8 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада, таъсиси боғу токзор, ифтитоҳи як қатор иншооти нави соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари кории — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Дар шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Он дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ — бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол мешавад.
Истеҳсоли мехҳои печон тариқи хатҳои муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.
Дар корхона дар як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва навъ ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.
Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ талабот ба мехи печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад пурра талаботи вилояти Суғдро бо мехи печон таъмин намояд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуда, дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Яъне, шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатӣ ба 100 нафар расонида мешавад.
Барои истеҳсоли мехҳои печон ашёи хом асосан аз Федератсияи Россия ворид кард мешавад. Мехҳои печони корхона аслан барои насби шифер, гачкартон, сохтани мебел ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тӯлонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад.
Дар вақти истеҳсоли маҳсулот ҳаҷми ками партов ба вуҷуд меояд, ки он ҳам дар корхонаҳои оҳангудозӣ дубора мавриди коркард қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шавад.
8 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки солиёни зиёд куҳнаву фарсуда ва бекор буд.
Он зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» буда, пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат, чун ҳадафи чоруми стратегӣ барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои нав таъмин шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сехҳои истеҳсолии коргоҳро аз назар гузаронида, бо коргарони он суҳбати самимӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки нахуст корхона дар ҳаҷми то 50 миллион сомонӣ дар як сол маҳсулот истеҳсол менамояд ва ин нишондод солҳои баъдӣ ба 100 миллион сомонӣ расонида мешавад. «Зари Суғд» истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намудааст ва инчунин, аз сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.
Дар корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ, сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ, 30 нафар сокинон, асосан хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.
«Зари Суғд» пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаро ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мағозаи корхонаро аз назар гузаронида, бо маҳсулоти ниҳоии он шинос шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Дар ҳамон ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи навсозии корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фулузоти нодири Тоҷикистон» муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар тавозун 7 корхонаи истеҳсолӣ дошта, аллакай корхонаи «Хуҷанд — Зил» барои муҷаҳҳаз сохтани нақлиёти соҳавӣ ба кор шурӯъ намуд. Дар назар аст, ки то соли 2026 ҳама корхонаҳои ҷамъият навсозӣ гардад.
Зимни муаррифӣ, ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло корхона метавонад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, нақлиёти махсус барои кормандони милитсия, нақлиёти обкашонӣ ва коммуналиро дар заминаи мошинҳои гуногун навсозӣ ва мутобиқ ба талаботи ҷорӣ ба сохторҳои дахлдор пешниҳод намояд. Қисмҳои иловагӣ, ки дар нақлиёти соҳавӣ насб мегарданд, истеҳсоли корхонаи «Хуҷанд — Зил» мебошад.
Соли ҷорӣ бояд дар корхонаи «Гидрометаллургия» бо гузаронидани корҳои навсозӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти кӯҳкорӣ ва мелиоратсия роҳандозӣ шуда, дар корхонаи «Хуҷанд-Зил» қисмати рехтагарӣ пурра таъмиру муҷаҳҳаз гардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор карданд, ки нақшаи пешбинигардидаро сари вақт ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иҷро намуда, дар рушди саноати кишвар ҳисса гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон, инчунин, Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар» — ро мавриди истифода қарор доданд.
Он бо мақсади тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар доираи «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёдаш истифодаи босамари имкониятҳои худӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.
Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъ масоҳат дорад.
Бо таъсиси он 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардида, дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.
Маҳсулоти хом ба корхона аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардида, раванди коркарди металл тавассути се хати муосири технологӣ ба роҳ монда мешавад. Дар корхонаи навбунёд асосан 28 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла профил ва қубурҳои оҳанин бо шаклу анзодаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад. Профилҳои оҳанин аз 2 ба 2 то 10 ба 10 сантиметр бо дарозии 6 метр ва қубурҳои оҳанин бошад, бо қутрҳои аз 15 то 150 ва бо дарозии 11 метру 75 сантиметр истеҳсол мешаванд, ки истифодаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истеҳсоли босифати профил ва қубурҳои оҳанин, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат талабот ба он зиёд аст, вазифадор карданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷир пласт» — ро ифтитоҳ карданд, ки дар доираи «Солҳои рушди саноат» дар маркази шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Мирхолиқов бунёд ёфтааст.
