Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таъмин намудани соҳаҳои калидии хоҷагии халқи мамлакат бо мутахассисони ба талаботи давру замон ҷавобгӯ саҳми бориз дорад.
Дар донишгоҳ якуми феврали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ректори он Давлатзода Қудрат таъкид намуд, ки соли сипаригашта барои кишвар соли таърихӣ ва пур аз дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ буда, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ва эҳсоси ватандӯстӣ дар чорабиниҳои тантанавии ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ширкат варзиданд. Донишгоҳ соли сипаришуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ташкили низоми идоракунии самараноки он корҳои назаррас ба анҷом расонид. Қобили зикр аст, ки сифати таълим ба касбияти омӯзгор алоқаи бевосита дорад. Айни замон дар 47 кафедраи донишгоҳ 563 омӯзгор, аз ҷумла 1 академик, 4 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 34 доктори илм, 243 номзади илм ба корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Шумораи донишҷӯён 10761 нафарро дар ҳама зинаи таҳсилот ташкил медиҳад.
Давлатзода Қудрат, ҳамчунин, афзуд, ки донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ — техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ — тадқиқотиро ба роҳ мондааст. Мавриди зикр аст, ки омӯзгори донишгоҳ, дотсент Ғайбуллоева Зумрат 23 июли соли 2021 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) барои кори илмии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани ихтироот бо медали тилло қадрдонӣ гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба дастури Пешвои миллат ва рушди бесобиқаи илму техника, дарёфт ва рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд пешниҳод гардидааст, ки дар донишгоҳ Маркази зеҳнии сунъӣ таъсис дода шавад. Соли сипаригашта як қатор донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки боиси қайд аст, боло рафтани мақоми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар рейтинги байналмилалии «Webometrics Ranking of World Universities in 2021» мебошад, ки бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар арсаи ҷаҳон бошад, донишгоҳ мавқеашро дар қиёс ба соли қаблӣ 3734 зина боло бурд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Давлатзода Қудрат ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод. Пас аз анҷоми нишаст бо даъвати ректори донишгоҳ намояндагони воситаҳои ахбори омма маркази навтаъсиси Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ — истеҳсолии ал-Ҷазариро тамошо карданд.
ВОРИС,
«Садои мардум»