Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанҳои табиию риёзӣ баргузор гардид. Дар он 219 донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 11 фан иштирок намуданд.Дар ҷаласаи ифтитоҳии олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки мақсад аз баргузории олимпиада муайян кардани донишҷӯёни боистеъдод ва ба роҳи илм роҳнамун сохтани онҳо мебошад. Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Алидод Расулов дар бораи тартиби баргузорӣ, шартҳои озмун, интихоби ҳакамон маълумот дод ва донишҷӯён аз рӯйи фанҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Баъди пешниҳоду дархости иштирокдорон олимпиада ба кори худ оғоз намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ҳайати ҳакамон мувофиқ ба ихтисосҳо саволномаҳоро қабл аз оғози олимпиада тартиб дода, сипас, донишҷӯён дар вақти муайянгардида ба иҷрои супоришҳо пардохтанд.
Дар ҷамъбасти олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар фазои тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот, ҳамчунин ба 36 нафар барои иштироки фаъолона ифтихорномаи вазоратро супорид.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»