Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу вазифаҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъмини волоияти қонун, ҳимояи шаъну шараф, манфиати шаҳрвандонро аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобанд. Вазифаҳо дар ин самт хеле зиёду масъулиятноканд ва иҷрои холисонаву одилонаи онҳо дар Паёмҳои Сарвари давлат таъкид гардидааст.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардидааст: «…оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Воқеан ҳам баҳсҳое, ки ба оилаву оиладорӣ марбутанд, хеле зиёд буда, дар зинаҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баробарии аъзои оила, ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, аз ҷумла кӯдакон, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда муқаррар гардидаанд. Аз нигоҳи талаботи имрӯз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила ногузир мебошад. Ин нукта дар Паёми имсолаи Сарвари давлат хеле бамаврид таъкид гардидааст: «…зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон бо ин, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад».
Ба ин восита тартибу талаботи фарзандхонӣ сода гардонида мешавад. Чунки ҳоло меъёрҳое талаб мешаванд, ки иҷрои он мушкилӣ дошта, муҳлати зиёдро талаб менамоянд. Дар ин раванд қонунгузории оилавӣ такмил дода мешавад.
Дар низоми мақомоти судӣ низ ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ марҳила бар марҳила татбиқ мегардад. Тавре дар Паёми Сарвари давлат таъкид шуд, барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст.
Барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимиятӣ судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он чорабиниҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ, мо, кормандони мақомоти судиро, зарур аст, ки сатҳи корбариро такмил бахшида, донишу маҳорати худро сайқал диҳем.
Далер ЗУҲУРОВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе