Идомаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№52 (3198) 22.05.2014

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати «Зиҷин Майнинг» Ван Ҷенхуа

 Нимаи дуюми рӯзи 19 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой Раиси Шӯрои директорони ширкати «Зиҷин Майнинг» Ван Ҷенхуаро ба ҳузур пазируфт.

Зиҷин Майнинг Ван Ҷенхуа

Дар мулоқот масоили вобаста ба кори имрӯза ва ояндаи Корхонаи муштараки Зарафшон баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ҳафт сол дар ин корхонаи муштарак ширкати «Зиҷин Майнинг» зиёда аз 235 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, беш аз 2200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Дар корхона  ғанигардонии маъдан, поксозии тиллою нуқра (аффинаж) ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо ҳамчунин комбинати коркарди мис бо иқтидори солонаи 10 ҳазор тонна бояд бунёд ёбад.

То соли 2016 дар ин ҷо бояд якчанд коргоҳи нави дигар бунёд ёфта, 500 ҷойи нави кор муҳайё гардад ва ҳаҷми истеҳсолоти Корхонаи муштараки Зарафшон ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои коргарони Корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.

 Вохӯрӣ бо роҳбари ширкати «ТВЕА» Чжан Син

Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 майи соли 2014 роҳбари ширкати «ТВЕА» Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

ТВЕА Чжан Син

Зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои минбаъда низ аз ҷониби ин ширкат бо сифати баланд ва мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.

Тавре зикр гардид, давоми ду моҳи оянда навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба кор дароварда мешавад ва иқтидори он ба 100 мегаватт баробар мешавад. Доир ба бунёди боз ду навбати дигари ин марказ бо иқтидори 300 мегаватт низ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа иқтидори маркази мазкур ба 400 мегаватт расонида хоҳад шуд.

Чжан Син изҳор дошт, ки ширкати «ТВЕА» бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз  ҷумла маркази таълимӣ доир ба омодасозии кадрҳои соҳаи электроэнергетика ва мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанберо бунёд намуда, ҳамзамон дар навсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳад кард.

 Суҳбат бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу

 Бегоҳии рӯзи 19 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд.

Мин Ҷен Чжу

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Хитой дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодасозии кадрҳои ин соҳа, аз ҷумла доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот, зоҳир карда шуд.

Мин Ҷен Чжу чунин изҳор дошт: «Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Халқии Хитой омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд».

Табодули назар, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, сурат гирифт.

Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

19 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.

IMG_2117

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирин ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии «Дӯсти рассомони ҷаҳон» сарфароз гардонида шуд.

Ба ғолибони озмуни рассомони беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу ҷоизаҳо супурда шуд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи беҳтарин мусаввараҳои рассомони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро тамошо карданд.

Тавре маълум шуд, дар ин ҷо мусаввараҳои рассомони тоҷик низ ба маъраз гузошта шудаанд.

Баррасии масоили ҳамкорӣ бо роҳбари ширкати «Чайна Петролиум» Ван Дун Ҷен

Субҳи рӯзи 20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Хитой, роҳбари ширкати «Чайна Петролиум» Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт.

IMG_2227

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хитой дар соҳаи нафту газ  баррасӣ шуд.

Аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Хитой изҳори хушӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, имсол сохтмони хати чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Хитой, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт. Ҳамкории ин ширкат бо ширкатҳои «Тотал» ва «Тетис» дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш номида шуд. Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Хитой ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Дар ҳошияи мулоқот миёни Тоҷикистон ва ширкати миллии     нафтии Хитой созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории ду ҷонибро дар самтҳои мазкур танзим хоҳад кард.

 Иштирок дар барномаи фарҳангӣ дар шаҳри Шанхай

 Бегоҳии рӯзи 20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ташриф овардаанд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.

Ин барномаи дилнишини фарҳангӣ дар толори бузурги Театри калони Шанхай барои роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои сершумори ба ҳамоиши мазкур ташрифоварда намоиш дода шуд.

 Ташриф ба қароргоҳи ширкати «Ҳайчен групп» дар шаҳри Шанхай

 Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2014 ба қароргоҳи ширкати хитойии «Ҳайчен групп» ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

IMG_2579

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифт. Шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, ин ширкат дар мавзеи Зарнисори Тоҷикистон бо истихроҷ ва коркарди сурбу руҳ машғул буда, то ҳол наздики 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намудааст.

Ба наздикӣ аз ҷониби ин ширкат дар шаҳри Истиқлоли (собиқ Табошар) Тоҷикистон сохтмони комбинати металлургӣ ва корхонаҳои семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо қариб 2,5 ҳазор шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургӣ дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол хоҳад буд.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки сохтмони ин корхонаҳо тезонида, як сол пеш аз муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. Роҳбарияти ширкати мазкур бо маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки дар омодасозии мутахассисони ин соҳаи Тоҷикистон ва ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони хитойӣ саҳмгузор мешавад.

 Иштирок дар ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай

 Бисту якуми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ оғоз намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳайатҳои сершумор аз давлатҳои дигари аъзо ва нозири ин созмон ташриф оварданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 24 кишвари аъзо ва 13 нозир дорад.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид дошт: «Ин қитъа метавонад ва бояд  дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд».

«Тоҷикистон омода аст дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

www.president.tj