баъд аз дахолати рӯзнома
Шаҳрванд Саид Азизуллоев, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2, М-24, хонаи 6, утоқи 18 ба унвони муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо ариза муроҷиат намуд. Ин нома барои пайгирӣ ба унвони рӯзномаи «Садои мардум» ирсол гардид.
Дар нома зикр ёфтааст: « Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман аз соли 1977 дар Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (РСУ ДПТС) кафшергари гурӯҳи IУ кору фаъолият менамудам. Дар давоми кориам бо грамотаю туҳфаҳои зиёд сарфароз гардида будам. Ҳоло баъди ҳодисаҳои ба ҳама маълум ман ба муассисаи зикршуда оид ба гирифтани маълумотномаи собиқаи корӣ барои ба нафақа баромадан муроҷиат намудам. Аммо дар ин муассиса ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба фаъолияти кории ман ёфт нашуда истодааст. Ҳоло ман ба синни мубораки 65 расида бошам ҳам, то ҳоло нафақаи худро ҳал карда наметавонам. Муроҷиатҳои бешумори ман оид ба ҳалли масъалаи мазкур рад шуда истодааст. Дар дафтарчаи меҳнатии ман собиқаи кориам аз соли 1976 то соли 2010 сабт шудааст, лекин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро аз ин Муассиса гирифта наметавонам».
Дар поёни нома С. Азизуллоев дархост кардааст, ки роҷеъ ба дастрас кардани маълумотномаи музди меҳнат барои ду соли охири фаъолияташ (солҳои 2008-2010) ба ӯ кумак намоем.
Баъди як рӯзи расидани ин нома худи С. Азизуллоев ба идораи рӯзнома ташриф оварда, ба таври шифоҳӣ дархосташро баён кард ва дар ҷараёни пайгирии мо оид ба ин масъала, борҳо меҳмони идора буд.
Дар асоси супориши муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев роҳи Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанберо пеш гирифтем. Вобаста ба масъалаи мазкур бо директори он А. А. Табаров, сармуҳандиси муассиса С. И. Раҳмонов, сардори шуъбаи кадрҳо Д. Давлятов, раиси иттифоқи касабаи муассиса Б. Хоҷаев ҳамсуҳбат шудем.
Маълум гардид, ки сабаби иҷро нагардидани дархости шаҳрванд С. Азизуллоев доир ба дастрас кардани маълумотномаи музди меҳнат барои ду соли охири фаъолияташ (солҳои 2008-2010) аз ҷониби муассисаи зикргардида ғайриимкон аст. Зеро дар мактуби расмии роҳбарияти муассисаи мазкур роҷеъ ба ин масъала, ки ба идораи рӯзнома ворид гардидааст, чунин нигоштаанд: «Дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дар бойгонӣ, алалхусус китоби ҳисобӣ намудани музди меҳнат муайян карда шуд, ки корманд Азизуллоев С. дар солҳои 2008-2010 фаолият накардааст ва музди меҳнат ҳисобӣ карда нашудааст. Бинобар ин, маълумотнома оид ба музди меҳнат ба Азизуллоев С. барои солҳои 2008-2010 додан имконнопазир мебошад».
Ин ҷавоб Саид Азизуллоевро, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ мубталои бемории қалб асту панҷ сол боз барои муайяну таъин кардани нафақааш даву тоз дорад, вале натиҷае ҳосил намешавад, қонеъ накард.
Баъди мулоқоту суҳбатҳо ва тадқиқоти анҷомдодаи хабарнигори рӯзнома масъулини Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои бойгониро ҷустуҷӯ карда, барои солҳои фаъолияткардаи Азизуллоев Саид тибқи тартиби муқарраршуда маълумотнома оид ба музди меҳнат таҳия карда, ба аризадиҳанда пешниҳод намуданд.
Бо вуҷуди печидагиҳои зиёди ин қазия, вале бинобар сабаби он ки агарчӣ дер ҳам бошад, дархости шаҳрванд С. Азизуллоев бо супориши роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд, аз шарҳи муфассали он худдорӣ мекунем.
Муҳимаш он аст, ки маъмурияти Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба қадри имкон талаби шаҳрвандро қонеъ гардонд ва Саид Азизуллоев ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи рӯзнома ва маъмурияти муассиса изҳори миннатдорӣ намуд. Бо итминон як нуктаро зикр бояд кард, ки чунин кори хайрро мумкин буд панҷ сол пештар ҳам анҷом дод, то ки як нафари заҳматкаш, бо вуҷуди он ки баъди солҳои оромии кишвар бо сабабҳои гуногун дигар фаъолият карда натавонистааст, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои нафақа ин қадар сарсону саргардон нашавад. Ин дар ҳолест, ки вай дар пиронсолӣ муҳтоҷу камбизоат ва бемор аст. Дастгирию кумак ба чунин шахсон бошад, амали хайру савобест.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»