Нуҳуми феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст.
Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»
2. Дар бораи лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон.
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода дода мешавад. Марҳамат.
Карим ГУЛМУРОДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» бо мақсади беҳтар намудани вазъи феълии бозори истеъмолӣ ва ташаккули захираҳои давлатӣ таҳия гардидааст.
Таҳлили оморӣ нишон дод, ки соли 2021 воридоти гандум 1 миллиону 28,1 ҳазор тонна, шакар 101,1 ҳазор тонна, орд 56,7 ҳазор тонна, равғани рустанӣ 92,6 ҳазор тонна, биринҷ 30,8 ҳазор тонна, карбамид 88,6 ҳазор тонна, селитра 40,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, соли сипаришуда истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ 876,1 ҳазор тонна, орд 828 ҳазор тонна, равғани рустанӣ 23,5 ҳазор тонна, биринҷ 17,6 ҳазор тонна, гӯшт 67,7 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Воридоти сӯзишвории бензинӣ соли гузашта 242,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 — ум 8,7 ҳазор тонна зиёд аст. Воридоти сӯзишвории дизелӣ бошад, соли гузашта 345,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 47,2 ҳазор тонна бештар мебошад.
Ҳамчунин, истеҳсоли сӯзишвории бензинӣ дар соли 2021 ба 422,2 тонна ва сӯзишвории дизелӣ 7,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 161,9 тонна ва 100,7 тонна зиёд мебошад.
Бо дарназардошти тағйирёбии қурби асъори миллӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, нархи маҳсулоти муҳим торафт афзоиш ёфта, барои муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот қабули лоиҳаи қонуни зикршуда мусоидаткунанда арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШУРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Озодкунии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби агентӣ маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар бе мамониат ворид ва бо нархҳои нисбатан дастрас ба аҳолӣ пешниҳод шавад. Ворид намудан ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти озуқа боиси нигоҳдории нархҳо дар бозори дохилии ҷумҳурӣ гашта, ба иқтисодиёти кишвар низ таъсири мусбат мерасонад.
Нуриҳои минералии аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои дастгирии хоҷагии халқ равона гардида, ҷиҳати пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат ба деҳқонон ва аҳолӣ бо нархҳои нисбатан паст пешниҳод мегардад.
Инчунин, имтиёзҳои пешниҳодшуда барои интиқоли бевоситаи маҳсулоти нафтӣ мусоидат намуда, барои дар ҳолати муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори маводи сӯхти ҷумҳурӣ ва таъмини саривақтии объектҳои стратегии кишвар бо сӯзишворӣ боис мегарданд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.
Он дар ҷаласаи васеи кумита бо тартиби муқарраршудаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Вобаста ба масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Файзулло БАРОТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, иқдоми саривақтӣ ва дорои ҳадафҳои башардӯстона мебошад, ки аҳамияти он аз таъсиргузорӣ ба ҳалли дастрасии озуқаи ҳаётан муҳим барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат зоҳир мегардад. Ин зарурат ба чанд омил вобаста аст:
Якум, то андозае ба буҳрони иқтисодӣ дучор гардидани кишварҳои пешрафта, ба мизони фаъоли истеҳсолӣ дубора оғоз кардани корхонаҳо ва сард омадани зимистони имсола нархи газ ва маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ ва бензинро якбора баланд кард. Дар ниҳояти кор ин падида ба кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва арзиши сӯзишвории дизелӣ, бензин ва нуриҳои минералӣ боло рафтанд. Ин ҳолат анҷом додани корҳои агротехникиро дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мушкил гардонида истодааст.
Дуюм, бо сабаби хушксолӣ ва хуб фаъолият накардани бахши агросаноатии кишварҳои содиркунандаи орду гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия тамоюли баланд шудани нархи маҳсулоти озуқа дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Чунин вазъият ба сатҳи некуаҳволии мардум ва аз нигоҳи нарху наво дастрас будани маҳсулоти озуқа барои шаҳрвандон таъсири бад расонида метавонад.
