Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 1 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, бино ба қавли ӯ, дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар мамлакат 1 миллиону 618 730 бех ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 348631 бех зиёд аст. Муҳим он аст, ки ниҳолҳои шинонидашуда дар ҳолати хуб қарор доранд.
- Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», 1944 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар онҳо 549419 нафар ширкат варзида, 9244 метри кубӣ партов ба партовгоҳҳо бароварда шуданд, — гуфт Баҳодур Шерализода.
Зикр гардид, ки ҷиҳати тавсеа додани мамнӯъгоҳи ҳайвоноти нодир дар деҳоти «Сари Хосор» бо қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар 5 гектар барои нигоҳубини оҳуи бухороӣ қитъаи замин ҷудо шуд.
Инчунин, аз ҷониби кумита барои нигоҳдорӣ ва афзун намудани саршумори бузи кӯҳии пармашох дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар майдони 7 гектар замин корҳои ташкили «Парваришгоҳи Даштиҷум» ба анҷом расид.
Дар мавзеи Ҷангалаки ноҳияи Мурғоби ВМКБ барои сохтмони Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон 10 гектар замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Маркази солимгардонӣ аз нуқтаи санитарӣ, минтақаи карантинӣ ва манораи мушоҳидавӣ барои сайёҳон иборат буда, ҳадаф аз бунёди он барқарор намудани саршумори бабри барфӣ (озодапаланг) ва табобати он ҳангоми маризӣ мебошад.
Баҳодур Шерализода ёдовар шуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 1707 нуқтаи партовпартоӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз аз пойтахти мамлакат 650 — 700 тонна партов бароварда мешавад. Шаҳрвандонро лозим аст, ки баҳри поку озода нигоҳ доштани муҳити зист партовҳоро танҳо ба ҷойҳои муайяншуда партоянд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»