Дар он, бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ва ширкату корхонаҳо истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шуда, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ба таъкиди мутахассисон, зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози навъ ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар буда, беш аз 30 навъ зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол ва дар як моҳ 8 — 10 тонна ашёи хом коркард мешавад.
Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас гардидаанд. Ашёи хом бошад, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба корхона оварда мешаванд.
Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, солҳои охир талабот ба он зиёд аст.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда намуна арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд» — ро низ мавриди истифода қарор доданд.
Онро соҳибкор Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022 — 2026) бунёд намудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони маҳаллӣ, бо шароити хуби кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.
Дар корхона навъҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон, бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.
Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва фурнитура аз Федератсияи Россия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва ороиши муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.
Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз дастгоҳҳои муосир дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.
Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин, ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Хати оби полезӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт ва гардиши 750 аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо амалӣ гардида, ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, дар ҳамон ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи ҷойгиршавии токзори деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва ба номи Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, дар Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди 50 гектар токзори нав оғоз бахшиданд.
Бо оғози бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва ба номи Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор мегардад.
Ангурпарварони ҳар ду деҳот, ки аксар токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Бунёди токзори нав дар мавзеи Сомғор дар заминаи боғҳои куҳна, ки солҳои 1978 — 1979 ташкил гардида буд, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом меёбад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ, дар бархе аз кишварҳои дунё ҷиҳати истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
9 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои иловагии ширхоргоҳ — кӯдакистони рақами 22 — и «Бобуна» — ро баъди таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ба истифода дода шуд.
Бино бо харҷи 3 миллион сомонӣ пурра навсозӣ ва бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 180 нафар кӯдак пешбинӣ гардид. Бинои дуошёна аз хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 6 гурӯҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат мебошад.
Дар саҳни ҳавлӣ суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шудааст.
Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассис бо кор таъмин гаштанд, ки бо ин шумораи кормандону мутахассисон дар ширхоргоҳ — кӯдакистони «Бобуна» ба 45 нафар расид.
Раванди таълиму тарбия дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ду гурӯҳи алоҳида бо забони русӣ низ амал мекунад. Ҳамчунин, ба омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ, эътибори ҷиддӣ дода шуда, тарбиятгирандагон, тибқи нақшаи барномаи давлатӣ, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб карда мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ширхоргоҳ — кӯдакистони «Бобуна» ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабиро қонеъ кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ зиёд кардани шумораи кӯдакистонҳоро дар маҳал тадбири муҳим ҷиҳати фарогирии ҳар чӣ бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.
Он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардида, аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар асоси дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз гардида, барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари давлат аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бинои Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфт. Бинои сеошёна аз таҳхона, 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар иборат буда, дорои маркази гармидиҳӣ аст. Дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳдуд коргоҳи дӯзандагӣ низ ташкил шудааст.
Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омода буда, дорои 24 воҳиди корӣ мебошад ва омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ ва шароити хуби кор таъмин шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳама зинаи таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ҳамчунин, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Темурмалик» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 таъсис ёфта, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2021 корҳои таҷдиду навсозӣ дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Темурмалик шурӯъ гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангро тамошо карданд.
Қобили зикр аст, ки солҳои 1219 — 1220 ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён Темурмалик бо корнамоиҳои бузург барои мудофиаи диёр ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст, ки он ҳама дар барномаи театрикунонидашуда ба намоиш гузошта шуд.
Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Темурмалик» дар масоҳати 3,2 гектар замин доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст. Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш шудаанд. Ҳамчунин, нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо бунёд ёфтааст.
Тибқи лоиҳа, дар боғ муҷассамаи Темурмалик гузошта шуда, муҷассамаи «Хотира», ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид. Бунёди се фаввора, шаршара ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хоса зам мекунад. Барои равшанкунӣ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин шудааст.