Сеюм, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2022 ва дар сатҳи нисбатан мувофиқ нигоҳ доштани нархномаи маҳсулоти зикршуда мусоидат менамояд ва таъмини сатҳи лозимаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ба даст оварда мешавад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандам, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, ҳамчунин Фраксияи ҲАТ лоиҳаи қонуни зикршударо дар ҷаласаҳо баррасӣ намуда, қабули онро мувофиқи мақсад донистанд.
Дар даврае, ки рақобат дар бозори ҷаҳонии озуқа пуршиддат гардида, дар як вақт болоравии нархҳои маҳсулоти ғизоӣ ва захираҳои моддию техникӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида истодааст, таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо ва ҳалли онҳо дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат мақоми хоса мегирад.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба раванди таъмини амнияти озуқаворӣ дар баробари болоравии нархҳои маҳсулоти асосии истеъмолӣ, номутаносибӣ байни пешниҳод ва талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, халалдор гаштани робитаҳои иқтисодӣ, паҳншавии штаммҳои нави COVID — 19 ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъсир расонида истодааст. Масалан, соли 2021 индекси нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ ба ҳисоби миёна наздики 30 фоиз боло рафтааст, ки дар 40 соли охир нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, нархи газ, ки сӯзишвории асосӣ барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ мебошад, ба ҳисоби миёна 3 — 4 маротиба афзуда, моҳи феврали соли ҷорӣ аз 980 то 1100 доллари амрикоӣ барои 1000 м3 боло рафт. Ин дар маҷмӯъ, ба нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ, ҳамчунин, нуриҳои минералӣ таъсир расонид. Ҳоло нархи як халтаи 50 — килограммаи нуриҳои азотӣ 350 — 400 сомонӣ, баъзе навъҳои дигар то 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар чунин вазъият аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи бозори истеъмолии дохилӣ муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус, номгӯй ва ҳаҷми як қатор маҳсулот, ки барои ташаккули захираҳои давлатӣ заруранд, омода шудааст. Аз ин хотир, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ҷиҳати аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти озуқаи ҳаётан муҳим, инчунин, сӯзишвории дизелӣ, бензин ва нуриҳои минералӣ боиси дастгирии ҳаматарафа мебошад.
Таваҷҷуҳ ва дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз пардохти андозу аксиз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти номгӯи озуқаи ҳаётан муҳим, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, ки барои танзими бозори истеъмолӣ таъсири мусбат мерасонад, албатта, боздеҳи хуб дорад, самараи он боиси беҳтар гаштани некуаҳволии мардум ва баланд гаштани имкониятҳои андозсупории истеҳсолкунандагони комплекси агросаноатӣ мегардад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Амонулло ХАЙРУЛЛО:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тибқи лоиҳаи қонуни зикргардида, пешниҳод мегардад, ки воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Ҳама медонем, ки барои таъмини фаъолияти бонизоми хоҷагии халқи мамлакат кори муназзами соҳаи нақлиёт ниҳоят муҳим мебошад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти зарурӣ таъмин гардида, нархи сӯзишвории дизелӣ ва бензин дар сатҳи нисбатан арзонтар нигоҳ дошта шавад.
Хароҷоти сӯзишвории дизелӣ ва бензин яке аз омилҳои асосии таъсиррасони ташаккулёбии нархи боркашонӣ ва мусофиркашонӣ ба шумор меравад. Аз ин сабаб чораҳои пасттар менамудаи нархи онҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Воридоти нуриҳои минералӣ бо нархҳои ниҳоии нисбатан арзон ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, дар натиҷа, арзиши аслии ашёи хоми коркардшаванда барои корхонаҳои саноатӣ, аз қабили пахта, меваю сабзавот ва ғайра, пасттар мегардад. Чунин чораҷӯиҳо барои рақобатпазиргардии маҳсулоти саноатӣ низ замина мегузорад. Яъне, дар умум бо амалишавии қонуни мазкур барои таъмини фаъолияти соҳаи нақлиёт шароити мусоид фароҳам гардида, теъдоди молу маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаҳои саноатии ватанӣ зиёдтар ва арзиши ин молу маҳсулот мутаносибан коҳиш меёбад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Даринг Раҳмон
Ҷаҳон Афрӯз ҚУРБОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Соли 2021 ба монанди соли 2020 бо сабабҳои ба ҳама маълум, на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои дунё соли душвортарин буд, ки ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ монеаи ҷиддӣ эҷод намуд.
