Сардори Раёсати молияи ноҳияи Шуғнон Мамадмӯсо Алимшоевро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутахассисон ҳамчун яке аз кормандони боғайрату соҳибтаҷрибаи соҳаи иқтисод ва молия эътироф намудаву эҳтиромашро ба ҷой меоранд. Мавсуф пас аз хатми шуъбаи политехникии Техникуми бинокории шаҳри Душанбе ва факултети иқтисодиёт ва идоракунии комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (соли 1984) дар вазифаҳои муҳандиси сохтмон ва иқтисодчии совхоз оид ба музди меҳнат, сариқтисодчии совхоз, муфаттиши Раёсати кишоварзии ноҳия, сарвари совхоз ва ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, раиси кумита оид ба иқтисодиёти комиҷроияи ноҳияи Шуғнон кор карда, давоми чордаҳ соли охир вазифаи мудири шуъбаи молия, сардори раёсати молияи ноҳияро ба зимма дорад.
Аз мавсуф дархост намудем, ки вобаста ба амалӣ гардонидани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати молиявӣ дар мисоли ноҳияи Шуғнон фикру андешаҳояшро баён созад.
- Сарвари давлат дар Паёми хеш тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардуми кишвар ва дар ҳафт соли оянда то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатиро аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ нишон додааст. Дар ин раванд пешбурди самараноки сиёсати молиявӣ муҳим буда, он тақозо менамояд, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шавад.
Иҷрои ин вазифаҳои муҳим, пеш аз ҳама, аз мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо талаб менамояд, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла даромад ва хароҷоти маблағҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, манбаъҳои нави ғанӣ намудани буҷетро дарёфт намоянд. Мо хеле муҳим будани ин нуктаҳои Паёмро пурра дарк менамоем ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиш карда истодаем.
- Натиҷаҳои фаъолияти раёсатро дар семоҳаи аввали соли равон шарҳ медодед?
-Давоми се моҳи аввали соли 2014 баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди раёсат қарордошта ва беҳбудӣ бахшидани сифати фаъолият чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла рафти иҷрои нақшаҳои буҷетро дар қисми даромад ва дар қисми хароҷот ҳар моҳ мавриди таҳлил қарор додем.
Нақшаи семоҳаи қисми даромади буҷет барзиёд иҷро гардид. Иҷрои нақшаи даромад 119,2 фоизро ташкил дода, илова ба нақша 131 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Мутахассисони раёсати молия дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти андоз дар ин ҷода тамоми воситаю имкониятҳоро истифода бурданд. Аз ҷумла иҷрои андози даромад аз шахсони воқеӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз моликияти ғайриманқул, аз арзиши иловашуда, истифодаи роҳҳои автомобилгард, низоми содакардашуда, боҷи давлатӣ аз 101 то 172 фоизро ташкил дод. Нақшаи даромадҳои ғайриандозӣ 149,3 фоиз иҷро шуд. Нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 43,1 ҳазор сомонӣ бештар даромад ба буҷети маҳаллӣ ворид гардид.
-Оё баҳри зиёд намудани даромади буҷети маҳаллӣ ҳамаи имкониятҳо истифода шудаанд?
- Мутаассифона, бояд зикр намуд, ки дар иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет камбудиҳо ҷой доранд. Ҳарчанд ки назорати фаъолияти корхонаҳои хурд беҳбудӣ ёфта, фаъолияташон нисбати соли гузашта беҳтар шуда бошад ҳам, талаботро қонеъ намекунад. Кор бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масъалаи пардохти андози ягона беҳбудии куллиро металабад. Гарчанде нақшаи андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ иҷро шуда бошад ҳам, дар ин масъала байни шуъбаи корҳои дохилӣ ва нозироти андоз ҳамкориро боз ҳам пурзӯр кардан меояд.
- Дар хусуси иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷет чӣ гуфтанӣ доред?
- Қисми хароҷоти буҷет дар семоҳаи аввал дар маҷмӯъ ба андозаи 96 фоиз иҷро гардид. Он дар соҳаи хоҷагии манзиливу коммуналӣ 100 фоиз, соҳаҳои маориф – 96, фарҳанг-93, тандурустӣ – 96, кишоварзӣ-83, нақлиёт ва коммуникатсия – 86 фоизро ташкил дод.
Маблағҳои мақсаднок ба андозаи 92 фоизи нақша ҷудо шуда, мувофиқи мақсад сарф карда шуданд. Нисбати нақшаи семоҳа ин маблағҳо дар ҳаҷми 368,6 ҳазор сомонӣ кам ворид гардиданд. Ин аст, ки аз рӯйи моддаҳои алоҳида маблағҳо пурра пардохт карда нашудаанд. Маблағҳои мақсаднок асосан барои моддаҳои хароҷотии дар асоси қонун ҳифзшавандаи музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ пурра таъмин гардиданд.
Дар семоҳаи аввал дар маҷмӯъ 5,3 миллион сомонӣ хароҷот карда шуд, ки аз он 4 млн. сомониро маблағҳои мақсаднок ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани нақшаи даромад ва бақияи озод барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш дар маҷмӯъ зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ш. ШОҲХУМОРОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон