Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз 30 ноябри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №11, мод.630) қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«14. Воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2022 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2022, № 1850
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 феврали соли 2022, № 638