Соли гузашта нархи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоби миёна 32 фоиз афзоиш ёфта, болоравии нархи нафт бошад, дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 40 фоизро ташкил дод ва агар дақиқтар гӯем, нафти тамғаи «Brent» 38,7 фоизро ва «WTI» 42,7 фоизро ташкил доданд, ки занҷираи таъсири он ба тамоми соҳаи иқтисодиёти воқеӣ, аз ҷумла логистика ва дар натиҷа, ба занҷираи арзиши иловашуда таъсири манфӣ расонид.
Дар ҷумҳурӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар моҳҳои январ — декабри соли 2021 бо нархҳои ҷорӣ 98 910,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо ифодаи воқеӣ 9,2 фоиз афзудааст.
Дефлятори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлат 9,7 фоизро ташкил дода, индекси нархҳои истеъмолии озуқаворӣ ҳамагӣ 7,3 фоиз ва ғайриозуқаворӣ 7,5 фоизро ташкил дод.
Соли гузашта нархи маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқавории воридотӣ, афзоиш ёфта, қабули қонуни мазкур барои барканор намудани чунин болоравии нарх ва барои амалӣ намудани ду ҳадафи стратегии мамлакатамон, яъне, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд.
Хуб мебуд, агар Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба кафолати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва нигоҳ доштани устувории нарх дар бозори дохилӣ» қарори алоҳида қабул мекард ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши миёнаравҳоро байни деҳқон ва харидор коҳиш дода, барои дар сатҳи дастрас нигоҳ доштани нархҳои озуқаворӣ дар бозори ватанӣ чораҳои доимӣ амалӣ намоянд. Зеро, мутаассифона, дар баъзе маврид нархи маҳсулоти ватанӣ аз маҳсулоти воридотӣ баланд аст. Масалан, нархи як кило мандарине, ки аз хориҷи дур ворид мешавад, бо дарназардошти хароҷоти логистикиву боҷи гумрукӣ 6 — 7 сомонӣ бошад, нархи меваҷоти ватаниамон, аз ҷумла, себу ангур то 25 сомониро ташкил медиҳад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Он аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 таъсис дода шудааст, таҳия гардидааст.
Лоиҳаи кодекс аз 8 фасл, 18 боб ва 141 модда иборат буда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, Кодекси замин, Кодекси шаҳрсозӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Кодекси амалкунандаи манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 декабри соли 1997 қабул гардида буд, бинобар сабаби дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қабулу такмил ёфтани меъёрҳои қонунгузориҳои гражданӣ, замин, шаҳрсозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва дигар қонунгузории ҷумҳурӣ зарурати дар таҳрири нав қабул намудани он ба миён омад.
Дар лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба манзил бо роҳи сохтмони манзилҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ, дахлнопазирии манзил кафолат дода шуда, дар фарқият аз меъёрҳои Кодекси манзили амалкунанда якчанд мафҳуми асосии дар матни нави лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашуда шарҳ дода шудаанд, ки мазмуну муҳтавои кодекси мазкурро сода ва осонфаҳм менамоянд.
Дар он меъёрҳо оид ба манзили истиқоматӣ ва навъҳои фонди манзил, таъинот ва истифодабарии манзили истиқоматӣ, субъектҳои идоракунии фонди манзил, интихоби тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ, баҳисобгирии давлатии фонди манзил ва бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ, назорати давлатии фонди манзил, суғуртаи манзилҳои истиқоматӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳуқуқи моликияти умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ муқаррар шудаанд.
