Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Виктор Денисенко

№19 (4439) 10.02.2022

DSC_06808 феврали соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ нахуст Виктор Денисенкоро ба муносибати сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш самимона табрик гуфта, сипас аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ки аз мулоқотҳои мунтазами сатҳи олии роҳбарони ҳар ду давлат маншаъ мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Беларус низ баррасӣ шуда, зарурати баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус таъкид гардид.

www.majmilli.tj