Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иттилоия

№19 (4439) 10.02.2022

DSC_9241Нуҳуми феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар он ду масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва «Дар бораи лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Гузориши муфассал дар ин бора дар шумораи ояндаи рӯзнома ба нашр мерасад.

«Садои мардум»