Тибқи лоиҳа, асосҳои идоракунии фонди манзил, идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагӣ, ширкати моликони манзил, идоракунии бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда, тартиби додан ва истифодабарии манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, эътирофи шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ва тартиби баҳисобгирии онҳо, ҳуқуқу уҳдадороиҳои кироядеҳ ва кироягир тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, иваз намудани манзилҳои истиқоматӣ муайян гардидааст.
Дар лоиҳа, ҳамчунин, фонди манзили махсусгардонидашуда, навъҳои манзили истиқоматии фонди манзили махсусгардонидашуда, тартиб ва шартҳои додани манзилҳои истиқоматии фонди манзили махсусгардонидашуда, шартномаи кирояи манзили истиқоматии махсусгардонидашуда, таъсис ва фаъолияти кооперативи манзил ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он, оинномаи кооперативи манзил, иҷораи манзили истиқоматӣ, уҳдадориҳои иҷорадеҳ ва иҷорагир, пардохти маблағи истифодабарии манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳои манзилии шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудааст.
Истифодабарӣ ва нигоҳдории манзили истиқоматӣ хеле муҳим мебошад. Бо дарназардошти ин дар лоиҳаи кодекс интихоби тарзҳои идоракунии фонди манзил ба ихтиёри соҳибони манзил вогузор шудааст. Онҳо метавонанд мустақилона тарзҳои зерини идоракунии фонди манзилро интихоб намоянд:
1. Идоракунии бевосита аз ҷониби моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ;
2. Идоракунӣ аз ҷониби ширкати моликони манзил ё кооперативи манзил;
3. Идоракунӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
Интихоби яке аз шаклҳои идоракунӣ ба соҳибони манзилҳои истиқоматӣ имкон медиҳад, ки ин манзилҳоро самаранок истифода бурда, нигоҳдошти онҳоро таъмин намоянд.
Тартиби ташкилшавӣ, бақайдгирӣ, фаъолият ва барҳам додани шаклҳои идоракунии номбурда дар лоиҳаи кодекс ба таври муфассал танзим гардидааст.
Амалӣ гардидани кодекси мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баррасӣ қарор дорад, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 ва бо мақсади амалӣ намудани банди 12 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар соҳаи манзил бо тадриҷан вусъат ёфтани сохтмони навъҳои гуногуни фонди манзил дар кишвар, ба миён омадани баҳсҳои судӣ оид ба манзил, рушди инфрасохтори коммуналӣ ва тартиби хизматрасониҳои коммуналӣ зарурати танзими нави муносибатҳо дар соҳаи манзил пайдо гардида, мақсади асосии таҳия ва қабули кодекси нав аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил тавассути сохтмони манзил, ба шаҳрвандон бо тартиби муқарраршуда додани манзилҳои истиқоматӣ тибқи шартномаҳои кирояи иҷтимоӣ ё кирояи манзили истиқоматӣ аз фонди манзили давлатӣ ё коммуналӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии моликон ва дигар истифодабарандагони манзил, таъмини хизматрасониҳои коммуналӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ оид ба сохтмони манзил буда, ба василаи пешбинӣ намудани механизмҳои идоракунии фонди манзил мусоидат ба рушди бозори манзил дар кишвар маҳсуб меёбад.
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 фасл, 18 боб ва 141 модда иборат буда, дар он ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил, муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он, намудҳои фонди манзил, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, тартиби идоракунии фонди манзил, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳои марбут ба соҳаи манзил танзим ёфтаанд.
