«Мо терроризмро дар ҳама шакли зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем».
Ин суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, бори дигар мардуми шарафманди Тоҷикистонро мутмаин кард, ки давлат вазифаи асосиро ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, мунтазам пурзӯр менамояд.
Мусаллам аст, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат давраҳои ҳассосу сангин вуҷуд дорад, ки миллатҳоро метавонад сарҷамъ созад ва ё баръакс аз байн бибарад. Халқи тоҷик низ чунин айёми сахту сангинро даҳаи охири асри гузашта пушти сар намуд. Мардуми оромидӯсту амниятхоҳи тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо масъулияти баланд дарк намуд, ки бояд таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавиштро ба даст гирад ва миллатро аз нобудӣ амон бахшад.
Бояд хотирнишон созем, ки дар он давра кишварро имтиҳони басо сахт дар пеш меистод. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сар зад, оромии ҷомеа ва амнияти давлату халқро халалдор сохта, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ ва ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят вазнин расонид.
Аммо, бо вуҷуди мушкилиҳо, мардуми кишвар бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ ноил гардид. Албатта, ваҳдат арзиши ҷовидонии миллати тоҷик, ормони ба воқеият табдилёфтаи мардум ва ҷавҳари асосии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Баандешаи Пешвои миллат, «Истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад».
Хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳама заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Қабули Конститутсияи нав дар кишвар, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парламенти дупалата ва Суди конститутсионӣ, инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, асосан унсурҳои пешрафтаи давлатдорӣ маҳсуб меёбанд.
Зимнан, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои гуногуни ҷомеа иқдомҳои пайгиронаи Президенти мамлакат мебошанд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷаҳон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ барои якпорчагӣ, ваҳдат, оромӣ ва истиқлолият саъю талош карда истодаанд. Лекин садсолаҳо боз истиқлолият ба даст оварда наметавонанд. Хушбахтона, ҳоло Тоҷикистонро дунё чун давлати ягона, соҳибистиқлол ва дорои фарҳанги қадиму воло мешиносад ва иқдому ташуббусҳои неки онро ҷонибдорӣ менамояд.
Бояд зикр кард, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни сайёра зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фаҷеъ ба бор оварда истодааст.
Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ, иродаи қавии мардум ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоламон гирифта шавад.
Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳофарӣ, дар баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ, тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида, ҷонибдорӣ менамояд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Ин боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо суиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон истифода мебаранд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад, оянда оқибатҳои хатарзо ба бор оварад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризмро қотеъона маҳкум намуда, ба ҳимояи дини ислом бархеста, аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо хитоб намуданд, ки «ислом ба терроризм ҳеҷ алоқаманд нест, террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва терроризмро ба ислом пайвастан дуруст нест ва ҳама кишварҳои олам бояд якҷоя, муташаккилона бо ин вабои аср мубориза баранд». Дар ин самт, бешубҳа, Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси маркази мубориза бо терроризм дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки он фаъолона амал мекунад.
Ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор оварда истодаанд. Ин иқдомҳои пайгирона, мавқеи ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Барои мисол, ҳар сол дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони Россия, Хитой, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон, ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии СММ — Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутерриш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти мамлакат ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Мусаллам аст, ки солҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра боис гардидааст.
Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад, терроризм аст, ки ҳамчун зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ — сиёсӣ ва ҷиноӣ ба дидгоҳи дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Он таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб меёбад, муайян гардидааст. Вазъи ҳозира зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид карданд: «Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон, наметавонанд бехавф бошанд».
Бинобар ин, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони тоҷик мисли солҳои 90 — уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Ифодаи мафкура ва фаъолият гурӯҳҳои экстремистию террористиро, ки мақсадашон бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ мебошад, ҷонибдорӣ нанамоянд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки давлату ҷомеа садди роҳи тарғиботу ташвиқоти ҳаракатҳои ифротгароию динӣ гашта, фазои динии ҷомеаро аз идеологияву унсурҳои бегонаи динӣ ҳимоя намоянд. Дар ин самт барои пешгирӣ аз афкору андешаи тундгароён, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият дода шавад.
Зеро ҳоло фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони бе низом табдил ёфтааст, ки онро гурӯҳҳои динӣ — ифротгароӣ ба хотири паҳн кардани таълимот, ақида ва идеологияи зӯроварӣ истифода менамоянд. Дар ин самт баҳри пешгирӣ ва мубориза ба он лозим аст, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ВАО беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд. Ҳамчунин, бояд неру ва имкониятҳои мавҷударо ба он равона созем, ки ҷавонон зери таъсири ғоявии равияҳои динӣ — экстремистӣ намонанд ва бар зидди ифротгароӣ дастҷамъона мубориза баранд.
Вақти он аст, ки хурду бузурги кишвар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватан аз таъсири манфии амалҳои террористию экстремистӣ омода буда, баҳри осоиштагии сулҳу субот талош варзанд. Зеро Тоҷикистон барои ояндаи неки мардум, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқ пойдевори мустаҳкам гузоштааст.
Эътимоди комил дорам, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ намуда, Тоҷикистони азизро дар ояндаи наздик ба кишвари неруманду пешрафта табдил медиҳанд.
Бояд иқрор шуд, ки фаъолияти муназзами сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард. Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хосаш дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта, эътирофи байналмилалиро касб намудааст.
Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони хурраму фархунда ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат итминони комил дорем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст, зеро сиёсати пешгирифтаи Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ, амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа равона гардидааст.
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон