- Соли 2021 дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 130 864 кило маҳсулоти гӯштӣ, 11 361 кило равғани рустанӣ, 6511 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 40 540 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 4080 кило маҳсулоти қаннодӣ, 20269 кило маҳсулоти нонӣ, 19442 кило маҳсулоти ширӣ, 40587 кило консерва, 469 кило иловагиҳои ғизоӣ, 5723 кило қанд, набот ва асал, 109 443 кило намак, 102 445 дона тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида, барои коркарди дубора ё нобудсозӣ пешниҳод гардиданд ва нисбати субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Темурҷон Абдулваҳобзода.
Ҳамчунин, дар ин давра маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз ҷумла 42033 кило масолеҳи сохтмонӣ, 59012 метр ноқил, 1132 литр антифриз, 2386 дона фурӯзонаки тафсон, 4814 дона фурӯзонаки каммасраф, 25887 адад маҳсулоти парфюмерӣ, 18200 дона халтаи полиэтиленӣ, 3321 адад дафтар ва китоб бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талабот аз муомилот гирифта шуд.
Соли сипаригашта тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар 8285 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуд.
Дар шарҳи ин иқдом зикр шуд, ки аз теъдоди умумии санҷишҳо 8014 адад нақшавӣ, 265 — ғайринақшавӣ ва 6 адад такрорӣ мебошад.
Дар самти таъмини риояи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ аз тарафи нозирон якҷоя бо намояндагони ширкатҳое, ки тамғаи молии ҳимояшудаи онҳо аз тарафи дигар соҳибкорон истифода шудааст, санҷиш гузаронида шуд. Дар ин давра ба Агентии «Тоҷикстандарт» аз тарафи ҶДММ «Кока — кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» (нӯшокиҳои ташнагишикан), ҶДММ «Текмаксан» (ранги сохтмонӣ), ҶДММ «Сардор-2008» (донаи офтобпараст), ҶДММ «Адана» (шири хушк), соҳибкори инфиродӣ Абдурауфов Р. (халтаҳои полиэтиленӣ) ва С.Давлатов (ранги сохтмонии «Алван») аризаҳо оид ба ҳимояи тамғаи молии онҳо ворид гардиданд. Дар ин робита, тибқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба соҳибкороне, ки ба қонуншиканӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ роҳ доданд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ба шарофати гузаронидани вохӯрӣ ва семинар — машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолашон гузашта, дархост ворид шудааст. Аз ҷумла, бо дархости соҳибкорон 90290 кило маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории муваққатии агентӣ барои нобудсозӣ супорида шуд.
Бинобар нақз гардидани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бо мақсади таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, аз сабаби риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок дар 8864 ҳолат, 1 971 802 сомонӣ ҷарима таъин гардида, маблағи мазкур ба буҷети давлатӣ ворид шуд.
Вобаста ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ин давра 122 аризаи шикоятии шаҳрвандон, ки аксари онҳо ба паст будани сифати молу маҳсулот ва фиреби истеъмолкунандагон рабт дошт, баррасӣ ва ба таври мусбат ҳал карда шуд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»