Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз паём биомӯзем

№14 (4434) 28.01.2022

photo_2022-01-26_13-13-12Ҳадафи аслии ҳар як Паёми Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ноил гардидан ба риояи қонун, расидан ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмин намудани зиндагии шоиста барои мардуми кишвар низ мебошад.

Дар Паёми Сарвари давлат, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, бори дигар таъкид шуд, ки яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшидан ба рукнҳои давлатдорӣ, барқарор намудани сохтору мақомоти муҳими давлатӣ ва таъмини волоияти қонун ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, изҳор дош­танд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастанд.

Дар ҳамин замина, тӯли солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҳама рукни давлату давлатдорӣ дар кишвар ташкил шуда, инкишоф ёфтанд. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳиб­истиқлол – Парчами миллӣ ҳанӯз дар ҳамон иҷлосия қабул гардид.

Дертар, шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикис­тони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади муҳимтарини ҳуқуқӣ ва қонунӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, минбаъд дар асоси он дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфт. Хусусан, парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, соҳиби Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ гардидем. Солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина Тоҷикистон ба давлате табдил ёфт, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд.

Дар Паёми Пешвои миллат доир ба дастовардҳои давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қайд мешавад: «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад».

Бо Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Тавре дар Паём қайд шуд, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд, ки тибқи он, 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

Волоият ва татбиқи қонун ба рушди соҳибкорӣ низ мусоидат менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар қатори дигар мақомоти судии кишвар Суди ноҳияи Рӯдакӣ фаъолиятро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, манфиати давлат, зимни татбиқи қонунҳои амалкунандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавӣ, фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунанда корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Ҳатман ҷазо гирифтани ҷинояткор ва баррасии рафтори онҳое, ки аз чаҳорчӯбаи қонун берун мебароянд, вазифаи асосии мақомоти мост. Масалан, тӯли соли 2021 ба истеҳсолоти суди ноҳия 459 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид, аз онҳо 445 парванда баррасӣ ва нисбат ба 355 — тои он ҳукм бароварда шуда, 63 адад қатъ ва 25 адад аз рӯи тобеият ирсол гардиданд.

Дар ин давра, инчунин, ба суд 1072 адад парвандаҳои гражданӣ ворид шуд. Парвандаҳои баррасишуда 982 адад буда, аз он ба 719 ададаш ҳалномаҳо бароварда шуда, ба 98 адад бо баровардани фармон, ба 165 адад бо баровардани таъинотҳои судӣ баррасӣ гардидааст. Аз шумораи умумӣ 16 адад парвандаҳои гражданӣ қатъ карда шуда, 140 адад бе баррасӣ мононда шуд.

Судяҳо ва кормандони суд дар гурӯҳҳои таблиғотӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар сохторҳои қудратию давлатӣ, дар идораю корхонаҳо, мактабҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишин роҷеъ ба паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи забони давлатӣ», ҷинояту ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии он, ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, терроризм, экстремизм, одамфурӯшӣ, одамкушӣ, фаъолияти ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои муҳим соли гузашта баромаду суҳбатҳо анҷом доданд.

Зимнан, бояд ин нуктаи муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дастур бошад: «Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо».

Нуриддин РАСУЛЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