Ҷомеа ҳамеша ба неруи ақлонии насли ҷавон ниёз дорад ва маҳз он кишварҳое, ки аз ин неру пурғановатанд, дар соҳаҳои гуногун тадриҷан пешсаф ва намунаи ибрат мегарданд. Халқи тоҷик низ аз қадимулайём бо фарҳангу адабиёт, осори бебаҳои бузургонаш, санъату меъмориаш, бо абармардони зиндаёдаш машҳур буду мемонад. Шукри даврони истиқлолият, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт бо дурнамои дурахшон раҳсипорем. Имрӯз ҷавонони мо низ дар пешрафти кишвари азизамон саҳми хосаи худро мегузоранд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзӯъ таври муфассал таҳлилу баррасӣ шуда, роҷеъ ба ҳалли мушкилоти таълиму тарбия ва касбомӯзии насли ҷавон нуктаҳои муҳим баён гардиданд. Оид ба таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат ба ояндаи ҷавонон, аз ҷумла ин нукта, ки дар Паём зикр гардид, далели равшан мебошад: «Сафҳои хизмати давлатиро ҷавонон ҳам пурра намуда, имрӯз ҷавонони то 35-сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд.
Дар баробари ҷалби бештари занону ҷавонон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем».
Роҷеъ ба нақши ҷавонон дар ҷомеа зимни суҳбат бо хабарнигорамон директори Маркази барномаҳои байналмилалии дурахшандагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Авғонов чунин ибрози назар кард:
- Дар ҳақиқат, ояндаи ин миллату давлати тозабунёди Тоҷикистон аз ҷавононе, ки таърихи Ватани хешу ҷаҳонро омӯхта, рӯҳияи баланди ватанпарварӣ, инсондӯстӣ доранд ва дар ин замина касбҳо ва ихтисосҳои муҳимро аз худ кардаанд, вобаста аст. Бояд гуфт, ки дар тӯли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шароит ва имконоте, ки Ҳукумати кишвар муҳайё намудааст, ҷавонон низ тавонистанд истеъдод, кӯшиш, ғайрату матонат ва маҳорати худро баҳри пешрафтҳои назаррас ва рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа равона намоянд. Имрӯз оид ба ширкати ҷавонон дар соҳаҳои иқтисоду бонкдорӣ, тиҷорату сохтмон, кишоварзӣ, варзиш ва илму фановарӣ мисолҳои зиёдро метавон овард. Оре, ҳисси масъулиятшиносӣ ва дарки ватандории ҷавонон натиҷаҳои воқеӣ ва самар дода истодаанд.
Барои илму дониш чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи кишвар сол то сол шароити беҳтару хубтар фароҳам гардида истодааст, ки ин боз ҳам нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон мебошад. Айни ҳол бисёр ҷавонони мо дар асоси шартномаҳои байниҳукуматӣ дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ин имкон медиҳад, ки бахшҳои гуногуни ҷомеа бо мутахассисони зарурӣ таъмин гарданд.
Дар ин робита мавсуф зикр намуд, ки алҳол 7300 нафар толибилм берун аз мамлакат таҳсил мекунанд. Мутахассисони дар хориҷи кишвар омодашаванда таҳти ғамхории давлат қарор гирифта, волидайн ва сарпарастонашон низ имкон доранд, ки доимо бо онҳо дар иртибот бошанд.
-Хулоса, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон ҳар чӣ бештар барои ин қишри ҷомеа имконоти пешрафту доираи васеътари фаъолияту корро фароҳам меоварад,- гуфт дар охир С.Авғонов.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»