Фасли I «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, фарогири 3 боб ва 17 модда аст. Фасли II «Ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ» унвон гардида, аз 3 боб ва 11 модда иборат аст. «Идоракунии фонди манзил» номи фасли III буда, 4 боб ва 16 моддаро дар бар мегирад. Фасли IV ба «Манзили истиқоматии фонди манзили давлатӣ» бахшида шуда, яке аз калонтарин фаслҳои лоиҳаи кодекс мебошад, ки фарогири 4 боб ва 60 модда аст. Фасли V «Кооперативи манзил» номгузорӣ шуда, аз 1 боб ва 9 модда иборат аст. Фасли VI «Иҷораи манзили истиқоматӣ» унвон гардида, аз 1 боб ва 16 модда иборат мебошад. «Пардохтҳо ва имтиёзҳо дар соҳаи манзил» номи фасли VII лоиҳаи кодекс буда, дарбаргирандаи 1 боб ва 7 модда аст. Номи фасли VIII «Муқаррароти хотимавӣ» буда, аз 1 боб ва 4 модда иборат мебошад.
Моддаи 4 лоиҳа ба мафҳумҳои асосӣ бахшида шуда, дар он мафҳумҳои «манзили истиқоматӣ», «бинои истиқоматӣ», «хонаи истиқоматӣ», «бинои бисёрхонагӣ», «хона», «ҳуҷра», «фонди манзил», «масоҳати умумии манзили истиқоматӣ», «шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ», «молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ», «кирояи иҷтимоӣ», «ҳудуди назди хона», «ташкилоти идоракунанда», «ширкати моликони манзил» ва «кооперативи манзил» маънидод шудаанд.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 10 лоиҳа фонди манзил вобаста ба шакли моликият, ба 1) фонди манзили давлатӣ ва 2) фонди манзили хусусӣ тақсим шуда, ҳамчунин, вобаста ба мақсадҳои истифодабарӣ, ба 1) фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ, 2) фонди манзили махсусгардонидашуда, 3) фонди манзили шахсӣ (инфиродӣ) ва 4) фонди манзили истифодаи тиҷоратӣ ҷудо мешавад.
Бо дарназардошти гуногунии шаклҳои моликият, тибқи муқаррароти моддаи 18 лоиҳа, асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ бо асосҳои зерин ба вуҷуд меояд:
1) сохтмони хонаи истиқоматӣ (қисми хона) ё бинои бисёрхонагӣ, аз ҷумла дар асоси иштироки ҳиссагӣ дар маблағгузории сохтмон;
2) анҷом додани аҳдҳои хариду фурӯш, иваз, ҳадя, аз рӯи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ва аҳдҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;
3) ба мерос гирифтани манзили истиқоматӣ;
4) пардохти маблағи пурраи саҳм аз ҷониби узви кооперативи манзил;
5) дар асоси санади судӣ;
6) асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Тавре маълум аст, бо ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ низ пайдо мегардад, ки ин масъалаҳо дар моддаҳои 23 — 28 лоиҳа танзим ёфтаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани идоракунии фонди манзил, тибқи моддаи 32 лоиҳа, пешбинӣ мегардад, ки идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ бо тарзҳои зерин амалӣ карда шавад:
1) идоракунии бевосита аз ҷониби моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ;
2) идоракунӣ аз ҷониби ширкати моликони манзил ё кооперативи манзил;
3) идоракунӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
Мувофиқи талаботи моддаи 45 лоиҳа манзилҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ, тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд ва дар маҳалли аҳолинишини мазкур доимӣ истиқомат ё кор мекунанд, дар шакли манзили истиқоматии алоҳида барои истифодабарӣ дода мешаванд.
Масъалаҳои вобаста ба истифодабарии манзили истиқоматӣ, тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, дар моддаҳои 58 — 83 лоиҳа ҳал гардиданд.
Бо дарназардошти гуногунии фонди манзил мутобиқи муқаррароти моддаҳои 84 — 97 лоиҳа намуд ва тартиби истифодабарии манзилҳои истиқоматии фонди манзили махсусгардонидашуда муайян шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 84 лоиҳа, манзилҳои истиқоматии фонди манзили махсусгардонидашуда: 1) манзилҳои истиқоматии хизматӣ, 2) манзилҳои истиқоматӣ дар хобгоҳҳо, 3) манзилҳои истиқоматии низоми муассисаҳои хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва 4) манзилҳои истиқоматӣ барои ҷойгиркунии муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезаҳо дохил мешаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар лоиҳаи қонуни зикршуда мавриди танзим қарор дода шудааст, муносибатҳо вобаста ба иҷораи манзили истиқоматӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар шароити рушди бозор ва сохтмони манзил, иҷораи манзил яке аз роҳҳои тадриҷан ҳал кардани проблемаи таъминоти манзили истиқоматӣ буда метавонад. Масъалаҳои иҷораи манзил, тартиб, шароит ва дигар ҳолатҳои ба иҷораи манзил алоқаманд дар моддаҳои 114 — 129 лоиҳа танзим шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити истифодабарии манзили истиқоматӣ дар биноҳои бисёрошёна масоили пардохти коммуналӣ ва тартиби пардохти он танзимталаб ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, бо дарназардошти мавҷудияти таҷрибаи муайян мувофиқи талаботи моддаҳои 130 — 137 лоиҳа ҳалли минбаъдаи масъалаи мазкур ба таври дахлдор ба роҳ монда мешавад.
Боби 18 аз «Муқаррароти хотимавӣ» ва моддаҳои 138-141 иборат буда, он ҳалли баҳсҳои манзилӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи кодекси мазкур, аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиётро гузаштааст. Баҳри такмили он 377 таклифу пешниҳоди вакилон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, ки ҳамаи онҳо дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, ба лоиҳа ворид шуданд.
Инчунин, пешниҳодҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул дониста шуда, дар лоиҳа истифода гардиданд.
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бинобар ин, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он, фонди манзил, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳои соҳаҳои марбут ба манзилро танзим менамояд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Зеро мутобиқи моддаи 36 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад».
Аз ин рӯ, дар иртибот ба моддаи 36 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи кодекс масъалаҳои манзилӣ пурра танзими ҳуқуқиро пайдо намудаанд, ки тибқи ин меъёрҳо, шаҳрвандон ҳуқуқҳои манзилии ба онҳо тааллуқдоштаро ихтиёран амалӣ менамоянд. Инчунин, шаҳрвандон ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқ ба манзил ва иҷрои уҳдадориҳое, ки аз муносибатҳо оид ба манзил бармеоянд, набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон кунанд.
Дар лоиҳаи кодекси манзил ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии манзилии шаҳрвандон аҳамияти махсус дода шуда, тибқи он оиди додани манзили истиқоматӣ дар асоси шартномаи кирояи иҷтимоӣ, табақаҳои ба манзили истиқоматӣ ниёздошта, яъне эҳтиёҷмандон, маъюбон, ятимону бепарасторон, беморони музмин, хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Дар лоиҳаи кодекс оид ба эътирофи шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба онҳо манзили истиқоматӣ дода мешавад, яъне шаҳрвандоне, ки дар манзилҳои истиқоматии ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯнабуда истиқомат мекунанд, дар хонае истиқомат мекунанд, ки аз ҷониби якчанд оила ишғол шудааст ва дар он шахси гирифтори бемории вазнини музмин истиқомат дошта, истиқомати якҷоя бо ӯ дар як хона имконнопазир мебошад ва онҳо дигар манзили истиқоматӣ надошта бошанд.
Ба аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва (ё) бемории касбӣ ҳалок гардидаанд, агар онҳо қаблан дар рӯйхати эҳтиёҷмандони манзили истиқоматӣ дохил шуда бошанд, шаҳрвандоне, ки пас аз адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба ҷойи кори пештараашон баргаштаанд, барои гирифтани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.
