Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода нуҳуми феврали соли равон дар ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкории парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, узви ҷаласаи ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо оид ба дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД дар назди Шӯрои АП СААД, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Андрей Картаполов ба иштирокчиён дар бораи натиҷаҳои амалиёти нахустини неруҳои контингенти посдори сулҳи СААД аввали моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш дод. Дар баромади ӯ самтҳои такмили қонунгузорӣ ва дастгирӣ намудани фаъолияти сулҳдӯстии давлатҳои аъзои он баррасӣ гардида, дар бораи таҷрибаи Комиссияи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Россия низ маълумот дода шуд.
Қарорҳо ва тадбирҳои андешидаи Маҷмаи парлумонии СААД ҷиҳати ҷилавгирӣ аз мудохилаи хориҷӣ ба корҳои дохилии кишварҳои аъзои СААД аз ҷониби узви Комиссияи доимии АП оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба масъалаҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва муносибатҳо бо ҳамватанон Леонид Калашников таҳлил гардид.
Дар ҷаласа узви Комиссияи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Гурген Арсенян, раиси Комиссияи доимии Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба корҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ Сергей Рачков, раиси Кумитаи Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният Айгул Куспан, раиси Кумитаи Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷират Жанарбек Акаев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, ҳамчунин, намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода низ оид ба вазъи низомию сиёсӣ дар қишрҳои миллии минтақаи масъулияти СААД баромад карданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон