28 январи соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон семинар — машварат баргузор гардид, ки он ба «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ» бахшида шуд.
Дар назди иштирокчиён раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба «Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Муқоисаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ» ва мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2030 — санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон» баромад карданд.
Зикр шуд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ҷиҳати пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, таҳия шуда, бо иштироки ҳама субъекти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба пурзӯр гардонидани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, меъёрҳои конститутсионӣ, пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ, мунтазам чораҳо меандешад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон