- Соли 2021 фаъолияти Вазорати адлия ва сохторҳои он, пеш аз ҳама, ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид. Дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 3471 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 3406 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод шуд. Ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳашт лоиҳаи қонун ва нуҳ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, — изҳор дошт вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 феврал доир гардид.
Аз маълумоти пешниҳодгардида, ҳамчунин, аён шуд, ки соли гузашта ба вазорат 187 санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардида, 88-тои он ба қайд гирифта шуда, 80 санад, бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан, рад карда шуданд. Аз шумораи зикргардида дар 62 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия низ ошкор гардид.
Идораҳои нотариалии давлатӣ 656109 амалиёти нотариалӣ гузарониданд, ки нисбат ба як соли пеш 246109 адад зиёд мебошад. Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба вазорат 431 ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардида, 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории ҷорӣ ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад карда шуд.
Соли гузашта ба вазорат 1448 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҳафт ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолият ҳисобот пешниҳод намуда, 2556 огоҳиномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба қабул кардани грантҳо ва кумак аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ низ ворид гардид.
Ҳуқуқшиносони давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9110 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, ки аз он ҷумла 351 нафарашон шахсони маъюб мебошанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»