Тибқи лоиҳаи кодекс, оиди бенавбат додани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ равона гардида, манзили истиқоматӣ бенавбат ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди зерин дода мешавад:
1) собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
2) шаҳрвандоне, ки манзилашон дар натиҷаи офати табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомат номувофиқ эътироф гардида, таъмиру азнавсозии он имконнопазир мебошад;
3) ятимони бабалоғатрасида, ки манзили истиқоматӣ надоранд;
4) хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок шудаанд;
5) ба шаҳрвандони ғайриқонунӣ маҳкумшуда ва сипас сафедкардашуда, ҳангоми ғайриимкон будани баргардонидани манзили истиқоматии пештараашон;
6) ба модароне, ки якбора се ё зиёда аз ин кӯдак таваллуд кардаанд;
7) ба оилаҳое, ки кӯдакони маъюбро тарбия мекунанд;
8) шахсони дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Инчунин, дар асоси лоиҳаи кодекс ҳангоми додани манзили истиқоматӣ дар як ҳуҷра маскун намудани шахсони гуногунҷинси аз ҳафтсола боло, ба ғайр аз зану шавҳар, манъ буда, манзилҳои истиқоматӣ ба маъюбон, пиронсолон, шахсони мубталои бемориҳои дилу рагҳои хунгузар ва дигар бемориҳои вазнин, бо хоҳиши онҳо дар ошёнаҳои поён ё дар хонаҳои лифтдор дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо дарназардошти он афзалиятҳое таҳия гаштааст, ки ҳадафи аслиашон таъмини ҳифзи кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи хуқуқии шаҳрвандон ба манзил мебошад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Рустам ШОҲМУРОД:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба ҳисоб рафта, муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба манзил гуногунсамт мебошанд. Зеро манзил ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият, объекти соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ баромад намуда, истифодабарии он ба идоракунии фонди манзил ва таъмини коммуналӣ алоқаманд аст.
Вобаста ба объекти танзим қонунгузории соҳаи манзил хеле фарох буда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва меъёрҳои он бо Кодекси гражданӣ, Кодекси шаҳрсозӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ипотека», дигар қонунҳо, қонунгузории соҳаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар соҳаҳо алоқаманд мебошанд.
Гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба васеъ гардидани имконияти ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзил замина гузошта, такмили муносибатҳои ҳуқуқии соҳа, роҳу усулҳои танзими муносибатҳо оид ба манзил, тағйири низоми идоракунии соҳаро тақозо намуд.
Кодекси манзили амалкунанда, ки ҳанӯз соли 1997 қабул шуда буд, вазифаи худро иҷро кард ва ҳоло зарурат ба қабули санади нави ҷавобгӯ ба эҳтиёҷоти муосири ҷомеа ба миён омадааст.
Лоиҳаи пешниҳодгардидаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани тағйироти сохтории бавуҷудомадаи муносибатҳо оид ба манзил ва эътирофи ҳуқуқи моликият ба манзил, алоқамандии пайвастаи он бо қонунгузории амалкунанда таҳия шудааст.
Дар он аввалин маротиба доираи муносибатҳо оид ба манзил дақиқ карда шудааст, ки муносибатҳои зеринро дар бар мегирад:
- ба вуҷуд омадан, амалӣ намудан, тағйир ёфтан, қатъ гардидани ҳуқуқҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани манзили истиқоматии фондҳои манзили давлатӣ ва хусусӣ;
- баҳисобгирии фонди манзил, истифодабарӣ ва нигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ;
- идоракунии бинои бисёрхонагӣ ва истифодаи молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ;
- мансуб донистани манзилҳо ба қатори манзилҳои истиқоматӣ ва хориҷ намудани онҳо аз фонди манзил;
- азнавтаҷҳизонӣ ва (ё) азнавтарҳрезии манзилҳои истиқоматӣ;
- таъсис додан ва фаъолияти кооперативҳои манзил, ширкатҳои моликони манзил ва ташкилотҳои идоракунандаи онҳо;
- пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти маблағ барои манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ;
- назорати истифодабарӣ ва нигоҳдории фонди манзил, мутобиқати манзилҳои истиқоматӣ ба қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва техникии муқарраргардида ва дигар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, дар лоиҳа озодии шаҳрвандон дар амалӣ намудани ҳуқуқҳо ба манзил аз рӯи шартнома ва асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ муқаррар гардидааст.
