Дар Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоотӣ»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 — уми майи соли ҷорӣ дуюмин конфронси умумиҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» баргузор гардид. Мавзӯи имсолаи кори конференсия «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии Интернетӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон » буд. Дар конференсия 50 нафар роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, тайи ду рӯз роҷеъ ба паҳлуҳои мавзӯи зикршуда мубодилаи афкор намуданд.
- Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо аз он иборат аст, ки ҷаҳони имрӯза ва махсусан китобхонаҳои ҷумҳуриро, бе технологияҳои иттилоотӣ ва компютериву Интернетӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бинобар ин, дар ин конференсия масъалаҳои алоқаманд ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ташкили маъхазҳои пурраматни электронӣ дар шабакаи Интернет ва дигар самтҳои фаъолияти китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт,- гуфт ба хабарнигорамон директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Бобоҷон Бобоев .
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»