Барои ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт бештар аз ду километр роҳи мошингарди боғи фарҳангӣ — фароғатӣ пурра мумфарш гардида, барои нақлиёт таваққуфгоҳ низ муҳайё гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии боғҳои фарҳангӣ — фароғатиро дар мамлакат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фароғати сокинон ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хурду бузург маънидод намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат ба хотири қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат номи боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои махсус ба номи фарзонафарзандони миллати тоҷик гузошта шуда, бо ин васила, номи неку кори некашон ҷовидона нигоҳ дошта мешавад. Номгузории Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Гулистон ба номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик низ аз он ҷумла аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат 96 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд аст, ки 22-тои он дар вилояти Суғд мебошад. Қобили қайд аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баробари навсозии боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ даҳҳо боғи нав низ бунёд гардид.
Дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Темурмалик бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон атраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхушии наврасону кӯдакон, ба монанди автомобилҳои барқӣ, дастрас шудаанд.
Дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик» бо умеди сарсабзии диёр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони ҳамешасабзу нодир шинониданд.
Барои сабзу хуррам намудани боғ бештар аз 300 бех дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Темурмалики шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Фарҳодҷон Шукуров бунёд ёфтааст, бо 80 нафар ятим, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯш гирифта, то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон ҳама шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз бар намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Сипас, ба 80 нафар ятим туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.
Наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро ҳамеша эҳсос мекунанд. Барои тарбия ва ба камол расиданашон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Ҷавобан ба ғамхориҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои хизмат ба халқу Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок карданд.
Дар ҳамон мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд. Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми маъмурияти Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» амалӣ гардид.
Дар он қитъа ниҳоли зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида аз рӯи меъёри 4 бар 3 шинонида шудааст. Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд, инчунин, кишти зироатҳои барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот, ба роҳ монда шудааст.
Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар замин, шинонидани 150 — 156 бех ниҳол муқаррар шудааст. Аз рӯи меъёри 10 ба 10 метр бошад, дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонид, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.
Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад, ки яке аз афзалиятҳои бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан, ҳамин усул ба гирифтани маҳсулнокии баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.
Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо, дар асоси супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивал — намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ фермаҳои ширию молӣ, коргоҳу корхонаҳои парандапарварӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори бахши чорвопарварӣ навъҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд.
Ба ин мавзеъ даҳҳо навъи чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд парвариш ва истеҳсол мешаванд, оварда шуд.
Дар фестивал — намоиш чорвои калони зоти сиёҳало, голштейнӣ, сименталӣ, шведӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширии зоти зааненӣ ва алпенӣ, шутурҳои яккӯҳа ва дукӯҳа, навъи моҳиҳои зағорамоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуд. Манзараи намоишгоҳ аз рушди устувори бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ, яъне чорводорӣ, дар вилояти Суғд дарак медод.
Дар Фестивал — намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, инчунин, навъҳои гуногуни асп, аз ҷумла аспҳои зоти тоҷикӣ, низ ба намоиш гузошта шуд. Маълум гардид, ки дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни фестивал — намоиш бо истифода аз зарфиятҳои мавҷудаи аграрии мамлакат ҷиҳати таъсиси комплексҳои чорводорию парандапарварӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорону парандапарварон ва дигар истеҳсолкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кори хоҷагидоронро намунаи барҷастаи амалисозии тадбиру барномаҳои давлатӣ дар самти рушди чорводорӣ маънидод карда, бобати бештар сайқал додани ин бахши сердаромад ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Зимни он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сазовор истиқбол гирифтани 35 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.
Хусусан, таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026, бо дарназардошти натиҷаҳои татбиқи нақшаи қаблӣ, таҳлили вазъи воқеии шаҳру ноҳияҳо, нақшаи генералии ҳар яки онҳо ва фароҳам овардани шароити инфрасохтории ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, дар муҳлати муайяншуда таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар се соли охир дар вилояти Суғд беш аз 8 ҳазор иншоот бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст.
Соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардид, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 2 ва 2,3 баробар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳо, расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани рушди устувори вилоят ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои ба барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021 – 2025 воридшударо таъмин намуда, банақшагириро дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ воқеъбинона, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои «иқтисоди сабз», ба роҳ монанд ва ба таъсиси ҷойҳои нави кор, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ, ҷалби боз ҳам бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма беш аз 50 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳамчунин, барои тараққиёти бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то ҳол 2,3 миллиард сомонӣ аз худ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои самаранок татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии дар вилоят татбиқшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо вуҷуди 105,8 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи на ҳама навъи андоз пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 104 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.
Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои қатъӣ андешида, то нимсолаи якуми соли 2022 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, хусусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карданд, ки рушди соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳар чӣ бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.
Андешидани тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Cуғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифа гузоштанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят бо истифодаи технологияҳои муосир, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар самти зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ низ вазифадор шуданд.
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, бахусус нахи пахта, пилла, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Соли 2021 кишоварзони вилоят ба маблағи 12,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 7,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, дар вилоят коҳишёбии майдони кишти як қатор зироатҳо ба қайд гирифта шудааст. Ба масъулони соҳа барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, барқарорсозии боғҳои куҳна, бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва риояи талаботи агротехникӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки илова бар ин, бояд корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ вусъат дода шаванд.
Роҳбарони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ истифодаи самараноки замин ва низоми обёрии вилоятро таъмин намоянд.
Доир ба ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва байни маҳалҳои аҳолинишин, инчунин, дар самти нигоҳдории роҳҳо бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба хотири рушди соҳаи маориф Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ аз Президенти мамлакат вазифаҳои мушаххас гирифтанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур шумурда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эмгузаронии пурраи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии вилоят вусъат дода шаванд.
Дар байни аҳолӣ корҳо дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, густариш бахшидан ба ҳушёриву зиракӣ, ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз вазифаҳои муҳими роҳбарону фаъолон номида шуд.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини Суғди бостонӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
10 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ «Амид» Саидамон Исомаддинов дар заминаи иншооте, ки беш аз 15 сол фаъолият намекарду вайрону валангор буд, таъсис дода шуд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот, дар маҷмӯъ, беш аз 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки наздики 80 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, сехи истеҳсоли ҳасиббарорӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтайёр, қаҳвахона ва дорухона, вуҷуд дорад.
Баҳри нигоҳдории молу маҳсулот иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои гуногун, низ бунёд шудааст, ки имкон медиҳад маҳсулоти зарурӣ захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод шавад.
Дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо беш аз 200 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо ва чароғон шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» иқдоми наҷибонаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат хонда, баҳри мақсаднок истифода намудани имкониятҳои фароҳамовардашуда ва бо ин роҳ рушд бахшидани соҳа ба масъулон дастурҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, дар он ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Дар он 8 корхона ҶДММ «Ҷавонӣ», «Нассоҷии Хуҷанд», «Наргис», «Амир КО», «Олимхони Хуҷандӣ», «Раҳимов», «Сатн» ва «Ниттинг» маҳсулоти истеҳсолиро пешниҳод карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширеши Тоҷик»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Онро соҳибкорони маҳаллӣ Абдуқодир Набиев ва Манижа Умарова ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022 — 2026 таъсис дода, бо истифода аз технологияи муосир аввалин маротиба дар Тоҷикистон истеҳсоли ширеши акрилиро ба роҳ монданд.
Иқтидори корхона дар як моҳ истеҳсоли зиёда аз 300 тонна ширеши хушсифат буда, оянда вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя, ин нишондод ба 500 тонна расонида мешавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи ширешбарорӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.
Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди корхонаи ширешбарорӣ наздики 10 миллион сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Хитой оварда шудааст ва ба таъкиди мутахассисони соҳа мавҷудияти ҳамин гуна хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки ашёи хом ба таври зарурӣ мавриди коркард қарор гирад ва ба харидорон маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ безарар пешниҳод карда шавад.
Дар корхона нахуст истеҳсоли 15 навъи ширеш, ки қаблан аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Россия, Туркия, Хитой ва Ӯзбекистон, ворид мешуд, роҳандозӣ гардидааст, ки асосан дар соҳаи сохтмон ва омода намудани қолин ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати хоса диҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи «Толиб Дадабоев» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, намоиши маҳсулоти онро тамошо карданд.
Он бо тамғаи маҳсулоти гӯштии «Дилшод» навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 навъи ҳасибча истеҳсол менамояд. Айни замон дар корхона 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол тибқи нақша корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки то 120 тонна гӯштро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни ҳасиб истеҳсол намояд. Ҳоло дар корхонаи ҳасиббарорӣ истеҳсоли то 30 навъи маҳсулоти гӯштӣ роҳандозӣ гардидааст ва бо дарназардошти талабот, имкон ҳаст, ки номгӯи маҳсулот зиёд карда шавад.
Гӯшти гов ва паранда барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз корхонаҳои чорвопарвари вилоят харидорӣ гардида, дар корхона ҳасиб аз гӯшти гову мурғ, ҳамчунин аз гӯшти асп қазӣ истеҳсол мегардад, ки он ба таври махсус тайёру хушконида мешавад.
Маҳсулоти ниҳоии корхона ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бархе аз мағозаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда мешаванд. Ба иттилои масъулин, дар оянда содироти он ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мегардад, зеро имконияти зиёдсозии хатҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот мавҷуд аст.
Бо дастрасии технологияи муосир ҳама марҳилаи коркард ва омодасози гӯшти паранда барои истеҳсоли ҳасибҳои мурғӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷамъият барои мизоҷон дар баробари ҳасиб, инчунин гӯшти мурғи бо усули муосиру бо истифода аз буғ пухташударо пешниҳод менамояд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти ниҳоии корхонаро аз назар гузаронида, барои рушди бештари истеҳсолот ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии нуҳошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятим туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Оилаҳое, ки соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Онҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Соҳибони манзилҳои нав барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки биноҳои нуҳошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоя сохтмон» дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расониданд.
Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3 — ҳуҷрагӣ мебошад.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимон ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барояшон дастархони идона ороста шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифатро аз назар гузарониданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашнгоҳ сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Гӯшаи аслии намоишгоҳро ба муносибати ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд намоиши калони маҳсулоти ҳунармандии хос ба киштукор ва деҳқониву чорводорӣ, монанди маҳсулоти оҳангарӣ, маҳсулоти деҳқонӣ, бахусус тухмии зироатҳо, меваҳову полезиҳо ва хушкмеваҳои хоси Тоҷикистон ташкил дод.
Ҳамчунин, асал ва маҳсулоти аз асал омодашуда, маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои хос ба халқи тоҷик ҷойгир карда шуд. Дар як қисмати ҷашнгоҳ намоиши бошукӯҳи либосу газворҳо ва матоъҳои миллии тоҷикон, аз қабили алоча, беқасаб, атлас, адрас, чит, сатин ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, сабадбофӣ, армуғонсозӣ ва дигар навъи ҳунарҳо ташкил гардид. Дар тантанаҳои идона ҷомеаҳои меҳнатии вилояти Суғд дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷашонро ба намоиш гузоштанд.
Ба таъкиди муаррихон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ — 20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад ва аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи шоиста баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмати вилоят ва дастовардҳои бузурги меҳнатии хоҷагидорону кишоварзони соҳибтаҷрибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.
Барои хотирмон таҷлил кардани ҷашни Сада ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо таҳти унвони «Кашфи оташ» пешниҳод карданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгон бо мақсади таҷлили ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилкунандагони ҷашни бостонӣ ва сокинони вилоят, ки дар тарғиби анъана ва русуми миллӣ ба ифтихори таҷлили Сада саҳмгузорӣ карданд, сипосу миннатдорӣ намуданд.