Инчунин, кафолати давлат барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба манзил тавассути ҳавасмандгардонии сохтмони манзил, мусоидат ба рушди бозори манзил, тибқи тартиби муқарраршуда ба шаҳрвандон додани манзили истиқоматӣ бо шартномаҳои кирояи иҷтимоӣ ё кирояи манзили истиқоматӣ аз фонди манзили давлатӣ ё коммуналӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии моликон ва дигар истифодабарандагони манзил, хизматрасониҳои коммуналӣ ва назорат ба риояи қонунгузорӣ оид ба сохтмони манзил мустаҳкам карда шудааст.
Дар лоиҳа афзалияти кодекс ҳангоми татбиқи меъёрҳои қонунгузории соҳавии дахлдор ба муносибатҳо оид ба манзил, ки бо таъмир, азнавтаҷҳизонӣ, азнавтарҳрезии манзилҳо дар бинои бисёрхонагӣ, истифодаи таҷҳизоти муҳандисӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ вобастаанд, муқаррар гардидааст.
Бо мақсади танзими ҳуқуқии муносибатҳои гуногунсамт оид ба манзил аввалин маротиба қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ истифода мешаванд, ки он бо дар назар доштани асосҳои умумию моҳияти қонунгузорӣ оид ба манзил ва талаботи принсипҳои башардӯстӣ, бовиҷдонӣ ва адолат татбиқ мегардад.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи кодекси пешниҳодгардида бо дарназардошти вазъи кунунии соҳа, амалияи муосир ва қонунгузории амалкунанда таҳия гардидааст.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Комрон ИСМОИЛИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2013 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба дастрасӣ ба манзил, бобати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси манзил масъалагузорӣ намуданд. Ҳамчунин, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 низ Ҷаноби Олӣ бобати камбудиву мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта, хусусан беҳтар кардани идоракунии маҳаллӣ, вазъи манзилҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолии кишвар ибрози назар карданд.
Дар ин замина, лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва он санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал буда, ҳама ҷанбаи муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамояд.
Мафҳумҳои асосии ҳуқуқ ба манзил дар лоиҳаи кодекси зикршуда муфассал пешбинӣ гардида, манфиатҳои қишри эҳтиёҷманд ба манзил низ ба инобат гирифта шудаанд.
Бо дарназардошти он ки тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, лоиҳаи кодекс имконият медиҳад, ки норасоиҳои мавҷуда бартараф гардида, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шавад.
Яке аз мисолҳои тақвиятбахшандаи ин гуфтаҳо ва бо лоиҳаи кодекс танзимшаванда он аст, ки бо роҳи сохтмон ва рушди бозори манзил, давлат имконияти ба шаҳрвандон додани манзили истиқоматӣ бо шартномаҳои кирояи иҷтимоӣ, кирояи манзили истиқоматии махсусгардонидашуда аз фонди манзили давлатӣ ё коммуналӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии моликон ва дигар истифодабарандагони манзил, хизматрасониҳои коммуналӣ ва назорат ба риояи қонунгузорӣ оид ба сохтмони манзил шароит фароҳам меорад.
Яке аз навгониҳои бо лоиҳаи кодекс роҳандозишаванда, мушаххасан пешбинӣ гардидани қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳо оид ба манзил мебошад, ки аз рӯи он татбиқ намудани меъёрҳое, ки ҳуқуқ ба манзилро маҳдуд ва ҷавобгариро муқаррар менамоянд, манъ аст.
Ҳамчунин, бо лоиҳаи кодекс пешбинӣ гардидани сохтмони манзилҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ, инчунин, бо дарназардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ мукаммал танзим намудани муносибатҳо дар самти идоракунии бинои бисёрхонагӣ низ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ ба манзил васеъ истифода баранд.
Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи кодекси мазкурро дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи санади меъёрии ҳуқуқиро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда ё ин ки яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.
Лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро яклухт ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи «Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Маҳмудҷон УСМОНОВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