завқибеков, Ядидя Илёев, Муборакқадам Машрабов, Зариф Пӯлодов, Баҳодур Давлатов, Давлатёр Ғуломҳайдаров ва Аҳмад Асалбеков кору эҷод доранд.

-Ба фикри шумо, гурӯҳи «Шамс» бо кадом  сурудаш бештар машҳур гардид?

-Агар таваҷҷуҳ карда бошед, мухлисонамон — пиру ҷавон тамоми репертуари гурӯҳи моро аз ёд месароянд. Вале, ба пиндори ман, гурӯҳи «Шамс»- ро суруди «Ту гули лола» (соли 2003) машҳур кард.

Суруди мазкур чунон машҳур гашт, ки онро овозхони маъруфи  эстрадаи Ӯзбекистон Шаҳзод Азимов ба репертуари хеш дохил карда, як клипи хеле аҷоиб омода намудааст. Ин сурудро Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» сари ҳар вақт пахш мекунад.

Шахсан ман бо суруди «Аз ғами ту» (матн аз А.Хайриддинов) машҳур шуда, барандаи Ҷоизаи «Суруди сол» -2003 гардидам.

Батадриҷ сурудҳои  иҷрокардаам бо гурӯҳи «Шамс», «Салом, эй сад салом, ай нури дида», «Бе ту», «Ёри ман», «Гиря макун», «Мижгонсиёҳ», «Аз хона баромадам бо дарду алам» ва «Ба лолазор» тавлид ёфта, имрӯзҳо аз сурудҳои дӯстдоштаи мухлисонам шуморида мешаванд.

-Нобовар ва гурӯҳи «Шамс» дар тӯли ҳабдаҳ соли фаъолият соҳиби ҷоизаҳои зиёде гардидаанд…

-Бале, ман аз мухлисонам, ки онҳо аз қишрҳои гуногуни ҷомеаамон ҳастанд, хеле  миннатдорам. Тавре мегӯянд, суруд сарҳад надорад. Хушбахтам, ки сурудҳои маро дар Хатлону Суғд, Рашту Зарафшон ва Ҳисори шодмон  меписанданд ва замзама мекунанд.

Дар ин муддат шахсан ман ва гурӯҳи «Шамс» сазовори Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Сонеъ -1998» барои «Беҳтарин суруд» -суруди «Салом, эй сад салом, ай нури дида» ва «Сонеъ- 2000» чун «Беҳтарин овозхон», ҳамчунин барандаи ҷоизаҳои ҷумҳуриявии «Суруди сол» тайи солҳои 2003- 2006, «Навои дил» 2007- 2008, «Ситораи сол» ва ғайраҳо гардидаем.

Чанде пеш бо Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило-2013» барои «Беҳтарин сарояндаи сол» сазовор гаридам ва он рӯз суруди «Ба лолазор»- ро пешкаши  иштирокчиёни озмун гардонидем.

Моҳи январи соли 2014 бошад, дар  назарпурсии Радиои «Ватан», ки таҳти унвони «Самые  стильные люди города» доир гардид, дар қатори 50 нафар интихоб шудам.

Дар пеш нақшаҳои зиёд дорам. Кӯшиш мекунам, ки ба боварии мухлисонам сазовор бошам.

-Ташаккур, шумо ва ҳайати гурӯҳи «Шамс»- ро бо фарорасии Рӯзи ҷавонон табрик мегӯем ва барои шумо комёбиҳои эҷодӣ хоҳонем.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»