Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол 30 январ дар мамлакат иди Сада таҷлил мегардад. Он ба монанди Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз бузургтарин идҳои ниёконамон ба шумор рафта, таърихи қадима дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ин иди бостонӣ 29 январи соли 2018 чунин иброз доштанд: «Ҷашни Сада… ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Маросиму оинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд. Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан меафрӯхтанд, базм меоростанд, хурсандӣ мекарданд. Яъне, анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд».
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таъсиси ҷашни Садаро ба кашф шудани оташ ҳамчун манбаи равшанию гармӣ нисбат додааст. Тавре дар «Шоҳнома» зикр шудааст, шоҳи пешдодӣ — Ҳушанг ҳамроҳи наздиконаш рӯзе ба шикор рафта, мори бузургеро диду сангеро ба сӯяш ҳаво дод. Мор гурехту санг ба санги дигаре бархӯрда, аз он шарора бархест. Шарора ба хасу хошоки хушк часпида, аз он алангаи оташ баланд шуд. Фирдавсӣ аз забони Ҳушанг чунин овардааст:
Бигуфто: «фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода (в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Дар бораи пайдоиши номи «Сада» андешаҳо гуногунанд. Олими фолклоршинос, номзади илми филология Дилшод Раҳимӣ навиштааст, ки номи ин ҷашн ба шумораи сад (панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) иртибот надорад. Дар тақвимҳои халқии тоҷикон чиллаҳо вуҷуд доранд, ки решаҳои чиллашуморӣ низ ба дини митроӣ (меҳршиносӣ) рафта мерасанд. Тоҷикони қадим рӯзи аз ғор берун шудани эзад Митраро бо номи «Сада» ҷашн мегирифтанд. Дар он ҳамчун рамзи равшанию гармӣ гулханҳои бузург меафрӯхтанд. Дар атрофи он хурсандиву шодмонӣ мекарданд.
Ба қавли устурашинос Меҳрдоди Баҳор, калимаи «сада» аз решаи «Sand»- и авестоӣ ба маънои «зоҳир шудан» пайдо шудааст. Яъне, Митро пас аз 40 рӯзи дар ғор таваллуд шудан зоҳир гардид.
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳоки морон нисбат дода шудааст. Ба гуфтаи Хайём вақте ки Фаридун бар Заҳҳок ғалаба карду мардум аз ҷабру ситами ӯ раҳо ёфтанд, ин пирӯзиро фоли нек дониста, бо фармони Фаридун гулхани бузург афрӯхтанд.
Доир ба Сада дар «Осор — ул — боқия»- и Абурайҳони Берунӣ аз қавли шоирони классик, ба монанди Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораҳо ҳаст.
Ҷашни Садаро маросими зироаткорон низ меноманд. Ориёиҳои қадим бовар доштанд, ки дар моҳи Баҳман сармои шадид паси сар шуда, ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳаду рӯзҳо дароз мешаванд.
Пешвои миллат ба арзиши маънавии ҷашни бостонии Сада баҳои баланд дода, ҳамватанонро ба пос доштани ин ёдгории ниёкон даъват намудаанд: «Умед дорам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳими он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардондани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд… Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии Хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад. Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад».
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки Сада нахустин муждаи фарорасии фасли баҳор буда, марҳилаи омодагӣ ба Наврӯзи оламафрӯз аст. Ба қавли шоири бузурги форсу тоҷик Фаррухии Сиистонӣ:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз.
Асомиддин ЗУҲУРОВ