Шабе дар осорхона

№52 (3198) 22.05.2014

National_Museum_of_Tajikistan_2

 Ҳаждаҳуми  майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир гардид, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бори дуввум ширкат меварзад.

Ҳадафи асосии ин ҳамоиш  муттаҳид намудани самтҳои фаъолият,   мисли мусиқӣ, театр, кино, косибӣ, мӯд ва дигар соҳаҳои фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Даромадан ба осорхона аз соати 18 то 23 шаб ройгон буд ва ҳаводорони зиёд аз дастовардҳои фарҳангии ҳунари миллӣ бархӯрдор гаштанд.  Як бартарии дигари ин чорабинӣ он буд, ки тамошобинон тавонистанд  дар эҷоди маҳсулоти русумии Иттифоқи косибони Тоҷикистон ширкат варзанд.

Фестивали театрии «Нигоҳи нав» намоишномаи худро пешкаши меҳмонони осорхона намуд. Маркази фарҳангии «Бактрия» ва коргардонҳои ҷавон филми ҳуҷҷатиеро дар бораи фарҳанги мусиқии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Волонтёрҳои созмонҳои ҷамъиятии  «Алегрия» ва  «Пешрафт» миёни ширкаткунандагон озмуни викторинаҳои мукофотдор доир ба мавзӯи 90- солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе гузарониданд. Ҳунармандони касбӣ бо созҳои миллӣ оҳангҳои ҷолиб навохтанд. Ҳамзамон дар бинои осорхона аҳли оила ва ё гурӯҳи дӯстон метавонистанд аз дастгоҳи  сайёри «Планетарӣ» дидан намоянд.

Бояд гуфт, ки бори аввал ҷумҳурии мо соли 2013 дар ин чорабинии бонуфуз иштирок намуд. Шабе дар осорхона — чорабинии байналмилалиест, ки барои муассир намудани нақши осорхона дар ҷомеа, ҷалби насли  ҷавон ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди мо роҳандозӣ мегардад. Ин чорабинӣ  ҳамасола дар бештар аз  120 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 30 000 осорхона гузаронида мешавад.

Маросими ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 баргузор шуд.  Осорхона аз 22 толори намоишии хурду бузург ва се ошёна иборат буда, дар он толорҳо шуъбаҳои табиат, қадима ва асрҳои миёна, таърихи наву муосир, санъатҳои миллӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар назди осорхона шуъбаи илмӣ- тадқиқотӣ ташкил карда шуд, ки дар он бахшҳои мероси хаттӣ, археология ва нумизматика фаъолият доранд. Барои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ шуъбаи байналмилалӣ низ созмон ёфт.  Ҳамчунин шуъбаҳои фондӣ, бақайдгирӣ ва барқароркунӣ мавҷуданд. Масоҳати  Осорхонаи миллии  Тоҷикистон 15 ҳазор метри мураббаъро  ташкил медиҳад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,  «Садои мардум»