Иштироки Рустами Эмомалӣ дар конфронси байналмилалӣ

№21 (4441) 15.02.2022

1Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) 11 феврали соли 2022 дар ҳамкорӣ бо баъзе аз кишварҳои ­аъзои СММ, аз ҷумла Кипр, Кения, Лубнон, Малта, Марокаш, Филиппин, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Руанда, Словакия, Словения, Испания, Тоҷикистон ва ниҳодҳои он, таҳти унвони «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: об моро муттаҳид мекунад» аз тариқи фосилавӣ конфронси байналмилалӣ доир намуд.

Дар қисми ифтитоҳии он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, президенти ҷаласаи 76-уми СММ Абдулло Шоҳид ва президентҳои кишварҳои Словения, Кипр, Португалия, Малта, Юнон, Эквадор, инчунин хонуми аввали Лаҳистон, роҳбарони ҳукумати Сан Марино, вазирони корҳои хориҷии Испания ва Бутан, вазирони соҳавии Ҷумҳурии Корея ва Латвия иштирок ва суханронӣ карданд.

Тоҷикистонро дар конфронс Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ кард.

Раиси Маҷлиси миллӣ зимни баромад аз мушкилиҳои соҳаи об дар ҷаҳон ёдовар шуда, муҳим будани саҳми ҷомеаи ҷаҳониро дар масоили об ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бахусус, ҳадафи шашуми рушди устувор, таъкид намуд. Ӯ, ҳамчунин, дар бораи саҳми занону духтарон дар ҳаллу фасли мушкилиҳои глобалӣ изҳори назар карда, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат роҷеъ ба масъала ёдовар шуд.

Зимнан, аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе ёдоварӣ карда, Раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи баргузори Форуми махсус оид ба занон ва об дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018 — 2028» (6-9 июни соли 2022, шаҳри Душанбе) иттилоъ дод. Зикр гардид, ки форуми мазкур барои баррасии васеътари масъалаҳои об аз нуқтаи назари гендерӣ ва пурзӯр намудани саҳми занон дар пешбарии масъалаҳои об платформаи иловагиро ташкил хоҳад кард. Ҳамчунин, изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс, Форуми махсус оид ба занон ва оби конфронси дуюми байналмилалӣ барои тақвият бахшидани пешрафт дар самти ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар бахши об, ҷалби занону духтарони соҳаи илм дар татбиқи «Рӯзномаи 2030» ва «Конфронси 2023» саҳми назаррас мегузорад.

www.majmilli.tj