Дар оғози нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 феврали соли равон баргузор шуд, раиси кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода ба кормандони ВАО барои ҳамкории самарабахшу судманд арзи сипос карда, изҳори умед намуд, ки минбаъд ин раванд вусъат хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки соли 2021 ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии чорво зиёда аз 21 миллион сар ҳайвону паранда, аз ҷумла, бар зидди бемории сӯхтании чорвои калони шохдор 1359344 сар, чорвои хурди шохдор — 2168561, асп — 37074, маркаб — 63393, бар зидди бемории вабои сумдарди чорвои калони шохдор 442592 сар, чорвои хурди шохдор 720361 сар, бар зидди бемории сиёҳрони чорвои калони шохдор 159523 сар, бемориҳои брутселлёз, гули гӯсфанду бузҳо, тоуни чорвои хурд, ҳорӣ, ангалӣ, бемориҳои пӯсти ҳайвонот ва бемориҳои паранда 13165895 сар бо ваксина ва воситаҳои дигар таъмин шуданд. Дар тӯли сол барои муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ дар 639728 сар чорвои калон санҷиши брутселлёз гузаронида шуда, 734 сар чорвои гирифтори беморӣ муайян гардид. Барои муайян намудани бемории сил 96 ҳазор сар чорвои калони шохдор мавриди санҷиш қарор гирифта, 5 сар чорвои мубталои беморӣ муайян шуд. Соли 2021-ум 5 ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ, 5 ҳолати гирифторӣ ба бемории сияҳрон, 38 ҳолати гирифторӣ ба бемории ҳорӣ, 5 брадзоти гӯсфандон низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат 1103710 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида, 61731 кило маҳсулоти гӯштӣ, 16599 литр маҳсулоти ширӣ, 1795 литр равғани рустанӣ, 25714 дона тухми паранда, 853 кило моҳӣ, 602 кило асал нобуд карда шуданд.
Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини рустанӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 313 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ 192024 сомонӣ ворид гардид.
- Соли 2021 аз тарафи мақомот ба буҷети ҷумҳурӣ 7694735 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2020 — ум 918645 сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт М. Файзуллозода.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»