26 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шуҳрат раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр директори генералии Корхонаи муштараки масъулияташ маҳдуди Тоҷикистону Канадагии «Апрелевка» дар шаҳри Гулистон таъин шуданд.
Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъингардида ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат», иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат, дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, бахши аграрии ҷумҳурӣ, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи замин, хусусан заминҳои корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду — се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои муфид доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону кордон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба суиистифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳалли саривақтии мушкилоти онҳоро талаб намуданд.
***
Инчунин, 27 январи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Кумитаи рушди маҳал, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Қурбонзода Амирхон, ки то ба имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд.
Ҳамчунин, дар ҳайати роҳбарикунандаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» раис ва муовинон аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида бо таҳлилҳои мушаххас мисол оварда, таъкид намуданд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кадрҳои навтаъиншуда ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ба таҷлили сазовори 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амалии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар иншооти энергетикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.